Маълумоти охирин
Главная / 2017 / August (страница 20)

Архив Месяца: August 2017

Панчатантра

panchantra

«Панчатантра» (санскр. «Панҷ киггоб»), ёдгории адабиёти санскрит. тақрибан дар асрҳои 3—4 мураттаб гардида, вале то замони мо вариантҳои дар асрҳои баъдина мураттабшудааш расидаанд. Чунонки дар «Панчатантра» омадааст, он аз тарафи Вишну Шарман ном ҳакиме барои тарбияи шоҳзодагону асилзодагон ва дарси ҳаёт омӯхтану таҷрибаи зиндагӣ андухтанашон таълиф ёфта буд. «Панчатантра» аз …

Муфассал »

Панфиловчиён

panfilovchiyon

Панфиловчиён, аскарони дивизияи тирандозии 316-ум, ки дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941—1945) корнамоӣ кардаанд. Дивизия (командираш генерал-майор Й. В. Пан­филов) июл-августи 1941 дар Алмаато аз собиқ полкҳои 1073, 1075 ва 1077- уми тирандозӣ ва 857-уми артиллерӣ фароҳам омад. Охирҳои август ба ҳайати армияи 52-юми фронти Шимолию Ғарбӣ дохил шуд. 7—10 …

Муфассал »

Панфилов Михаил Михайлович

panfilov_mixail_mixaylovich

Панфилов Михаил Михайлович (таваллудаш 1915, деҳаи Грачёвкаи райони Ки­нели вилояти Куйбишев) Қахрамони Иттифоқи Советӣ (1943), сержанти калон. Соли 1929 Панфилов баъди хатми мак­таби ибтидоӣ касби дуредгариро ихтиёр намуд. Соли 1938 ба шаҳри Папҷакент омада, дар идораҳои бинокорӣ кор кард. Августи 1941 Панфилов ба армияи амалкунанда рафта, дар муҳорибаи Курск, озод …

Муфассал »

Панфилов Иван Василевич

panfilov_ivan_vasilevich

Панфилов Иван Василевич (1. 1. 1893, шаҳри Петровски вилояти Саратови ҳозира —19. 11. 1941, деҳаи Гусковои райони Волоколамскии вилояти Мо­сква), лашкаркаши советӣ, гене­рал-майор (1940), Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ (12. 4. 1942, баъди вафоташ). Аъзои КПСС аз соли 1920. Дар сафи Армияи  Сурх аз соли 1918. Иштирокчии Ҷанги гражданӣ (1918—1920). Мактаби олии …

Муфассал »

Пантуркизм

panturkizm

Пантуркизм, идеологияи бур­жуазии миллатчигию шовинистиест, к и мувофиди он хамаи халкхоя туркзабон, пеш аз ҳама, туркони мусулмом, як миллатанд ва бояд бо сарварии Туркия дар як давлат муттаҳид шаванд. Пантуркизм дар охири асри 19 ва аввали асри 20 ба вуҷуд омада, чун идомаи туркизм (идеологияи пешинаи миллатчигии буржуазии турк) инкишоф …

Муфассал »

Пантомимика

Пантомимика, ҳаракати ифоданоки бадани одам. Пантомима баробари ми­мика, имову ишора ва оҳанги сухан як воситаи ифодаи ҳолати рӯҳии одам ва ҳиссиёти уст. Пантомима аз давраҳои қадим дар санъати актёрӣ ва нотиқӣ истифода мешавад. Дар асри 20 на фақат ҳаракати ифоданоки бадани одам ва ҳайвоноти ба дараҷаи баланд инкишофёфта, балки Пантомимикаи …

Муфассал »

Пантомима

pantomima

Пантомима (аз юн. pantomimos — тақлид), навъи санъати театрист, ки дар он ҳаракати бадан, имову ишора ва мимикаи ҳунарпеша во­ситаи асосии офаридани образи ба­деӣ аст. Дар Европа Пантомима аз театри Юнон ва Рими Қадим ибтидо мегирад. Пантомимаое низ вуҷуд дорад, ки он якҷоя бо мусиқӣ, суруд ва деклама­тсия иҷро мегардад. …

Муфассал »

Пантометр

pantometr

Пантометр [аз юн. рan (раtos)— ҳама ва …метр], афзори геодезӣ (ниг. расм) барои дар маҳалҳо чен кар­дани кунҷҳои вер­тикалӣ ва гори­зонталӣ. Пантометрро одатан барои суратгирии топографии ҷангалҳо ва ботлоқҳои торфӣ истифода мебаранд. Хатои ҳисоб аз рӯи вернери дои­раи горизонталӣ ба 2 баробар мебошад.

Муфассал »

Пантокрин

pantokrin

Пантокрин (аз муғ. панта — шоҳи ба устухон табдил наёфтаи гавазн ва юн. krino—ҷудо мекунам), ҷавҳари моеи спиртист, ки аз шохҳои (пантҳои) ба устухон табдилнаёфтаи марал, изюбр ва хонгул тайёр мекунанд. Пантокринро дар ҳолатҳои сустии умумии организм, гипотония ва ғайра дар намуди қатра ё маҳлул чун во­ситаи дармон истифода мебаранд.

Муфассал »

Пантограф

pantograf

Пантограф (аз юнонӣ рan, раntos— ҳама ва grapho —менависам), асбобест барои рӯбардор кардани наҳшаҳо, харитаҳо ва ғайраҳо дар миқёси хурд. Пантографро бо андозаҳои гуногун ва конструксияҳои ҳархела месозанд. Масалан, дар расм Пантографи овеза тасвир ёфтааст, ки вазни хаткашҳои онро тарангии ресмонҳои кашанда кам мекунад ҳаракати Пантограф овеза назар ба конструксияҳои …

Муфассал »