Маълумоти охирин
Главная / 2019 / April (страница 121)

Архив Месяца: April 2019

ФАРҲАНГҲОИ «ШОҲНОМА»

ФАРҲАНГҲОИ «ШОҲНОМА», фарҳангҳои тафсири ва дузабона, ки дар баъзеи онҳо тамоми калимаҳои «Шоҳнома», дар баъзеашон қисме аз онҳо (интихобан) шарҳу тафсир ва тарҷума шудаанд. Муҳимтарин фарҳангҳои махсуси «Шоҳнома» инҳоянд: 1) «Фарҳанги этимологии форсӣ-лотинӣ»-и Й. А. Вуллерс (Vullers J. А., Lexicon Реrsico-Latinum Еtimologicum… t. 1—II, Воnnае аd Rhenum, 1855—1864; ба забони …

Муфассал »

«ФАРҲАНГНОМА»

«ФАРҲАНГНОМА» фарҳанги тафсирист, ки Ҳусайни Вафои дар асри 16 таълиф кардааст. Аз муқаддима ва 25 боб иборат буда, 451 фасл ва 2425 луғатро дар бар мегирад. Тартиби луғат алифбоист. Дар шарҳи луғат барои тасдиқи фикр аз эҷодиёти Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Хусрави Деҳлавӣ, Ҳасани Деҳлавӣ, Ҳофиз, Салмони Соваҷӣ, Ҷомӣ ва дигар, инчунин …

Муфассал »

«ФАРХАНГИ ҶАҲОНГИРӢ»

«ФАРХАНГИ ҶАҲОНГИРӢ» фарҳанги тафсирист, ки Мир Ҷамолуддини Ҳусейни Инҷуи Шерозӣ соли 1608 таълиф кардааст. Муаллиф аз фарҳангҳои пешина истифода бурда, бештар аз 7 ҳазора калимаро шарҳ медиҳад. Луғат мувофиқи ахбори муаллиф аз рӯи ҳарфи дуюми калимаҳо тартиб ёфтааст: Тартиби китоби ман чунин аст: Абёти луғотро ту донӣ, Аз фасл бигир …

Муфассал »

«ФАРҲАНГИ ФОРСӢ БА РУСӢ»

«ФАРҲАНГИ ФОРСӢ БА РУСӢ» луғати дузабонаест иборат аз 2 ҷилд; бо тасҳеҳ ва эҳтимоми Ю. А. Рубинчик. Соли 1970 ба табъ расидааст. Дар мураттаб сохтани «Фарҳанги форсӣ ба русӣ» кормандони Институти шарқшиносии Академияи Фанҳои СССР — эроншиносон М. Н. Усмонов, Ҷ. Ҳ. Дуррӣ, Л. Н. Киселева, С. С. Саричев, К. …

Муфассал »

«ФАРҲАНГИ ФОРСӢ БА РУСӢ»

«ФАРҲАНГИ ФОРСӢ БА РУСӢ» фарҳанги дуабонаест, ки Мирзо Ғаффоров таълиф кардааст. Иборат аз ду ҷилд буда, дар Москва солҳои 1914—28 ба табъ расидааст. Дар табъи «Фарҳанги форсӣ «муҳаррирони он академик Ф. Б. Корш ва профессор Л. И. Жирков ҳиссаи калон гузоштаанд. Дар он аз назми форс-тоҷик, махсусан аз эҷодиёти Фирдавсӣ, …

Муфассал »

«ФАРҲАНГИ ФОРСӢ»

«ФАРҲАНГИ ФОРСӢ» луғати шашҷилдаи тафсирӣ, ки Муҳаммад Муин солҳои 1963—73 (дар 6 ҷилд) таълиф кардааст. «Фарҳанги форсӣ» асосан аз луғоти адабӣ ва гоҳо гуфтугӯии забони ҳозираи форсӣ иборат аст. Се ҷилди аввалаш калимаҳо, феълҳои таркибӣ ва ибораҳои фразеологиро дар бар мегирад. Дар охири ҷилди 3 таркиботи забонзад ё ҳикматомези хориҷӣ …

Муфассал »

ФАРҲАНГИ ФАХРИИ ҚАВВОС

ФАРҲАНГИ ФАХРИИ ҚАВВОС «Фарҳанги Қаввос», «Фарҳангнома», «Панҷбахшӣ», фарҳанги тафсириест, ки Мавлоно Фахруддин Мубораки Ғазнавӣ мутахаллис ба Қаввос (Камонгар) соли 1301 дар Ҳиндустон таълиф кардааст. «Фарҳанги Фахрии Қаввос» баъд аз «Луғати фурс»-и Асадии Тӯсӣ дуюмин фарҳанги тафсирии забони форсӣ (тоҷикӣ) ва нахустин фарҳанги мавзуист, кн то замони мо расидааст. Аз панҷ …

Муфассал »

«ФАРҲАНГИ РУСӢ БА ФОРСӢ»

«ФАРҲАНГИ РУСӢ БА ФОРСӢ» («Фарҳангн русӣ ба форӣ (ин калимаҳои умумилстеъмолӣ аз рӯи лаҳҷаҳои вилояти Туркистон»), луғати дузабонаест, ки соли 1889 В. П. Наливкин таълиф кардааст. «Фарҳанги русӣ ба форсӣ» тақрибан 12 ҳазор калимаро дар бар мегирад. Дар он пас аз калимаи русӣ муродифҳои (адабии калимаҳо, мисолҳои русӣ бо тарҷумаи …

Муфассал »

«ФАРҲАНГИ РАШИДӢ»

«ФАРҲАНГИ РАШИДӢ» фарҳанги тафсирист, ки солҳои 1653— 54 аз тарафи Абдуррашид ибни Сайид Абдулғафури Таттавӣ таълиф шудааст. Аз муқаддима, 24 боб ва хотима иборат аст, вале то ҳол хотимааш ба даст нарасидааст. Дар муқаддима муаллиф доир ба қоидаҳои забон, тағйироти фонетикӣ, суффиксҳон калимасоз ва дигар масъалаҳои забоншиносӣ маълумот додааст. «Фарҳанги …

Муфассал »