РЕФРАКТОР, дар астрономия, телескоперо номанд, ки дар он тасвири ҷирмҳои мунир (Офтоб, ситораҳо ва ғайра) тавассути инкисори шуоъҳои рӯшноӣ дар объективи линзавӣ ҳосил мешавад (нигаред, нақша). Бори аввал Г. Галилей (1609) истифода бурдааст. Барои ҳосил кардани тасвироти хушсифат дар Рефрактор шишаҳои махсусро истифода мебаранд ва миқдори линзаҳоро зиёд мекунанд. Калонтарин …
Муфассал »Архивы за день : 20.04.2019
РЕФРАКТОМЕТРҲО
РЕФРАКТОМЕТРҲО, асбобҳоеанд барои чен кардани нишондиҳандаи шикасти рӯшноӣ. Лабораторӣ ва саноатӣ (датчикҳои рефрактометрӣ) мешаванд.
Муфассал »РЕФРАКТОМЕТРИЯ
РЕФРАКТОМЕТРИЯ (аз лотинӣ ге1- гас1из — шикаста ва …метрия), маҷмӯи усулҳо ва воситаҳои ҳисоб кардани нишондиҳандаи шикасти муҳит (п)-ро гӯянд, ки аз чен кардани кунҷи шикасти рӯшноӣ, ҳисоб намудани кунҷи инъикоси пурраи дохилӣ, усули интерференсионӣ, усули фотометрӣ (ба нишондиҳандаи шикаст — п вобаста будани коэффисиенти инъикоси рӯшноӣ дар сарҳади ду …
Муфассал »РЕФОРМАТСИЯ
РЕФОРМАТСИЯ (аз лотинӣ геГогша- Цо — азнавсозӣ, ислоҳ), ҷунбиши ҷамъиятию сиёсӣ ва идеологиеро гӯянд, ки дар Европаи Ғарбӣ ва Марказӣ дар асри 16 сар зада буд; асосан моҳияти зиддифеодалӣ дошта, бар зидди калисои католикӣ (пояи идеологии сохти феодалӣ) ҷараён гирифта буд. Идеологҳои Реформатсия тезисеро ба миён гузоштанд, ки моҳиятан зарурати …
Муфассал »РЕФОРМИЗМ
РЕФОРМИЗМ, нигаред Ислоҳотчигӣ.
Муфассал »РЕФОРМАТСКИЙ Александр Александрович
РЕФОРМАТСКИЙ Александр Александрович (29. 10. 1900, Москва —3. 5. 1978, ҳамон ҷо), забоншиноси советӣ, доктори илмҳои филология, профессор (1962), яке аз бунёдгузороии мактаби фонологии Москва. Университети давлатии Москваро тамом кардааст (1923). Муддате муҳаррири нашриётҳои Москва ва муаллими Университети давлатии Москва (1921—54), Институти адабиёти ба номи Максим Горкий ва Институти педагогии …
Муфассал »РЕФЛЕКТОР дар астрономия
РЕФЛЕКТОР (аз лотинӣ геПес1о — пас мегардонам, инъикос мекунам), дар астрономия, телескопи акскунандаест, ки дар он тасвири ҷирмҳои мунир (ситораҳо, сайёраҳо, Офтоб ва ғайра) асосан тавассути оинаи дарунхамида ва оинаҳои барҷаста ё ҳамвори ёвар ҳосил мешавад (нигаред, нақша). ‘ Назар ба рефрактор Рефлекторҳо як қатор бартариҳо доранд, масалан, дар онҳо …
Муфассал »РЕФОРМА
РЕФОРМА, нигаред Ислоҳот.
Муфассал »РЕФЛЕКСҲО
РЕФЛЕКСҲО (аз лотинӣ геПехиз — бозтоб, мунъакис), посух (реаксия)- ҳои организмро ба ангезиши р ес е п т о р (ҷиҳози пазиро)-ҳо номанд. Ҳангоми Рефлекс узви дахлдор ё ба кор медарояд ё аз кор мемонад. Амалиёти тамоми узвҳои бадан ба Рефлекс вобаста аст. Бо ёрии Рефлекс дар байни қисматҳо ва …
Муфассал »РЕФЛЕКСИЯ
РЕФЛЕКСИЯ (аз лотинӣ ге!1ех1о — ба қафо баргаштан, инъикос), 1) андеша, худшиносӣ, феълу атвори худро мулоҳиза кардан. 2) дар фалсафа як шакли фаъолияти назарии инсонро гӯянд, ки аз таҳлилу таркиби афкору аъмоли худӣ ва қонунҳои ҷараёнгирии онҳо иборат аст.
Муфассал »