ФОЗИЛИИ САМАРҚАНДӢ Муҳаммадфозил (соли таваллуд ва вафот номаълум), шоири тоҷик. Дар нимаи дуюми асри 16 умр ба сар бурдааст. Тоҷир будааст. Пас аз сафари якчанд кишвар ба Самарқанд баргашта, ба хидмати яке аз ҳокимони давр дохил шуд. Дар шоирӣ тазкиранигор Мутрибиро устоди худ медонист ва аксар ашъорашро аз назари ӯ …
Муфассал »Архивы за день : 10.04.2019
ФОБОС
ФОБОС (юнонӣ рhobos — тарс, ваҳм), радифи сайёраи Миррихро гӯянд. Масофааш аз Миррих 9400 км. Даври гардишаш 7 с 39 дақиқа, шаклаш номунтазам аст. Фобосро астрономи америкоӣ А. Холл соли 1877 кашф намудааст.
Муфассал »ФЛЮОРОГРАФИЯ
ФЛЮОРОГРАФИЯ, радиофотография, рентгенография, рентгенофлюорография, тадқиқи рентгенологиеро гӯянд, ки ҳангоми он акси рентгении объект аз экрани флюорессенсиякунанда ба фотоплёнка мегузарад. Асосан барои муайян кардани касалиҳои шуш, ғадуди шир, устухон ва ғайра истифода мешавад.
Муфассал »ФЛЮОРОЗ
ФЛЮОРОЗ (аз лотинӣ Лиогит — фтор), бемории музмини устухои ва дандонро гӯянд, ки дар сурати дар организм хеле зиёд шудани фтор ва пайвастҳои он пайдо мешавад. Нишонаҳояш пайдо шудани доғ дар сири дандон, тағйир ёфтани сохти бофтаҳои устухон мебошад.
Муфассал »ФЛЮОРИТ
ФЛЮОРИТ (аз лотинӣ fluor— ҷараён), шпати гудозиш, миноралест аз синфи фторидҳо, СаҒ2. Шакли кристаллҳояш кубист. Сахтиаш 4; зичиаш 3,2 г/см3. Омехтаҳояш Y, ТR, U аст, ки ба Флюорит ранги бунафш, сабз ва зард медиҳад; Флюорити шаффоф ниҳоят кам аст. Флюоритро дар металлургия ба сифати флюс, дар саноати химия барои гирифтани …
Муфассал »ФЛУОРЕССЕИСИЯ
ФЛУОРЕССЕИСИЯ, люминиссенсияи кӯтоҳмуддатеро гӯянд, ки бар хилофи фосфорессенсия дар 10-8— 10-9 сонияи баъди қатъи ангезиш хомӯш мешавад. Одатан, ҳангоми гузаришҳои квантии спонтании молекула аз ҳолати электронии ангехта ба ҳолати нормалӣ ба вуҷуд меояд.
Муфассал »ФЛОТИЛИЯ
ФЛОТИЛИЯ (франсузӣ fllottile), 1) иттиҳодияи зудамалкунандаи Флоти ҳарбӣ баҳриро гӯянд. Флотилия баҳрӣ, дарёӣ, кӯлй мешавад. Он ё як қисми ягон флоти алоҳида мешавад ва ё ба сарфармондеҳи Флоти ҳарбӣ баҳрӣ итоат мекунад. 2) Соединенияи тактикии киштию заврақҳо дар як қатор давлатҳои хориҷӣ. 3) Баҳамоии киштиҳои саноатӣ, экспедисионӣ ё спортист.
Муфассал »ФЛУКТУАСИЯҲО
ФЛУКТУАСИЯҲО (аз лотинӣ Fluktatio — лаппиш), аз қимати миёна тасодуфан дур шудани бузургиҳои физикtеро гӯянд, ки ба системаҳои серзарфа мансубанд. Флуктуфссияҳо дар натиҷаи ҳаракати гармонии зарраҳои система ба амал меоянд. Масалан, Флуктуфссияҳои фитор ҳангоми ҳаракати броунии зарраҳо аз зарбаи гароматнашудаи молекулаҳои муҳит ба амал мооянд. Флуктуфссияҳо барои ҳама гуна просссеҳои …
Муфассал »ФЛОТ
ФЛОТ (франсавӣ Flotte), иттиҳодияи ҳарбии зудамалкунандаи флоти ҳарбии баҳриро гӯянд, ки барои амалиёти ҷангӣ дар баҳр (уқёнус) таин шудааст. Аз соедииенияҳои гуногуни навъҳон қӯшун — киштиҳои зериобӣ, рӯиобӣ, авиасияи баҳрӣ, аскарони пиёдагарди баҳрӣ, қӯшунҳои ракетию артиллерии соҳилӣ иборат мебошад. Флотро фармондеҳ идора мекунад. Ба ҳайати он штаб ва дигар органҳои …
Муфассал »ФЛОТАСИЯ
ФЛОТАСИЯ (франсузӣ Flotation, аз floter — дар рӯи об шино кардан), просесси ҷудо намудани заррачаҳои хурди сахт (асосан минералҳо)-ро гӯянд, ки аз ҷиҳати дар об тар шуданашон аз ҳамдигар фарқ мекунанд. Ҳангоми тоза кардани сарватҳои табиӣ флотасияи кафкиро истифода мебаранд. Дар ин ҳол заррачаҳои минералӣ бо ҳубобчаҳои об як шуда …
Муфассал »