Маълумоти охирин
Главная / 2017 / August (страница 25)

Архив Месяца: August 2017

Шаҳри Палмира

palmira

Палмира (юн. Раlmyra — аз ороӣ, Тадмор), шаҳри қадимае дар шимоли шаҳри Сурия (наздикии шаҳри Тадмори ҳозира), маркази калони тиҷоратӣ ва ҳунармандӣ. Маълумоти қадимтарин доир ба Палмира ба нимаи якуми ҳазораи 2 то мелод мансуб аст. Дар охири ҳазораи 2 то мелод Палмираро ошуриён хароб карданд, вале асри 10 то …

Муфассал »

Шаҳри Палма

shahri_palma

Палма (Ра1ша), шаҳр ва бандарест дар Испания, дар соҳили ҷануби ғарбии ҷазираи Малорка (ҷазираҳои Балеар). Маркази маъмурии музофоти Балеарес. Аҳолиаш 223 ҳазор нафар (1971). Калонтарин маркази туризм (соле то 2 млн турист). Корхонаҳои саноати хӯрокворӣ, чарму пойафзол, бофандагӣ, шиша ва мошинсозӣ до­рад. Қолин истеҳсол мекунанд. Ба воситаи бандари Палма ба …

Муфассал »

Паллас Пётр Симон

pallas_petr_simon

Паллас Пётр Симон (22. 9. 1741, Берлин —8. 9. 1811, ҳамон ҷо), табиатшинос, географ ва сайёҳ аъзои АФ Петербург (1767). Дар Германия, Голландия ва Британияи Кабир таҳсили илм карда, соли 1767 ба Россия омадааст. Солҳои 1768—1774 ба экспедистияи АФ Петербург дар вилоятҳои марказии Россия, ноҳияҳои Поволжияи Поён, пастиҳои назди Каспий, …

Муфассал »

Паллаев Ғоибназар

pallaev_goibnazar

Паллаев Ғоибназар (таваллудаш 20. 5. 1929, шаҳри Уши РСС Қирғисистон), ходими давлатӣ ва партиявии советӣ. Аз оилаи коргар. Аъзои КПОС аз соли 1957. Соли 1954 Ин­ститути хоҷагии қишлоқ Тоҷикистонро хатм намуд. Солҳои 1954—1955 агрономи участка, сарагрономи МТС- и Ҷилликӯли райони Ҷилликул, 1955—1956 сарагрономи МТС-и Ҷилликули райони Колхозобод, 1956—1958 директори МТС-и …

Муфассал »

Палладин Владимир Иванович

palladin_vladimir_ivanovich

Палладин Владимир Иванович (23. 7. 1859, Москва — 3. 2. 1922, Петроград), ботаник ва биохимики рус, акад. АФ Петербург (1914; аъзо- корр. 1905). Университети Москваро хатм кардааст (1883), шогирди К. А. Ти­мирязев ва И. Н. Горожанкии. Профессор Университетҳои Харков (1889), Варшава. (1897), Петербург (1901—1914). Палладин яке аз эҷодкорони назарияи нафаскашии …

Муфассал »

Палладин Александр Владими­рович

palladin_aleksandr_vladimirovich

Палладин Александр Владими­рович (10. 9. 1885, Москва — 6. 12. 1972, Киев), биохимики советӣ, академики АФ СССР (1942), АФ РОСУ (1929; солҳои 1946—1962 — президент), АИТ СССР (1944), акад. фахрии АФ РССБ (1950), Қадрамони Меҳнати Сотсиа­листӣ (1955). Аъзои КПСС аз соли 1932. Писари В. И. Палладин. Соли 1908  Университети Петербургро …

Муфассал »

Паллада

pallada

Паллада, сайёраи хурдест, ки соли 1802 Г. Олберс кашф кардааст. Аз рӯи санаи кашф онро сайёраи хурди № 2 низ гӯянд. Диаметраш қа­риб ба 490 км, масофааш аа Офтоб андаряк 2,77 воҳиди астрономӣ, қадри ситоравиаш андаряк ба 8,0 баробар буда, мадораш ба ҳамвории эклиптика таҳти кунҷи нисбатан ка­лои (i = …

Муфассал »

Палладий

paladiy

Палладий (лотинӣ Palladium— ба шарафи кашфи саиёраи хурди Паллада чунин номида шудааст), Рd, элементи химиявии гурӯҳи VIII системаи даврии Менделеев, рақами атамиаш 46, массаи атомиаш 106,4; рангаш нуқратоб, зичиаш 12020 кг/м3, 1 гуд. 1552° С, t ҷӯш. 3980° С аст. Палладии табиӣ аз 6 изотопи собит (102Рd, 104Рd, 106 Рd, …

Муфассал »

Паллавҳо

palavho

Паллавҳо, қавми ҳукмрон дар давлати Паллавҳо (асрҳои 3—9) дар Ҳиндустони Ҷанубӣ, дар ҳудуди Тамилнади Шимолӣ. Се сулолаи Паллавҳо маълуманд: (асрҳои 3—6; охири асри 6 — миёнаи асри 8; миёнаи асрҳои 8—9). Паллавҳо беш аз ҳама дар аҳди Нарасимхи 1 (асри 7) муқтадир гардиданд. Ӯ Чалукҳои Ғарбии Ватанаро торумор карда, ба …

Муфассал »