ХАЛИФА (арабӣ —ноиб, ҷойнишин), сардори давлати динию теократии мусулмонӣ ё худ хилофатро гӯянд. Дар аҳди аввали ислом ва дар суннӣ сардори ҷамоаи мусулмонӣ баъзе вазифаҳои Мӯҳаммадро ба ӯҳда дошт. Ҳар як халифа бояд аз тарафи ҷамоа интихоб мешуд ва ҳаёти онро мувофиқи шариат ба роҳ мемояд. Чаҳор халифаи аввал —Абубакр, …
Муфассал »Архивы за день : 16.04.2019
ХАЛИҶ
ХАЛИҶ, қисми ба хушкӣ дохил шудаи уқёнус, баҳр ё кулро гӯянд, ки он бо оби ҳавзаи асоси озодона мубодила дорад. Халиҷҳои Аляска, Бангола, Гвинея калонтарин халиҷҳои уқёнуси Олам мебошанд. Баъзе акваторияҳо аз рӯи режими гидрологии худ баҳр ҳисоб ёбанд ҳам, халиҷ номида шудаанд (масалан, халиҷҳои Мексика, Гудзон, Форс, Калифорния).
Муфассал »ХАЛКОЗИН
ХАЛКОЗИН, (аз юнонӣ сhalcos — МИС), ҷилои мис, минералест аз синфи сулфидҳо. Таркиби химиявиаш Сu2S; омехтаҳои Аg, баъзан Ғе, Со, Ni, Аs дорад. Рангаш хокистарии сурбмонанд. Ҷилояш металлӣ; мурт. Сахтиаш 2,5—3; зичиаш 5,5—5,8 г/ см3. Қувваи электрро нағз мегузаронад. Xалкозин маъдани мис мебошад.
Муфассал »ХАЛТАДОРҲО
ХАЛТАДОРҲО (Меtatheria), як навъ ҳайвоноти ширхӯри нисбатан соддаро гӯянд. Халтадорҳо бино бо таснифоти зоологӣ ба қатори мӯҳрадорҳо мансубанд. 9 оилаашон маълум аст: опоссумҳо, халтадорҳои дарранда, мӯрчахӯрҳои халтадор, қашқалдоқҳои халтадор, кӯрмушҳои халтадор, оппоссумҳои калламушшакл, поссумҳо, вомбатҳо ва кенгуруиҳо ё халтадорҳои ҷаҳанда. Опоссумҳо (Didelfidae) дар бешазори Америкаи Шимолӣ ва Америкаи Ҷанубӣ зиндагӣ …
Муфассал »ХАЛКОПИРИТ
ХАЛКОПИРИТ (аз юнонӣ сhalcos — мис ва пириг), колчедани мис, минерал, сулфиди мис ва оҳанро гӯянд; СиҒеS; 34,57% мис, 30,54% оҳан ва 34,9% сулфур дорад. Омехтаҳояш: Аg, Zn, Аu, Аs, Sе, Sn. Одатаи дар шакли массаҳои кристалли ва зарраҳои калон вомехӯрад. Рангаш зарди биринҷӣ. Ҷилояш металлӣ. Сахтиаш 3—4, зичиаш 4,1 …
Муфассал »ХАЛЦЕДОН
ХАЛЦЕДОН (аз номи шаҳри қадимии Халкедон — Сhalkedon дар соҳили баҳри Мармар), минерал, навъи нимшаффоф ва микрокристаллии кварц. Дар таркибаш омехтаҳоя Ғе3+, А13+, то 1—1,5% об ва ғайра дорад. Сохташ нахдор. Рангаш сафед, хокистарӣ, бӯр, кабуд, сабз, зардча, сурхча ва ғайра. Баъзан рах-рах, доғдор ё нақшдор мешавад. Xалседон минерали бисёр …
Муфассал »ХАЛҚИ СОВЕТӢ
ХАЛҚИ СОВЕТӢ, умумияти сифатан нави таърихии иҷтимоию интернасионалии одамони СССР, ки ба умумияти Ватани сосиалистӣ, иқтисодиёти сосиалистӣ, таркиби иҷтимоию синфӣ, ҷаҳонбинии марксистию ленинӣ ва мақсаду мароми ягона — сохтмони коммунизм асос ёфтааст; аввалии бор дар таърих дар натиҷаи дигаргуниҳои сосиалнстӣ дар заминаи ба ҳам наздик шудани ҳамаи гурӯҳҳои иҷтимоӣ баробарии …
Муфассал »ХАЛҚИЯТ
ХАЛҚИЯТ, умумияти таърихан ташаккулёфтаи забонӣ, территориявӣ, иқтисодӣ ва мадании одамонро гӯянд, ки пеш аз миллат ба вуҷуд меояд. Ташаккули халқият аз давраи муттаҳидшавии қабилаҳо ибтидо мегирад. Он дар натиҷаи омезиши қабилаҳо ба вуқӯъ омада, алоқаи хешутабории одамон ба робитаи территориявӣ табдил меёбад. Xалқият одатан аз чанд қабилаи аз ҷиҳати пайдоиш …
Муфассал »ХАЛҚ
ХАЛҚ 1) дар маънои васеъ тамоми аҳолии мамлакати муайянро гӯянд. 2) Дар материализми таърихӣ умумияти иҷтимоию синфии одамонро гӯянд, ки дар марҳилаҳои гуногуни инкишофи таърихӣ аз рӯи мавқеи объективиашон дар ҳалли вазифаҳои инкишофи прогрессивии ҷамъият иштирок карда, худ эҷодкори таърих, қувваи асосии дигаргунсозандаи ҷамъият мебошанд. Марксизмленинизм аввалин бор роли оммаи …
Муфассал »ХАМИР
ХАМИР, орди ғаллаи маҳлулшуда бо обу намакро гӯянд, ки аз он хелҳои гуногуни нон ва дигар ғизоҳои хамирӣ мепазанд. Ба хамири нон хамиртуруш меандозанд. Хамири туппа, угро, тушбера, манту, санбӯса ва ғайра хамиртуруш надорад. Адабиёт: Таджики Каратегина и Парваза, в. 2, Душанбе, 1970. М. Хомидҷонова.
Муфассал »