Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / САККОКӢ

САККОКӢ

САККОКӢ (соли таваллуд ва вафоташ номаълум), шоири ӯзбек (асри 15). Ном ва аслу насабаш номаълум. Дар доираи адабии Самарқанд нашъунамо ёфтааст. Саккокӣ яке аз поягузорони қасида дар адабиёти ӯзбек мебошад (мамдӯҳонаш — султон Халил (ҳукмрониаш 1405—1409), Улуғбек (ҳукмрониаш 1409 —1449). Дар шахси Улуғбек шоир ҳукмрони идеалии маърифатдӯсту соҳибфарҳанг ва ҳомии халқро тасвир намудааст. Дар ғазалиёти Саккокӣ бузургӣ ва қадри инсон, ишқ, манзараҳои зебои табиат ва ғайра васф шудаанд. Баъзе ғазалҳои ӯ дорои мазмуни иҷтимоӣ (норозигӣ ва нобаробариҳои иҷтимоӣ, танқиди ҷаҳлу нодонӣ) мебошанд. Саккокӣ аз Забони халқ ва ибороти нозуку зебои он истифода кардааст. Дар осори Лутфӣ, Гадоӣ, Атоӣ, Навоӣ ва дигарон таъсири эҷодии Саккокӣ ба назар мерасад.
Ғазалиёт ва қасоиди Саккокӣ дар девоне ҷамъоварӣ шудаанд, ки нусхаҳои дастнависи он дар китобхонаи Музейи Британия (Лондон) ва китобхонаи Институти шарқшиносии АФ РСС Ӯзбекистон маҳфузанд.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …