РИЁЛ, риол, воҳиди пули Эрон. Риёл соли 1930 ба ҷои қирон қабул шуааст. Риёл бафобар ба 100 динор аст. Мувофиқи қурси Банки давлатии Иттифоқи Республикаҳои Советии Сотсиалистӣ Союз Советских Социалистических Республик СССР 100 р.—0,90 сӯм (августи1984).
Муфассал »Архивы за день : 21.04.2019
РИЁҲИН
РИЁҲИН, р а ё ҳ и н, Нигаред, Райҳон
Муфассал »«РИЁЗ-УШ-ШУАРО»
«РИЁЗ-УШ-ШУАРО» тазкираест, ки Алиқулихони Волеҳи Доғистони соли 1748 таълиф кардааст. Дар бораи 2594 шоири мутақаддим ва ҳамасри муаллиф маълумот медиҳад. Аз муқадддима, 28 равза (мутобиқи 28 ҳарфи алифбои арабиасоси тоҷикӣ) ва хотима (шарҳи ҳоли муаллиф) иборат аст. Танҳо ҳарфи аввали ном ва тахаллуск шоирон ба инобат гирифта шудааст. Муаллиф аз …
Муфассал »РИЁЗИИ САМАРҚАНДӢ Имомуддин
РИЁЗИИ САМАРҚАНДӢ Имомуддин (соли таваллуд номаълум, Самарқанд — вафот 1479, ҳамон ҷо), шоири форс-тоҷик. Дар зодгоҳаш ба таҳсили илм пардохт ва илмҳои маъмулии замонашро аз худ намуд. Пас аз касби камол ба Ҳирот сафар карда, ба даргоҳи Алишери Навоӣ роҳ ёфт. Ба қавли тазкиранависон Риёзии Самарқандӣ дар ҷавонӣ ба шеъргӯӣ …
Муфассал »РИЁЗИИ ЗОВАӢ
РИЁЗИИ ЗОВАӢ (соли таваллуд номаълум — вафот 1515), шоири форс-тоҷик. Дар тазкираҳои гуногун— «Маҷолис-ун-нафоис»-и Навоӣ, «Тӯҳфаи Сомӣ»-и Соммирзои Сафавӣ, «Рӯзи равшан»-и Сабо ва ғайра оиди Риёзии 3оваӣ маълумоти мухтасаре дарҷ гардида, ӯ чун яке аз шоирони маъруфи давр қаламдод шудааст. Риёзии 3оваӣ ба дарбори султон Ҳусайни Бойқаро роҳ ёфта, қозии …
Муфассал »РИЁЗИИ ВУСУЛИИ БАДАХШӢ
РИЁЗИИ ВУСУЛИИ БАДАХШӢ (соли таваллуд ва вафот номаълум), шоири тоҷик (асри 16). Бародари Ниёзии Мисолии Бадах- шист. Оид ба ҳолу аҳволаш маълумоти кофие дастрас нест. Риёзии Вусулии Бадахшӣ шоири забардаст буда, хаёлоти рангину баланде доштааст. Шеършиносони замон ғазалиёти ӯро некӯ гуфтаанд. Аз эҷодиёти у намунаҳои хеле камтавассути тазкираву баёзҳо то …
Муфассал »РИЁЗИЁТ
РИЁЗИЁТ (арабӣ— ҳисоб), илми ҳисоб, илмест, ки аз миқдор ва адад баҳс мекунад. Нигаред, Математика.
Муфассал »Шаҳри РИЕКА
РИЕКА шаҳрест дар Югославия (Республикаи Сотсиалистии Хорватия), дар соҳили шимоли баҳри Адриатика. Аҳолиаш 135 ҳазор нафар. (1972). Риека бандари калонест, ки аз он Венгрия, Австрия ва Чехословакия низ истифода мебаранд. Узели роҳи оҳан .Роҳҳои автомобилгард Риекаро бо курортҳои соҳили баҳр мепайванданд. Аэропорти калон дорад. Маркази туризм. Риека яке аз марказҳои …
Муфассал »РИЕГО-И-НУНЕС Рафаэл
РИЕГО-И-НУНЕС Рафаэл (24. 10. 1785, Санта- Мария-де-Туня, Астурия —7. 11. 1823, Мадрид), ходими револютсияи солҳои 1820—23 дар Испапия. Аз оилаи ашрофи муфлисшуда. Соли 1808 мактаби ҳарбии Оведоро хатм намуд. Дар ҷанги миллии озодихоҳии зидди истилогарони франсавӣ иштирок карда, асир афтод ва ӯро ба Франсия бурданд. Дар он ҷо аъзои ложаҳои …
Муфассал »РИД Ҷон
РИД Ҷон (22. 10. 1887, Портленд —17. 10. 1920, Москва), нависанда ва публисисти америкоӣ, ходими ҳаракати коргарӣ. Аз оилаи судя. Пас аз хатми Университети Ҳарвард (1910) ба журна- листӣ машғул шуд. Соли 1914 китоби «Мексикаи исёнгар»-ро нашр кунонд, ки дар он муборизаи револютсионии халқи Мексика тарафдорӣ ва мудохилаи Штатҳои Муттаҳидаи …
Муфассал »