Маълумоти охирин
Главная / 2019 / April (страница 11)

Архив Месяца: April 2019

САКСОНҲО

САКСОНҲО, сулолаи шоҳони Германия (919—1024) ва императорони “Империяи Муқаддаси Рим” (аз соли 962). Асосгузораш Генрихи I (солҳон ҳукмрониаш 919—936); ворисони ӯ: Оттони I (936—973, аз соли 962 император), Оттони II (973—983), Оттони III (983—1002). Баъди вафоташ яке аз намояндагони авлоди ӯ гертсоги Бавария Генрих шоҳ шуд (шоҳ Генрихи II, 1002—24). …

Муфассал »

САКСОНИЯИ ПОËН

САКСОНИЯИ ПОËН (Nicdersaclisen), сарзаминест дар қисми шимолии РФГ, дар ҳавзаи дарёҳои киштигарди Везер, Эмс, Элба. Аз Шимолу Ғарб бо баҳри Шимолӣ иҳота шуда аст; дар назди соҳил ҷазираҳои сершумор — Фризи Шарқӣ ва ғайра мавҷуданд. Қисми зиёди Саксонияи Поён дар ҳудуду ҳамвориҳои Европаи Миёна ҷойгир аст. Дар Ҷанубу Шарқи кӯҳҳои …

Муфассал »

САКСОНИЯ

САКСОНИЯ (Sachsen), вилояти таърихӣ дар РДГ. Қисми асосии Саксонияро маркаи Мейсен ташкил медод (марка — воҳиди маъмурӣ). Дар асрҳои 15—16 яке аз ноҳияҳои асосии таҷдиди саноати капиталистӣ (кӯҳкорӣ, китобчопкунӣ ва ғайра), маркази маданият (соли 1409 дар Лейпсиг, 1502 дар Виттенборг унститутҳо таъсис ёфтаанд). Саксония аз 1806 подшоҳӣ. Солҳои 1814—1815 мувофиқи …

Муфассал »

Деҳаи САКСАНОХУР

САКСАНОХУР, деҳаест дар Совети кишлоқи Ватани pайони Фархор, вилояти Кӯлоб. Территорияи коохози ба номи В. И. Ленин. Аз деҳа то маркази Совети қишлоқ 5 км, то район 10 км; роҳ асфалтпӯш. Аҳолиаш 1420 нафар (1981), тоҷикон. Мактаби миёна, китобхона, пункти тиббӣ, устохонаи таъмири пойафзол дорад. Соҳаҳои асосии хоҷагиаш пахтакорӣ, боғу …

Муфассал »

САКСАВУЛ

220px-qyzyl-qum-desert-landscape

САКСАВУЛ, суксавул (Haloxylon), як ҷинси дарахт, баъзан буттаест аз оилаи шӯраиҳо. Шоху навдаҳояш зудшикан, баргаш пулакчашакл, хеле суст инкишоф ёфтааст; гулаш майдаи дуҷинса. Дар ноҳияҳои биёбон (аз Арабистони Шимолӣ то Осиёи Марказӣ) 5 намуди Сакременто месабзад. Дар «ҷангали рогистон»-и Тоҷикистон 2 намуди Сакременто мерӯяд. Сакрементои с а ф е д …

Муфассал »

Димнаи САКСАНОХУР

САКСАНОХУР, димна, ёдгории археологии мансуб ба асрҳои 3—2 то мелод (охирҳои давраи Юнону Бохтар), ки дар соҳили дарёи Панҷ, 7 км шимолтар аз птш Фархори pайони Фархори вилояти Кӯлоб воқеъ аст. Масоҳаташ қариб 5 га. Ҳангоми ҳафриёт маҳалҳои ҳунармандон ва комплекси қасру маъбадҳо ёфт шуд. Ин комплекс ҳавлии мураббаъ (27,7X27,7 …

Муфассал »

Шаҳри САКРАМЕНТО

sacramento

САКРАМЕНТО (Sacramento), шаҳрест дар ғарби ИМА, дар соҳили дарёи Сакраменто. Маркази маъмурии штати Калифорния. Аҳолиаш 260 ҳазор нафар (1975), бо аҳолии гирду атроф 800 ҳазор нафар Сакременто— бандари дарёӣ, узели муҳими роҳи оҳан, маркази иқтисодии қисми шимолии водии Калифорнияи Калон. Соҳаҳои асосии саноаташ мошинсозӣ (истеҳсоли муҳаррикҳои ракета), коркарди металл, хӯрокворӣ …

Муфассал »

Дарёи САКМАРА

0_mediagal_3358_1

САКМАРА, дарёест дар РАСС Бошқ ва вилояти Оренбурги РСФСР, шохоби рости дарёи Урал. Тӯлаш 798 мм, масоҳ, ҳавзааш 30,2 ҳазор км2. Аз нишебиҳои қаторкӯҳи Уралтов ибтидо ёфта, дар Ҷануб аз водии васеи кӯҳӣ ҷори мешавад. Аз пуштакӯҳи Зилаир ва дараи чуқур гузашта, ба Ғарб тоб мехӯрад. Манбааш асосан барф. Давраи …

Муфассал »

САКОИҲО

САКОИҲО, номи қабилаҳои эронизабон (аксаран кӯчманчиён), ки дар ҳазораи 1 то мелод ва асрҳои аввали милод зиндагӣ мекарданд. Дар бораи Сакоиҳо доир Авесто, таърихномаҳои ошуриҳо, ки ба солҳои 641—640 то мелод дахл доранд, дар манбаъҳои атиқа, катибаҳои эронии қадим, солномаҳои хитоӣ, маъхазҳои ҳиндӣ ва ғайра маълумот дарҷ шудааст (Дар маъхазҳои …

Муфассал »

САККОКӢ

САККОКӢ (соли таваллуд ва вафоташ номаълум), шоири ӯзбек (асри 15). Ном ва аслу насабаш номаълум. Дар доираи адабии Самарқанд нашъунамо ёфтааст. Саккокӣ яке аз поягузорони қасида дар адабиёти ӯзбек мебошад (мамдӯҳонаш — султон Халил (ҳукмрониаш 1405—1409), Улуғбек (ҳукмрониаш 1409 —1449). Дар шахси Улуғбек шоир ҳукмрони идеалии маърифатдӯсту соҳибфарҳанг ва ҳомии …

Муфассал »