Маълумоти охирин
Главная / 2019 / March / 23 (страница 2)

Архивы за день : 23.03.2019

ТРОПОСФЕРА

atmosfera

ТРОПОСФЕРА (юнонӣ tropos—тағйирот ва сфера), қисми поёнтарин ва аз рӯи масса калонтарини атмосфераи Замин аст, ки дар он ҳарорат бо афзудани баландӣ паст мешавад. Тропосфера дар арзҳои қутбй то 8—10 км, дар арзҳои васатй то 10—12 км ва дар арзҳои тропикӣ то 16—18 км паҳност. Дар арши тропосфера стратосфера ҷойгир …

Муфассал »

ТРОПИКҲО

tropikho

ТРОПИКҲО (аз юнонӣ tropekos) — доираи гардиш), доираҳои параллелй, доираҳои параллелии фаразӣ, ки дар сатҳи кураи замин аз экватор 23°27′ шимолтар ва ҷанубтар мегузаранд. Шимолтар аз акватор тропикҳои шимолӣ (ё мадори Саратон), ҷанубтар тропикҳои ҷануби (ё мадори Ҷадӣ) воқеъ гаштаанд. Дар рӯзи инқилоби тобистонаи Офтоб (нигаред Инқилоби Офтоб) 21 е …

Муфассал »

…ТРОПИЯ

…ТРОПИЯ (аз юнонӣ tropos — гардиш, самт), қисми калимаҳои мураккабест, ки самт, гардишро ифода мекунад (масалан, изотропия).

Муфассал »

…ТРОН

…ТРОН (ихтисори калимаи электрон), қисми калимаҳои мураккабест, ки ба асбобу афзори электровакуумӣ мансубанд (масалан, бетатрон, газотрон, стабилитрон).

Муфассал »

ТРОМБОЗ

tromboz

ТРОМБОЗ, (аз юнонӣ rtombosis — лахтшавӣ), таҷаллуд, тахассур, дар рагҳои хун ё ҳуфраҳои дил пайдо шудани лахтаҳои хун. Иллати девораи рагҳо; сустшавии ҷараёни хун, баланд шудани қобилияти дурдабанди ва ғализии он боиси инкишофи тромбоз мегарданд. Бештар тромбози венаҳои канорӣ ва баъзан системаи артериявӣ ба вуҷуд меояд. Тромбози рагҳои иклилӣ боиси …

Муфассал »

ТРОЛЛЕЙБУС

troleybus

ТРОЛЛЕЙБУС (англисӣ trolleybus, аз troley — ноқили контактӣ ва bиs — автобус), як навъ нақлиёти электрии ғайрирелсии шаҳрист. Истифодаи тролейбус дар Германия ҳанӯз дар ибтидои солҳои 80 асри 19 маълум буд. Дар СССР тролейбусҳои аввалин соли 1933 сохта шуданд. Соли 1934 тролейбус дар Москва ҳамчун воситаи нақлиёт ба кор даромад. …

Муфассал »

ТРИХОФИТИЯ

trixofitiya

ТРИХОФИТИЯ шукуфаи мӯйчин, саъфа, бемории занбӯруғии одам ва ҳайвонот, ки ба гурӯҳи трихомикозҳо (нигаред Дерматомикозҳо) мансуб аст. Барангезандаи Трихофития занбӯруғҳои ҷинси трихофитон буда, 83 онҳо асосан пӯст, мӯй ва нохун осеб меёбанд. Манбаи касалӣ одам ва ҳайвони бемор инчунин ашёи занбӯруғчадор меоошад. Ба трихофития бештар бачагон гирифтор мешаванд. Ҳангоми трихофитияи …

Муфассал »

ТРИХОМОНОЗ

troxomonoz

ТРИХОМОНОЗ, трихомониаз, бемории илтиҳобии узвҳои пешоброну ҷилсии одам ва ҳайвон, ки грихомонадаҳо ба вуҷуд меоранд. Барангезандаи Трихомонози одам Ttrichomonas мебошад. Манбаи касалӣ худи бемор ё ҳомилини трихомонадаҳо мебошад. Ангезандаи трихомоноз бо роҳи алоқаи ҷинсӣ (баъзан ба воситаи сачоқи умумӣ ва ғайра) мегузарад. Шакли асосии трихомоноз дар мардҳо уретрит (илтиҳоби пешоброҳа) …

Муфассал »

ТРИХИНЕЛЛЁЗ

trixinelyoz

ТРИХИНЕЛЛЁЗ, бемории гелминтози одам ва ҳайвонот, ки трихинаҳо ба вуҷуд меоранд. Одам аз трихинеллёз ҳангоми истеъмоли гушти хом ва ё нимхом сироят меёбад, баъди 10-25 (баъзан 2-35) шаборуз ҳарорати бадан баланд ( то 39° С) шуда, пилки чашм ва рӯи варам ва сар дард мекунад; аксар дар пуст доначаҳо пайдо …

Муфассал »

ТРИХОГРАММА

trixogramma

ТРИХОГРАММА (Trichogramma), як навъ савораки тухмхӯрест аз қатори пардаболҳо. Ҳашароти хурд (0,3-0,6); рангаш аз зардчатоб то бӯри сиёҳтоб. Трихограмма дар 215 намуди 6 қатори ҳашарот (алалхусус шапалакҳо ва пардаболҳо) паразитӣ мекунад. Дар СССР трихограмма еvanescnnc (нигаред расм) бештар аҳамияти хоҷагӣ дорад. Вай бештар дар 100 намуди шапалакҳо, аз он ҷумла …

Муфассал »