РОҲИ ОҲАНИ ОРЕНБУРГ—ТОШКЕНТ, роҳи оҳани муқаррариест байни Оренбург — Тошкент. Солҳои 1901—1906 сохта шудааст. Тӯлаш 1736 чақрим (970 чақрим ба вилояти Сирдарё ва қисми шимолу шарқии соҳилҳои баҳри Арал тӯл мекашад). Аз Кинел то Оренбург (354 чақрим) низ роҳи оҳан сохта шуд. Соли 1906 хатти умумии роҳи oҳан ба 2090 …
Муфассал »Архивы за день : 24.04.2019
РОҲИ ОҲАНИ КАМБАР
РОҲИ ОҲАНИ КАМБАР, роҳи оҳанеро гӯянд, ки аз роҳи оҳани муқаррарӣ (дар СССР бараш 1520 мм) дида камбартар аст. Роҳи оҳани камбарро асо¬сан барои адои хизмати корхонаҳои саноатӣ бешабур, шахтаю конҳо ва ғайра месозанд. Дар баъзе мамлакатҳо қитъаҳои алодиҳаи роҳҳои оҳа¬ни истифодаи умум низ камбаранд. Бари Роҳи оҳани камбар 1000, …
Муфассал »РОҲИ ОҲАНИ ЗАКАСПИЙ
РОҲИ ОҲАНИ ЗАКАСПИЙ, роҳи оҳани муқаррариест байни Красповодск ва Самарқанд. Он аз тарафи Россияи подшоҳӣ солҳои 1880—1899 сох-та шудааст. Тӯлаш 1415 чақрим. Роҳи оҳани Закаспий асосан ба мақсади зарбию стра¬тегӣ, гирифтани пеши роҳи таҷовузи Англия ба Осиёи Миёна бунёд ёфта, минбаъд аҳамияти калони сиёси, иқтисодӣ ва маданӣ пайдо кард. Он …
Муфассал »РОҲИ ОҲАНИ БУХОРО
РОҲИ ОҲАНИ БУХОРО, хатти роҳи оҳани муқаррариест байни Когон (Бухорои Нав)—Қаршӣ— Тир¬миз ва Қаршӣ — Ғузор — Китоб. Солҳои 1914—1916 сохта шуда, тӯлаш 585 чақрим (626 км) буд. Роҳи оҳани Бухоро аз ҳудуди ноҳияҳои ҷанубу ғарбӣ ва ҷанубу шарқии аморати Бухоро гузашта, мавзеи ҷанубии он — Тирмиз, инчунин шаҳрҳои Бухоро …
Муфассал »РОҲИ БУЗУРГИ АБРЕШИМ
РОҲИ БУЗУРГИ АБРЕШИМ, роҳи корвонгарди қадим ва асрҳои миёна аз Хитой ба мамлакатҳои Осиёи Миёна ва Осиёи Пеш. Роҳи бузурги абрешим дар асри 2 то мелод, баъди саёҳати хитой Чжан Тсян ба Осиёи Миёна ва Осиёи Пеш, кушода шудааст. Он аз Сиан ба воситаи Ланчжоу ба Дунхуан расида, ба ду …
Муфассал »РОҲИ АВТОМОБИЛ
РОҲИ АВТОМОБИЛ, комплекси иншооте, ки барои ҳаракати нақлиёти автомобили таъин шудааст. Роҳи автомобил вобаста ба миқдори миёнаи шаборӯзии ҳаракати дутарафаи автомобилҳо ба 5 категория тақсим мешавад. Унсурҳои асосии Роҳи автомобил: қитъаи замин, қисми мошингард, ки асос ва рӯпӯш дорад. Роҳҳои автомобилиро аз асфалту бетон, сементубетон (категорияҳои I— I I I), …
Муфассал »РОҲЗАНӢ ДАР БАҲР
РОҲЗАНӢ ДАР БАҲР, дар ҳуқуқ и байнал хал қ ӣ дар баҳри кушод ғайриқонунӣ дастгир, ғорат ё ғарқ намудани киштиҳои тиҷоратӣ ва дигар киштиҳои гражданӣ аз тарафи киштиҳои шахсӣ ё давлатӣ. Дар вақти ҷанг ба киштиҳои тиҷоратии мамлакатҳои бетараф ҳуҷум овардани киштӣ, заврақҳои зериобӣ ва самолётҳои ҳарбӣ Роҳзанӣ дар баҳр …
Муфассал »РОҲЗАНӢ
РОҲЗАНӢ дар ҳуқуқи ҷиноят и ҳамлае, ки ба мақсади тасарруфи молу мулки давлатӣ, ҷамъиятӣ ва шахсӣ бо зӯрӣ ё таҳдид содир меша¬вад. Ҷинояткоре, ки Роҳзаниро ба мақсади дуздидани молу мулки давлатию ҷамъиятӣ ва молу мулки шахсии гражданҳо содир мекунад, аз 3 то 10 сол аз озодӣ маҳрум ва молу мулкаш …
Муфассал »РОҲДАВАК
РОҲДАВАК, р а ҳ д а в а к, айкнас, барсиёндору, б а т б о т, парсиёндору, персиёндору, с а д п а й ван д, садпайвандак гибёҳи яксолаи доруиест аз оилаи торо¬ниҳо. Пояаш одатан дар рӯи замин мехобад (дарозиаш то 60 см), баргаш нештаршакл ё гирдаи дарозрӯя, белча …
Муфассал »РОҲБАРИ СИНФ
РОҲБАРИ СИНФ , муаллимест, ки ба вазифаи ташкилотчии корҳои таълиму тарбиявии ҳаррӯзаи коллективи хонандагони яке аз синфҳои (4—10-уми) мактаби миёнаи маълумоти умумӣ таъин мешавад. Роҳбари синф таъин кардан дар мактаби советӣ солҳои 30 ҷорӣ шуд. Вазифаҳои аоосии ӯро Устави мактаби миёнаи маълумоти умумӣ (1970) муайян мекунад. Роҳбари синф бо ҳамкории …
Муфассал »