ХИТОЙ, Чин, Республикаи Халқии Хитой, Ресспубликаи Халқии Хитой, давлатест дар Осиёи Марказӣ ва Шарқӣ. Аз шарқ бо баҳрҳои Зард, Шарқи Хитой ва Ҷануби Хитой иҳота шудааст. Қад-қади соҳил ҷазираҳои сершумор (калонтаринашон ҷазираҳои Тайван ва Хайнан) мавҷуданд. Масоҳаташ 9,6 млн км2. Аз ҷиҳати миқдори аҳолӣ калонтарин мамлакати ҷаҳон мебошад—1046,39 млн нафар. …
Муфассал »Архивы за день : 18.04.2019
ХИТОИҲО
ХИТОИҲО (худ хан гӯянд), миллат, аҳолии асосии Ресспубликаи Халқии Хитой. Шумораашон тақрибан 815,9 млн нафар (1978) буда, аэ онҳо 730 млн нафар (95% аҳолии мамлакат) дар Ресспубликаи Халқии Хитой зиндагӣ мекунанд. Берун аз ҳудуди Ресспубликаи Халқии Хитой калонтарин гурӯҳҳои Xитоиҳо дар Тайланд, Малайзия, Индонезия, Сингапур, Ветнам, Бирма, Филиппии ва Кампучия …
Муфассал »ХИТОБА
ХИТОБА, хитобат, хатобат (арабӣ-гуфтор, сухангӯӣ), порчаи асари мансур, манзум ва ё суханеро гӯянд, ки ба мухотиб гуфта мешавад. Дар илми маонӣ ва баён хитоба ҳунари сухансароию суханварн буда, ҷузъи санъати воизӣ ҳисоб мешуд. Воизон, ки маҳорати сухангӯию суханрониҳои шево доштанд, аз хитоба хеле моҳирона истифода мебурданд. Дар Ғарб хитобаро декламасия …
Муфассал »ХИСРАВИИ САРАХСӢ Абубакр Муҳаммад ибни Алӣ
ХИСРАВИИ САРАХСӢ Абубакр Муҳаммад ибни Алӣ (соли таваллуд ва вафот номаълум), Шоири форс-тоҷик (асри 10). Ба қавли Авфӣ ашъораш бештар ба панду ҳикмат оиданд. Ашъори мадҳӣ низ доштааст. Аа ашъори Xисравии Сарахсӣ абётн парокандае дар сарчашмаҳои адабию таърихӣ ба назар мерасад, ки дар китоби «Ашъори ҳамасрони Рӯдакӣ» гирд оварда шудаанд. …
Муфассал »ХИРС
ХИРС (Ursidae), як навъ ҳайвони даррандаро гӯянд. Бино ба таснифоти зоологӣ хирс як оилаи ширхӯрҳост. Дарозиаш 1,5—3 м, вазнаш аз 60 то 700 кг. 7 намуди хирс (айнакдор, лабдароз, малайӣ, ҳимолой, малла, сафед ва барибал) маълум аст. Аксари онҳо дар ноҳияҳои нимкураи шимолӣ маскун шудаанд, фақат хирси айнакдор дар Америкаи …
Муфассал »ХИСРАВИИ БУХОРОӢ Ҷамолуддин Абӯбакр ибни Соид
ХИСРАВИИ БУХОРОӢ Ҷамолуддин Абӯбакр ибни Соид (соли таваллуд ва вафот номаълум), шоири форс-тоҷик (асри 12). Ҳаёти Xисравии Бухороӣ бештар дар Ҳиндустон гузаштааст. Шеърҳои ӯ дар тазкираҳо кам дучор мешаванд. Ризоқулихони Ҳидоят дар «Маҷмаъ-ул-фусаҳо» дар бораи шоир мухтасар маълумот дода, 13 байти ӯро ба тариқи намуна дарҷ кардааст. Ин чанд байт …
Муфассал »ХИСЛАТ
ХИСЛАТ, хӯ, хӯй, дар психология, тарзи комилан собиту устувори ҳаёти руҳии фарди муаиянро гӯянд, ки дар фаъолияту амалия ва ҳолатҳои алоҳидаи рӯҳӣ, инчунин дар рафтору одат, тарзи тафаккур ва давраи эҳсосоти хоси ӯ зоҳир мегардад. Хислати инсон асоси рафтори ӯро ташкил мекунад ва ин ҷиҳати масъаларо хислатшиносӣ (характерология) меомӯзад. Психологияи …
Муфассал »ХИРОҶ
ХИРОҶ, (арабӣ, хароҷ, андозост, ки аз маҳсулоти замин гирифта мешуд. Дар мамлакатҳои Шарқ, аз ҷумла Осиёи Миёна ба замин хироҷ меандохтанд. Хироҷро асри 7 дар Осиёи Миёна арабҳо ҷорӣ карданд. Дар аҳди Тоҳириён ва Сомониён (асрҳои 9—10) давлат аз аҳолӣ мунтазам ҳаҷми муқарраршудаи хироҷро (баъзан ҳатто соле ду маротиба аз …
Муфассал »Шаҳри ХИРОСИМА
ХИРОСИМА, шаҳрест дар Япония, дар қисми ҷанубу ғарбии ҷазираи Хонсю. Бандар дар делтаи дарёи Ота: Маркази маъмури префектураи Хиросима, Аҳолиаш 852 ҳазор нафар (1977). Маркази муҳимми наклиёт, саноат ва маданият. Корхонаҳои саноати мошинсози (киштисозӣ, дастгоҳу асбобсозӣ), ҳарбӣ, резинҳои техникӣ, чӯбгарӣ, коғаз, бофандагӣ дорад. Университет ҳаст. Шаҳр дар атрофи қалъаи князи …
Муфассал »ХИРНОЙ
ХИРНОЙ, ной, ноинафас, як қисми роҳи нафаси ҳайвоноти мӯҳрадор ва одамро гӯянд, ки дар байни ҳанҷара (ҳалқум) ва бронхҳо ҷой гирифтааст. Дарозии хирной ба дарозии гардан мутаносиби рост ва ба дарозии бронхҳо мутаносиби чап аст. Скелети хирной дар хазандаҳо аз ҳалқаҳою нимҳалқаҳои тағоякӣ, дар паррандагон одатан аз ҳалқаҳои устухонгашта ва …
Муфассал »