Маълумоти охирин
Главная / 2017 / August (страница 40)

Архив Месяца: August 2017

Вилояти Оренбург

Оренбург

Оренбург, вилоятест дар ҳайати Республикаи Советии Федеративии Сотсиалистии Россия. 7 декабри 1934 (аз соли 1938 то 1957 вилояти Чкалов) ташкил ёфтааст. Масоҳат 124 ҳазор километр2. Аҳолиаш 2069 ҳазор нафар (1979). 34 район, 10 шаҳр ва 25 посёлкаи типи шаҳр дорад. Марказаш шаҳри Орен­бург. Бо ду ордени Ленин (1956, 1968) мукофотонида …

Муфассал »

Шаҳри Оренбург

Оренбург

Оренбург (аз 1938 то 1957 — Чкалов), шаҳр, маркази вилояти Оренбурги Республикаи Советии Федеративии Сотсиалистии Россия. Дар соҳили дарёи Урал воқеъ аст. Узели роҳи оҳан Аҳолиаш 459 ҳазор нафар (1979). Соҳаҳои асосии саноат: мошинсозӣ ва коркарди ме­талл — истеҳсоли дастгоҳу асбобҳо (заводҳои «Металлист», «Гидропресс», асбобсозӣ, дастгоҳсозӣ), таҷҳизоти пармакунӣ ва қисмҳои …

Муфассал »

Давраи Ордовик

Давраи Ордовик

Ордовик, давраи (систе­маи) ордовик, давраи дуюми эраи палеозой баъд аз кембрий. Бо усули радиологӣ муайян шудааст, ки Ордовик 500 миллион сол муқаддам оғоз ёфта, 60 миллион сол давом кардааст. Таҳнишастҳои ин давра бошанд, си­стемаи Ордовикро ташкил медиҳанд. Сис­темам Ордовикро соли 1879 геологи англис Ч. Лапуорс дар Уэлс муқаррар намуд. Номи …

Муфассал »

Ординатураи клиникӣ

Ординатураи клиникӣ

Ординатураи клиникӣ, дар СССР шакли олии такмили ихтисоси духтурон дар мактабхои олии тиббӣ, институтҳои такмили ихтисос ва муассисаҳои тадқиқоти илмӣ. Соли 1946 таъсис ёфтааст. Ба Ординатура, чун қоида, духтурони то 35-сола, ки стажи ко­риашон аз 3 сол кам нест, аз рӯи конкурс қабул карда мешаванд. Таълим аз рӯи планҳои индивидуалӣ …

Муфассал »

Ордината

Ордината

Ордината (аз лотинӣ ordinatus — мураттаб), яке аз координатаҳои декартии нуқта аст, ки бо ҳарфи у ишорат мешавад. Нигаред Системаи координатаҳои Декарт.

Муфассал »

Орди хӯрокии чорво

Орди хӯрокии чорво

Орди хӯрокии чорво, маҳсулотест, ки аз моҳӣ, ширхорҳои баҳри (кит, тюлен ва ғайра) ва партовҳои онҳо тайёр мекунанд. Бо роҳи хушконида, орд кашидани онҳо ҳосил кар­да мешавад. Ба хӯроки чорво ҳамpoҳ кардани об боиси ҳазми хӯрок гардида, рушди чорворо метезонад. Орди хӯрокии чорво серсафеда (аз 55 то 75%) ва сервитамин …

Муфассал »

Орди моҳӣ

Орди моҳӣ

Орди моҳӣ, хӯроки чорвост, ки аз моҳӣ ё партовҳои саноатии он тайёр мекунанд. Моҳӣ ва партови онро хушконда, орд мекашанд. Орди моҳӣ серпротеин (то 60%) буда, ба миқдори зиёд калсий фосфор, витаминҳои А, Д ва гурӯҳи В дорад. 1 килограмм Орди моҳӣ мм ки зиёда аз 50% протеин дорад, баробари …

Муфассал »

Орди алаф

Орди алаф

Орди алаф, хӯроки витамину сафедадори чорвост, ки аз алафи бо роҳи сунъӣ хушконидашуда тайёр мекунанд. Орди алафро дар колхозу совхозҳо истеҳсол менамоянд. Алафи резаро дар агрегатҳо (АВМ-0,65, СБ- 1,5 ва ғайра) хушконида, орд мекашанд ва бо грануляторқо гранулясия (дона-дона) менамоянд. Барои беҳтар нигоҳ доштани каротин (провитамини А) ба Орди алаф …

Муфассал »

Ордер

Ордер

Ордер (немисӣ order, франсузӣ ordre, аз лотинӣ огао — қатор, тартиб), фармони хаттӣ, амр, дастур. Масалан, фармон ба касса оид ба додани пул; ҳуҷҷате, ки ба гирифтани манзилгоҳ ҳуқуқ медиҳад; амри органҳои тафтишотӣ доир ба гузаронидани кофтуков; гирифтани ҳуҷҷат, чизҳои қиматбаҳо ва дигар ашё, ки ҳамчун далели шайъӣ ба кор …

Муфассал »