Островский Николай Алексеевич (29. 9. 1904, деҳаи Вилияи ҳозира райони Островский вилояти Равенск — 22. 12. 1936, Москва), нависандаи советии рус. Аз оилаи коргар. Аъзои Партиям коммунисти аз соли 1924. Соли 1919 ба сафи комсомол дохил шуда, бо хоҳиши худ ба фронт рафт. Дар қисмҳои бригадаи савораи Г. И. Котовский …
Муфассал »Архив Месяца: August 2017
Островский Александр Николаевич
Островский Александр Николаевич (12. 4. 1823, Москва —14. 6. 1886, Щеликово, ҳозира pайони Островскин вилояти Кострома), драматурги рус. Аз оилаи ҳуқуқшиноси соҳибмансаб; модараш аз табақаи поёни рӯҳониён. Дар Гимназияп 1-уми Москва (1835—40) ва факултети ҳуқуқшиносии Университети Москва (1840—43; нотамом) таҳсил кардааст. Айёми хизмат дар идораҳои маҳкамаи Москва (1843—51) таҷрибаи зиёди …
Муфассал »Островитянов Константин Василевич
Островитянов Константин Василевич (30. 5. 1892, деҳаи Бычкии губернияи Тамбов — 9. 2. 1969, Москва), иқтисодчӣ ва ҳодими ҷамъиятии советӣ, академики Академияи Фанҳои СССР (1953), аъзои ҳақиқии Академияи Фанҳои Чехословакия (1957). Аъзои КПСС аз с.1914. Институти савдои Москваро хатм намудааст (1917). Соли 1916 ба Комитети махфии РСДРП-и Москва аъзо шудааст. …
Муфассал »Острава
Острава (Ostrava), Моравска- Острава, шаҳрест дар Чехословакия, дар Республикаи Сотсиалистии Чехия, дар соҳили дарёи Одра (Одер). Маркази маъмурии вилояти Моравияи Шимолӣ. Аҳолиаш 317 ҳазор нафар (1976). Узели муҳими нақлиёт. Маркази ноҳияи асосии ангишту металлургияи мамлакат. Саноати ангишт, истеҳсоли кокс, коксу химия, химия, мошинсозии вазнин ривоҷ ёфтааст. Донишкадаҳои олии мошинсозӣ ва …
Муфассал »Остонабобо
Остонабобо, ёдгории меъмории асри 12 дар деҳаи ҳамноми pайони Каркии вилояти Чорҷӯи Республикаи Советии Сотсиалистии Туркманистон. Дар байни аҳолии маҳаллӣ бо номи Мазори Остонабобо, Мақбараи Зайдалию Зубайдалӣ, Мақбараи хамсарон Убайду Зубайд а машҳур аст. Остинбобо чор гунбаз дорад. Асоси Остонабобо аз ду қисм — масҷид ва «девонахона» иборат аст (ҳар …
Муфассал »Остона
Остона, қитъаи хурди пеши дарро гӯянд, ки аз тахта, санг ва ғайра сохта шуда барои аз намӣ, рутубат ҳимоя кардани тагдарӣ хизмат мекунад. Поғундаи болотарини таги дарро низ баъзан Остона номанд.
Муфассал »Остона
Остона (остонаи дарё), ҷойҳои харсангу шахдори маҷроҳ дарёро гӯянд, ки дар ин ҷойҳо дарё якбора нишеб шуда, ҷараёнаш суръат мегирад. Остона одатан дар ҷойҳое пайдо мешавад, ки ҷараёни дарё ба тӯдаи харсангҳо ё ҷинсҳои сахти кӯҳӣ дучор меояд. Баъзан боқимондаи шаршараҳо низ ба Остона табдил меёбанд. Аксар вақт ГЭС-ҳоро дар …
Муфассал »Остинча
Остинча, асбоби нонпазиро гӯянд, ки аз матои пахтагӣ абраю астар бурида, бар байнаш пахта гузошта ва барқад лаганда карда’тайёр мекунанд. Остинча 40—50 сантиметр дарозӣ ва 25—30 сантиметр бар дорад. Қисми поёни Остинчаро ҳангоми нонпазӣ ба даст мепӯшанд, то ки даст насӯзад. Баъзан Остинчаро аз остини ҷомаи кӯҳна месозанд.
Муфассал »Ост-Индия
Ост-Индия (англисӣ East Indies — Ҳиндустони Шарқӣ), истилоҳест, ки дар гузашта ба территориҳои Ҳиндустон ва баъзе мамлакатҳои Осиёи Ҷанубӣ ва Ҷануби Шарқӣ нисбат дода мешуд. Ост-Индия ба муқобили истилоҳи Вест- Индия ба вуҷуд омада буд. Европоиҳо, ки ҷазираҳои дар баҳри Кариб (Америка) кашфкардаи Xристофор Колумбро иштибоҳан «Ҳиндустон» гумон карда буданд, …
Муфассал »Шаҳри Остин
Остин (Austin), шаҳрест дар ҷануби Штатҳои Муттаҳидаи Америка , маркази маъмурии штати Техас. Аҳолиаш 310 ҳазор наф.ар (1975; бо атрофи шаҳр 400 ҳазор нафар). Остин маркази муҳими тиҷорат ва саноат аст. Радиоаппаратураҳо ва барои тадқиқотҳои илмӣ ҳар гуна таҷҳизот истехсол мекунад. Дар Остин корхонаҳои саноати химия, хурокворӣ, мебел ва масолеҳи …
Муфассал »