Маълумоти охирин
Главная / 2017 / September / 18 (страница 2)

Архивы за день : 18.09.2017

Шаҳри Ошур

Ошур шаҳре дар давлати Ошур (ҳозира димнаи Қалъат-Шарғат дар Ироқ). Қабатҳои маскун ба ҳазораи 4 то милод мутааллиқанд. Охири ҳазораи 3 — ибтидои ҳазораи 2 то милод Ошур шаҳр — давлат ва маркази калони маданӣ ва тиҷоратӣ будааст. Аз миёнаи ҳа­зораи 2 то милод пойтахти давлати Ошур. Соли 614 Ошурро …

Муфассал »

Давлати Ошур

Ошур давлати қадимест дар ҳудуди ҳозираи Ироқ. Дар миёнаи ҳазораи 2 то милод шаҳри Ошур ва мулкҳои он маркази Ошур шуд. Машғулияти асо­сии аҳоли чорводорӣ ва деҳқонӣ буд. Захираҳои ҷангал, санг, фулузот ба тараққиёти ҳунармандӣ мусоидагг мекарданд. Ошур аз рӯи мавқеи географӣ василаи савдои байни Байнаннаҳрайн ва Осиёи Хурд буд. …

Муфассал »

Шаҳри Ошогбо

shahri_oshogbo

Ошогбо (Oshogbo), шаҳрест дар Нигерия, дар штати Ғарбӣ, дар соҳили дарёи Отун. Аҳолиаш 282 ҳазор нафар (1975). Узели роҳи оҳан ва роҳҳои шоссе. Маркази калони ҷамъоварии қаҳва, меваи нахли равғандеҳ, пахта, тамоку. Корхонаҳои’коркарди тамоку ва пахтатозакунӣ дорад.

Муфассал »

Деҳаи Ошоба

Ошоба, деҳа, маркази Совети қишлоқи Ошобаи pайони Ашт, вилояти Ленинобод. Территорияи колхози ба номи М. И. Калинин. Аз де­ҳа то маркази район 14 километр; роҳ асфалтпӯш. Аҳолиаш 3320 нафар (1981), асосан тоҷикон ва ӯзбекҳо. Ошоба 2 мактаби миёна, касалхона, клуб, шуъбаи алоқа дорад. Соҳаҳои асосии хоҷагӣ — боғдорӣ ва чорводорӣ. …

Муфассал »

Ошкаду

oshkadu

Ошкаду, палавкаду (Gucur bita реро), растании яксолаи полизии маъмулест аз оилаи кадуиҳо. Палакаш дароз (2—10 метр), ширрадор, баргаш 3—5-парра, гулаш калон (ди­аметраш 7—10 сантиметр), қиф ё зангулашакли зард, мевааш калон, норанҷӣ, сабз, зард ё сафедтоб ва шаклаш хеле гуногун мешавад; тухмаш зардтоби сафед. Навъи машҳури каду аст. Дар заминҳои обӣ …

Муфассал »

Ошиқӣ

Ошиқӣ (соли таваллуд ва вафот номаълум),  ҳофиз, бастакор ва шои­ри асрҳои 16—17 форс-тоҷик. Зодгоҳаш Арзана. Санъати мусиқиро сараввал дар зодгоҳаш омӯхтааст. Ба­рои омӯзиши назарияи мусиқӣ ба Табрез, Исфаҳон, Ҳамадон сафар кардааст. Оҳангу таронаҳои эҷодкардаи Ошиқӣ дар зодгоҳаш ва берун аз он шӯҳрат дошт. Махсусан, ба мақомҳои «Исфаҳон», «Ҳиҷоз», «Рост нақш», …

Муфассал »

Ошиқии Ҳиравӣ Мавлоно

Ошиқии Ҳиравӣ Мавлоно (соли таваллуд номаълум — вафот тадриҷан 1490, Ҳирот), шоири форс-тоҷик. Зодгоҳаш Ҳирот; пас аз касби камол барои илмомӯзӣ ба шаҳрҳои Хуросон сафар кардааст. Ӯ илмҳои замонаш, аз он ҷумла илми мусиқиро дар ниҳояти хубӣ омӯхтааст. Дар сарчашмаҳои адабӣ ӯро ҳамчун Оли­ми ин соҳа қаламдод кардаанд. Ошиқии Ҳиравӣ …

Муфассал »

Ошиқи Турбатӣ

Ошиқи Турбатӣ (соли таваллуд  номаълум — вафот 1567, Турбат), шоири форс-тоҷик. Аз марду­ми авоми Турбат буд. Ба қавли тазкиранависон Ошиқи Турбатӣ марди бесавод буда, дар шеъру шоири ҳаваси зиёд дошт; ҳатто дар 90-солагӣ аз шеър гуфтан даст накашидааст ва «чунон ҳавасаш дар паи шеър гуфтан буда, ки дунболи ҷанозан бародараш …

Муфассал »

Ошиқи печон

oshiki_pechon

Ошиқи печон, гули ошиқи печон, ишқандарпечон, печак, ашада, (Pharbitis), чин­си гиёҳҳои яксолаест аз оилаи печакиҳо. Пояи печони дароз (4—7 метр), барги дилшакли пай дар пай ҷонгирифта, гули калони (диаметраш қа­риб 9 сантиметр) қифшакли қирмизӣ, гулобӣ, бунафш, кабуд, сафед ва ғӯзамева дорад. 4 намудаш дар Америкаи тропикӣ мерӯяд. Дар аксари мамлакатҳо …

Муфассал »

Ошиқ Мулло Абдурраҳимбеки Бухороӣ

Ошиқ Мулло Абдурраҳимбеки Бухороӣ (соли таваллуд номаълум—вафот 1910), шоири тоҷик. Зиндагӣ ва фаъолияти эҷодии Ошиқ дар Бухоро гузаштааст. Тазкиранависон таъкид кар­даанд, ки Ошиқ шоири ҳозирҷавоб буда, дар мунозира ҳунари тамом дошт. Ашъори Ошиқ, ки асосан лирикист, борҳо дар баёзу тазкираҳо сабт шудааст. Ошиқ, хабар медиҳад Мӯҳтарам («Тазкират-уш-шуаро») шеърро соддаву равон …

Муфассал »