УНИВЕРСИТЕТИ ДАВЛАТИИ ОСИЁИ МИЁНА, (САГУ) нигаред Университети давлатии Тошкент.
Муфассал »Архив Месяца: April 2019
УНИВЕРСИТЕТ
УНИВЕРСИТЕТ (аз лотинӣ universitas — маҷмӯъ), муассисаи олию илмию таълимист, ки дар он маҷмӯи илмҳои асосӣ омӯхта мешавад. Мутахассисони соҳаҳои гупогуни хоҷагии халқ, илму санъатро тайёр мекунад, инчунин тадқиқоти илмӣ мебарад. Аввалин университет дар Эрон бо номи Ҷанди Шопур пеш аз аҳди ислом амал мекард. Дар Европа (Итолия, Испания, Франсия, …
Муфассал »УНИВЕРСИАДА
УНИВЕРСИАДА, бозиҳои спортии умумиҷаҳонии студентон, ки соли 1924 тъсис шуд. Бо ташаббуси Федерасияи умумиҷаҳонии спортсменҳои университетҳо гузаронида мешавад. Аз соли 1960 ин ҷониб солҳои тоқ бозиҳои спортии баҳорона ва солҳои ҷуфт бозиҳои спортии зимистона барпо мегарданд. Шиори Универсиада: «Илм — Спорт-Дӯстӣ-Сулҳ». Студентони советӣ дар Универсиада аз соли 1957 иштирок мекунанд. …
Муфассал »УНИ…
УНИ… (аз лотинӣ unus — як), қисми калимаҳои мураккаб, ки як, ягонагиро ифода мекунад.
Муфассал »УНВОНҲОИ ФАХРИИ РСС ТОҶИКИСТОН
УНВОНҲОИ ФАХРИИ РСС ТОҶИКИСТОН, шакли мукофоти Олии Республикаи Совети Сотсиалистии Тоҷикистон, ки барои хизматҳои барҷаста дар боби тараққӣ додани соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ, илм, маданият ва санъат ба шахсону коллективҳои ҷудогона дода мешаванд. Унвонҳои фахрии Республикаи Совети Сотсиалистии Тоҷикистонро мувофиқи моддаи 110 Конститутсияи Республикаи Совети Сотсиалистии Тоҷикистон Президиуми Совети Олии …
Муфассал »УНВОНҲОИ СПОРТӢ
УНВОНҲОИ СПОРТӢ, номҳои фахриро гӯянд, ки барои комёбиҳо дар мусобиқаҳои байналхалқӣ, миллӣ, расмӣ ва иҷрои меъёру талаботи спорт, фаъолияти самарабахши педагогӣ, треперӣ ва доварӣ медиҳанд. Дар СССР чунин Унвонҳои спортии фахрӣ муқаррар шудаанд: Устоди Хизматнишондодаи Спорт, Тренери Хизматнишондодаи СССР, Гроссмейстери СССР, Устоди спорти СССР-и класси байналхалқӣ, Устоди спорти СССР, Довари …
Муфассал »УНВОН ВА ДАРАҶАИ ИЛМӢ
УНВОН ВА ДАРАҶАИ ИЛМӢ, 1. Унвови илмӣ, унвонест, ки ба омӯзгорони мактабҳои олӣ ва ходимони муассисаҳон илмӣ аз рӯи корҳои педагогӣ ва тадқиқоти илмии онҳо медиҳанд. Дар СССР профессор, дотсент, ходими калони илмӣ, ассистент, ходими хурди илмӣ унвони илмӣ ҳисоб мешаванд. Се унвони аввалро Комиссияи олии аттестасионӣ (ВАК) -и СССР …
Муфассал »УНВОН Ибодуллоҳ Анҳории Самарқандӣ
УНВОН Ибодуллоҳ Анҳории Самарқандӣ (соли таваллуд номаълум — вафот 1670/71), шоири тоҷик. Аз оилаи тоҷир. Пас аз касби камол ӯ низ ба тиҷорат машғул шуд, вале молу дороии ӯро ҳукмрони давр — Субҳонқулихон мусодира кард. Унвон ба Ҳиндустон сафар намуд, вале дар он ҷо ҳам кораш барор нагирифт. Ба зодгоқаш …
Муфассал »УМУРИ САНИТАРИЮ ЭПИДЕМИОЛОГӢ
УМУРИ САНИТАРИЮ ЭПИДЕМИОЛОГӢ, хизмати санитарию эпидемиологӣ, дар СССР системаи муассисаҳои давлатист, ки назорати санитарии давлатӣ бурда, чораҳои санитарию профилактикӣ ва зиддиэпидемиявӣ меандешад. Омӯзиши ҳолати санитарию эпидемиологии маҳалҳои аҳолинишин, ба бемориҳои сироятӣ, касбӣ ва паразитӣ гирифтор шудани аҳолӣ ва ғайра асоси андешидани тадбирҳои зарурии зиддиэпидемӣ ва ҳифзи саломатии одамон аст.
Муфассал »УМУРИ ОБУ ҲАВО
УМУРИ ОБУ ҲАВО, гурӯҳи муассисаҳоест, ки ба соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ ва аҳолӣ дар бораи вазъи мавҷуда ва ояндаи обу ҳаво хабар медиҳад. Умури обу ҳаво бори нахуст дар Франсия ва Британияи Кабир солҳои 50 ва дар Россия солҳои 70 асри 19 ташкил ёфт. Хабари вазъи обу ҳаворо, аз стансияҳои …
Муфассал »