Маълумоти охирин

Архивы за день : 21.09.2017

Павлов Павел Андреевич

pavlov_pavel_andreevich

Павлов Павел Андреевич (1892, Тифлис— 18. 7. 1924, Гуанчжоуи Хитой, дар Москва, дар қабристони Новодевиче мадфун аст), командири Армияи Сурх, иштироккунандаи фаъоли ҷангҳои гражданӣ дар Ук­раина ва мубориза барои ғалабаи Ҳокимияти Советӣ дар Осиёи Миёна. Аз оилаи генерал- лейтенант. Аъзои КПСС аз соли 1918. Павлов  баъди хатми мактаб дар Институ­ти …

Муфассал »

Павлов Михаил Григоревич

pavlov_mixail_grigorevich

Павлов Михаил Григоревич (1793, Воронеж — 3. 4. 1840, Моск­ва), файласуфи идеалист ва агроби­ологи рус. Пайрави натурфалсафаи Ф. В. Шеллинг ва Л.- Окен. Аз соли 1820 профессори Университети Москва. Журналҳои «Атеней» (1828-30) ва “Русский земледелец»-ро нашр намудааст. Асари асосиаш «Асосдои физи­кӣ» мебошад.

Муфассал »

Павлов Михаил Александрович

pavlov_mixail_aleksandrovich

Павлов Михаил Александрович (21. 1. 1863, маҳаллаи Божий Промысел, ҳоло дар ҳудуди шашри Ленко­ран — 10. 1. 1958, Москва), метал­лурги советӣ, асос­гузори мактаби советии домначиён, академики Академияи Фанҳои СССР (1932; аъзо-корреспондент 1927), Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ (1945). Баъд аз хатми Институти кӯҳкории Петер­бург (1885) дар заводҳои металлургия ноҳияи Вятск инженер шуда …

Муфассал »

Павлов Иван Петрович

pavlov_ivan_petrovich

Павлов Иван Петрович (26. 9. 1849, Рязан — 27. 2. 1936, Ленин­град), физиологи советӣ, асосгузори таълимоти материалистӣ оид ба фаъолияти олии асаб ва тасаввуроти ҳозира дар боби просесси ҳазми хӯрок, академик Академияи Фанҳои Петербург (1907; аъзо-корреспондент аз соли 1901). Баъди хатми Университети Пе­тербург (1875) ва Академияи тиббии ҷарроҳи (ҳозира Академиям …

Муфассал »

Павлов Алексей Петрович

pavlov_aleksey_petrovich

Павлов Алексей Петрович (1. 12. 1854, Москва — 9. 9. 1929. Бад-Тёлс, Германия; дар Москва дафн карда шудааст), геологи советӣ, академики Академияи Фанҳои Петербург (1916; аъзо- корреспондент 1905). Соли 1879. шуъбаи табиатшиносии факултети физикаю математикаи Университети Москваро хатм кардааст. Аз соли 1886 профессори ҳамин университет. Павлов  асосан масъалаҳои стратиграфия, палеонтоло­гия, …

Муфассал »

Павилон

pavilon

Павилон (франс. pavilion, аэ лот. papilio—хайма), 1) бинои алоҳидаи ҳаҷман хурд ё айвоншакле, ки ба табиати маҳал мувофиқ сохта шудааст. Дар забони тоҷикӣ бо истилоҳи кӯшк ифода мешавад. Аксари маъбаду қасрҳои Шарқ шакли Павилонро доранд. Дар Европа (асрҳои 18 дар Франсия ва Англия, асри 18 чоряки якуми асри 19 дар …

Муфассал »

Павиан

pavian

Павиан (Papio), як ҷинси маймунҳои биниборики мансуби оилаи мартишкашаклҳост. Танаш 75—80 сантиметр, думаш 50—60 сантиметр вазнаш то 30 килограмм. Фуки дароз ва дандони тез дорад. Мӯяш дарози хокистарранги тира (баъзан мисли ёл менамоянд), дарозии дасту пойҳо қариб баробаранд, панҷаю кафи пояш кутоҳ аст. 5 намудаш (гамадрил, сфинкс, бабуин, анубис, чакма) …

Муфассал »

Павели 1

paveli-1

Павели 1 (1. 10. 1754, Петер­бург —24. 3. 1801, ҳамон ҷо), императори Россия (1796—1801). Писари Пётри III ва Екатеринаи II. Дар ибтидои ҳукмронии худ Павели I бисёр қонуну қоидаҳои Екатерина ҷорӣ кардаро тағйир дод, вале дар корҳои дохили мамлакату сиёсати Екатеринаи 11-ро пеш гирифт. Павели I манфиати помещикону феодалонро ҳимоя …

Муфассал »

Паасикиви Юхо

paasikivi_yuxo

Паасикиви (Paasikivi) Юхо Кус­ти (27. 11. 1870, Тампере —14. 12. 1956, Хелсинки), ҳодими давлатип Финляндия. Ҳуқуқшинос. Солҳои 1903—13 ва 1917— 18 дар органҳои роҳбарикунандаи партияи старофинӣ, 1907—13 депу­тати сейми Фин­ляндия. Солҳои 1903 —14 директори хазинаи давлатӣ, 1914—34 директо­ри генералии Бан­ки миллии аксионерӣ. Май — ноябр 1918 сарвазир. Дар гуфтушуниди Республикаи …

Муфассал »

Оҷористон

Оҷористон, Республикаи Автономии Советии Сотсиа­лист ӣ (Ачарис Автономиури Сабчота Социалистури Республика). Дар ҳайати Республикаи Советии Сотсиалистии  Гурҷистон 16 июли 1921 таш- кил шудааст. Масоҳат 3,0 ҳазор километр5. Аҳолиаш 367 ҳазор нафар (1982). Оҷористон 5 район, 2 шаҳр, 6 посёлкаи типи шаҳр дорад. Пойтахташ шаҳри Батуми.             Сохти давлатӣ. Республикаи Автономии …

Муфассал »