Маълумоти охирин
Главная / 2019 / April (страница 127)

Архив Месяца: April 2019

ФАРМАКОГНОЗИЯ

farmakognoziya

ФАРМАКОГНОЗИЯ (аз юнонӣ рharmakon — дору ва gnosis — донтаy), як фасли фармаcияфо гӯянд, ки ашёи хоми дорувори наботи (равғани эфир, қатрон, шарбат)-ю ҳайвонӣ ва баъзе маҳсулоти онро меомӯззад. Тадқиқи дорувор, моддаҳои муассир, дарёфти растаниҳои доруӣ, ҷамъоварӣ, хушконидан, ба навъҳо ҷудо ва муайян кардани онҳо ва ғайра масъалаҳои асосии омӯзиши …

Муфассал »

ФАРКАШ Берталан

ФАРКАШ Берталан (таваллуд 2.8.1949, деҳаи Дюлахаза, Венгрия), лётчиккайҳоннаварди Республикаи Халқии Венгрия, Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ (1980), Қаҳрамони Халқии Венгрия (1980), Аъзои Партияи сосиалистии коргарии Венгрия аз соли 1976. Аз марти 1978 Фаркаш дар маркази тайёрии кайҳоннавардон ба номи Ю. А. Гагарин аз рӯи программаи «Интеркосмос» ба парвози кайҳонӣ тайёрӣ дид. Мувофиқи …

Муфассал »

ФАРК

fark

ФАРК, дарахти фарк (Асег Turkestanikum), як навъ дарахти худруест (аз оилаи фаркиҳо). Дар шароити табиии Помиру Олой то 15 (баъзан 20) м қад мекашад. Дарахти сершоху сербарг аст. Пӯстлохи танааш сиёҳтоб, шохҳои наврасаш хокистарранг ва хеле базебанд. Навдаҳои ҳарсолааш сурхтобанд. Баргаш калон, 5 ё 7-парра. Фарк дар шароити табиии Тоҷикистон …

Муфассал »

ФАРИШТА

farishta

ФАРИШТА ( малак, сурӯш), мувофиқи тасаввуроти асотирӣ ва динҳои яҳудӣ, масеҳият ва ислом мавҷудоти фавқуттабиии муҷаррадро гӯянд, ки гӯё дар олами «Малакут» маскун буда, амри худоро ба ҷо меовардаанд. Мувофиқи таълимоти ислом Фариштаҳо аз оташ ба вуҷуд омадаанд. Фариштаҳо шаҷараи муайян дошта, аз рӯи вазифаҳояшоя ба гурӯҳҳо тақсим мешудаанд. Фариштаҳои …

Муфассал »

ФАРИНГИТ

faringit

ФАРИНГИТ (аэ юнонӣ рharunx — балъум, ҳалқ), илтиҳоби пардаи луобии ҳалқро гӯянд. Одами бемор хушк шудани ҳалқ, ҳангоми фурӯбарӣ дарди гулӯро ҳис мекунад ва месулфад.

Муфассал »

ФАРЕР

farer

ФАРЕР, галаҷазираест дар шимолу шарқи уқёнуси Атлантик. Аз 20 ҷазирачаи вулқонӣ иборат аст. Вилояти автономии Дания. Масоҳаташ 1,4 ҳазор км2. Аҳолиаш 42 ҳазор нафар (1976). Баландиаш то 682 м. Иқлими Фарер баҳрӣ, ҳарорати миёнаи февр. 4°С,- боришоти солона 1500 мм. Марғаор, ботлоқҳои торфдор, ҷо-ҷо бешаҳои тӯс дорад, Макони паррандаҳост (зиёда …

Муфассал »

ФАРБЕҲӢ

2149058_zhirnyi-rebenok

ФАРБЕҲӢ, дар насҷи зери пӯст,чарбу ва дигар бофтаҳои организм аз ҳад зиёд захирашавии равғанро гӯянд. Фарбеҳӣ бемории ҷиддист. Он боиси инкишофи дигар касалиҳо, аз қабили атеросклероз, зиққи дил, инфаркти миокард, газаки талхадон, касалии қанд шуда метавонад. Сабаби фарбеҳӣ гуногун аст. Дар инкишофи фарбеҳӣ омилҳои ирсӣ аҳамияти калон доранд, он чун …

Муфассал »

ФАРИДУН

shohnoma

ФАРИДУН яке аз персонажҳои асотири қадими эронӣ ва «Шоҳнома»-и Фирдавсист. Аз «маълумоти китобҳои «Ригведа» ва Авесто («Обон-яшт», «Дрвасп-яшт», «Зомиёд-яшт», «Ясно» ва ғайра) бармеояд, ки қиссаву ривоятҳо оид ба Фаридун дар ҳазораи 2 то мелод вуҷуд доштаанд. Устураи Фаридун, ному насаби ӯ нисбатан пурратар дар осори паҳлавӣ (китобҳои «Бундаҳиш», «Минуи хирад» …

Муфассал »

ФАРИДУНИ ТАВАЛЛАЛӢ

ФАРИДУНИ ТАВАЛЛАЛӢ (1917, Шероз—1985), шоири эронӣ. Шӯъбаи бостоншиносии донишкадаи адабиёти Донишгоҳи Теҳронро хатм кардааст (1941). Як муддат раиси Идораи бостоншиносии устон (вилоят)-и Форс буд. Солҳои охир дар китобхонаи Донишгоҳи Шероз кор мекард. Нахустин шеъру ҳикояҳои ҳаҷвии Фаридуни Таваллалӣ дар аввали солҳои 40 ба табъ расидааст. Шоир дар асарҳояш гурӯҳҳои иртиҷоӣ …

Муфассал »