Маълумоти охирин
Главная / 2019 / April (страница 135)

Архив Месяца: April 2019

ФАДЕЕВ Александр Александрович

ФАДЕЕВ Александр Александрович (24. 12. 1901, Кимры, ҳоло вилояти Калинин—13. 5. 1956, Москва), нависандаи советии рус, ходими ҷамъияти. Аъзои КПСС аз соли 1918. Дар оилаи революсионерони касбӣ ба камол расид. Аз соли 1908 дар Шарқи Дур зистааст. Ҳангоми таҳсил дар Омузишгоҳи савдои Владивосток (1912—18) бо болшевикон шиносои пайдо кард. Дар …

Муфассал »

ФАДЕЕВ Людвиг Дмитриевич

ФАДЕЕВ Людвиг Дмитриевич (таваллуд 23. 3. 1934, Ленинград), математик ва физики назариётчии советӣ, академики Академияи Фанҳои СССР (1976). Аз соли1976 муовини директори Шӯъбаи ленинградии Институти математикаи Академияи Фанҳои СССР ба номи В. А. Стеклов. Асарҳои Фадеев ба математика ва физикаи назариявӣ оиданд. У ҳалли масъалаи се ҷисмро дар механикаи квантӣ …

Муфассал »

ФАГОСИТҲО

fagositoz

ФАГОСИТҲО (аз юнонӣ рhagos — фурӯбаранда ва кitos — ғунҷоишгоҳ, дар ин ҷо ҳуҷайра), ҳуҷайраҳои муҳофизатии ҳайвонот ва одамро гӯянд, ки қобили фогоситозанд. Баъзе лейкоситҳо ва ҳуҷайраҳои ретикулоэндотелӣ низ ба Фагоситҳо мансубанд.

Муфассал »

ФАДАМ

ФАДАМ (арабӣ — гаронзабон), дар тибби қадим касеро меномиданд, ки дар талаффуз душворӣ кашад, яъне сақав бошад.

Муфассал »

ФАГОСИТОЗ

fagositoz

ФАГОСИТОЗ, ҳуҷайраҳои зинда ва зарраҳои ғайризиндаро фаъолона доштану фурӯ бурдани организмҳои якҳуҷайра 8 фагоситуост. Фагоситозро И. И. Мечников кашф карда, мавқеи онро дар реаксияи муҳофизатии организми ҷонварони дараҷаи олӣ ва одам муайян намуд.

Муфассал »

ФАГОТЕРАПИЯ дар тиб

ФАГОТЕРАПИЯ дар тиб, муолиҷаи баъзе касалиҳои бактериявӣ (домана, дизентерия, вабо ва ғайра) ба воситаи бактериофагҳои махсус. Фаготерапия дар ветеринария ҳангоми салмонеллёзи ҳайвонот, колибактериози гӯсола ва хукбачаҳо истифода мешавад.

Муфассал »

ФАГ

ФАГ (аз юнонӣ рhagos — фурӯбаранда, хӯранда), қисми калимаҳои мураккаберо гӯянд, ки хӯрдан, фурӯ бурданро ифода менамояд (масалан, бактериофаг).

Муфассал »

ФАВҚИИ ЯЗДӢ

ФАВҚИИ ЯЗДӢ Фавқуддин Аҳмад (соли таваллуд ва вафот номаълум), шоири эронӣ (асри 17). Дар шаҳри Тафти наздикии Язд ба дунё омадааст. Дар ҳаҷв ҳунари баланд дошт. Куллиети шоир, ки ду нусхаи он дар Эрон маҳфуз аст, асарҳон зайлро дар бар мегирад: дебочаи насрӣ, «Нағамот», достони «Фарҳод ва Ширин», «Соқинома», қасоид …

Муфассал »

ФАВУС

ФАВУС, дар байторӣ (ветеринария) дарди калиро гӯянд. Фавуси мурғонро занбӯруғи Тrichophuton gallinae (Асhorion gallinae) ва Фавуси ширхӯронро завбӯруги Т. quinskeanum ба вуҷуд меорад Чӯҷаҳои мур* ва мурғи марҷон бештар гирифтор мешаванд. Мурғи касал хароб мешавад ва мемbрад. Барои муолиҷа маҳлули 2%-и формалин ва ғайраро истифода мебаранд.

Муфассал »

Ибни Фавтӣ

ФАВТӢ Ал -Фавтӣ Қамолуддин ибни Муҳаммади Собунӣ, маъруф ба Ибни Фавтӣ (1245, Бағдод — 1323, ҳамон ҷо), олим ва донишманди араб. Ба Марв барои таҳсил омадааст. Ҳангоми ҳамлаи муғул дар ин шаҳр асир шуда, баъдтар бо ёрии Насируддини Тӯсӣ озод мешавад ва дар назди ӯ улуми замонаро меомӯзад. Муддате вазифаи …

Муфассал »