Ортопедия (аз юнонӣ orthos — рост ва pefdeia — тарбия), як соҳаи тиб аст, ки шинохтан, пешгирию муолиҷа намудани деформатсия (тағйири қисмҳои бадан нисбат ба мавқеи ҷойгиршавӣ) ва шикасти аппарати такягоҳию ҳаракати одамро меомӯзад. Баромадан ва шикастани устуҳон, каҷ шудани панҷаҳо сутунмӯҳра ва усулҳои муолиҷаи онҳоро бори аввал ҳаким Буқрот …
Муфассал »Архив Месяца: August 2017
Ортоклаз
Ортоклаз (аз юнонӣ orthds — рост ва klasis — шикасташавӣ), минерали ҷинсофарин аз гурӯҳи шпаҳои даштӣ. Таркиби химиявиаш К [AlSisO*]. Дар таркибаш омехтаҳои Na (то 8% NajO), баъзан Ва ва ба миқдори кам Fe, Са, Rb, Cs ва ғайра дорад. Системаи кристаллбандиаш моноклинӣ; кристаллҳояш призмашакл. Рангаш гулобии равшан, зарди бӯртоб, …
Муфассал »Деҳаи Ортод
Ортод, деҳаест дар Совети қишлоқи Куйбышеви pайони Коммунистӣ, вилояти Қӯрғонтеппа. Территорияи совхоз техникуми ба номи В. В. Куйбышев. Аз Ортод то маркази Совети кишлоқ 4 километр; роҳ асфалтпӯш. Аҳолиаш 640 нафар (1981), тоҷикон. Деҳа мактаби ибтидоӣ ва магазин дорад. Соҳаҳои асосии хоҷагӣ — пахтакорӣ ва ғаллакорӣ. Заминҳо ба воситаи канали …
Муфассал »Ортогоналӣ
Ортогоналӣ (fion. orthogonios — росткунҷа, аз ormos —рост ва go- nia — кунҷ), таъмими (бештар синонимӣ) мафҳуми перпендикулярӣ. Агар ду вектор дар фазои сечена ба ҳам перпендикуляр бошанд, ҳосили зарби скалярии онҳо ба сифр баробар аст. Аз ин ҷиҳат мафҳуми перпендикуляриро ба векторҳои ҳар гуна фазои хаттии дилхоҳ татбиқ намудан …
Муфассал »Ортогоналӣ
Ортогоналӣ (аз юнонӣ orthos — рост ва гнейс), ҷинси кӯҳист, ки дар натиҷаи тағйирёбии (метаморфизми) ҷинсҳои фишонда (гранитҳо, диоритҳои кварсдор ва ғайра) ба вуҷуд омадааст.
Муфассал »Ортогенез
Ортогенез (аз юн. orthos — рост ва …генеа), ортоэволюсия, фарзияи биологиест дар бораи роҳи муайяни таҳаввули мавҷудоти зинда. Бино ба ин фарзия инкишофи шаклҳои органикӣ пешакӣ муқаррар гардида, фақат ба роҳҳои муайян ҷараён мегирад (ба мисли афзоиши кристаллҳо дар сатхҳои қатъиян муайян). Олимони немис Т. Энмер (1888) ва В. Хакке …
Муфассал »Ортиқов Ғафурҷон
Ортиқов Ғафурҷон (1903, деҳаи Фирӯзобаи райони Конибодом — 6. 6. 1956, ҳамон ҷо), пахтакор, Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ (1948), Устоди пахтаи Республикаи Советии Сотсиалистии Тоҷикистон (1947). Аъзои КПСС аз соли 1932. Солҳои 1920—23 чоряккор, 1928—29 иштирокчии фаъоли ҳаракати коллективонии хоҷагии қишлоқ, 1929—31 аъзои нахустин артели хоҷагии қишлоқ «Озодӣ» дар Конибодом, 1931—32 …
Муфассал »Ортиқов Болта
Ортиқов Болта (таваллуд 5. 5. 1924, Самарқанд), нависандаи советии тоҷик. Аз оилаи музадӯз. Соли 1952 факултаи забон ва адабиёти Институти педагогии Самарқандро ба итмом расонд. Муддате муаллими мактабҳои миёнаи райони Орҷоникидзеободи Республикаи Советии Сотсиалистии Тоҷикистон ва пас мудири шуъбаи мактабҳои журнали «Пионер» (ҳоло «Машъал») ва мухбири махсуси газетаи «Маориф ва …
Муфассал »Ортиқбоев Абдуллоҷон
Ортиқбоев Абдуллоҷон (таваллуд 25. 9.1925, шаҳри Конибодом), ҳодими ҳарбӣ, генерал-майор. Аа оилаи коргар. Аъзои КПСС аз с. 1947. Дар мактаби миёнаи ба номи Наримонови Конибодом таҳсил кардааст. 10 феврали 1943 комиссариати Харбии Конибодом Ортиқбоевро ба сафи Армияи Советӣ даъват намуд. Ҳамчун аскари сурх дар шаҳри Самарқанд дар полки тирандозӣ хизмат …
Муфассал »Ортрит
Ортрит (аз юнонӣ orthos — рост), алланит, минералест аэ гурӯҳи эпидот. Таркиби химиявиаш тақрибан (Са, Се, Mn)2 (FeH, Fe3+, Mg) Al*[Si04] [Si207] О (ОН). To 6% Се20з ва аксар вақт омехтаҳои Th, U, гоҳо Y2Os (то 8%) дорад. Системаи кристаллбандиаш моноклинӣ, кристаллҳояш дарози призма ва найзамонанд. Бештар дар шакли доначаҳо …
Муфассал »