Маълумоти охирин
Главная / 2017 / August (страница 17)

Архив Месяца: August 2017

Папаскири Иван Георгиевич

papaskiri_ivan_georgievich

Папаскири Иван Георгиевич (таваллуд 25. 12. 1902, деҳаи Кутоли ҳозира райони Очамчири РАСС Абхоз), нависандаи советии абхоз, Ходими Хизматнишондодаи Меданияти РСС Гурҷистон (1968). Аъзои КПСС аз соли 1938. Дар Институти забонҳои шарқии Ленин­град таҳсил намудааст (1928—1929). Асарҳояш аз соли 1926 нашр мешаванд. Дар романаш «Темур» (1937) навсозии деҳоти абхоз ва …

Муфассал »

Папанин Иван Дмитриевич

papanin_ivan_dmitrievich

Папанин Иван Дмитриевич (таваллуд 26. 11. 1894, Севастопол), муҳаққиқи советии Арктика, доктори илмҳои география (1938), контрд-амирал (1943), ду карат Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ (1937, 1940). Аъзои КПСС аз соли 1919. Солҳои 1918-1920 дар ҷангҳои гражданӣ дар Украина ва Қрим фаъолона иштирок кард. Солҳои 1923-1932 дар Комиссариати хаққии алоқа кор мекард. Солҳои …

Муфассал »

Папалекси Николай Дмитрие­вич

papleksi_nikolay_dmitrievich

Папалекси Николай Дмитрие­вич (2. 12. 1880, Симферополь — 3. 2. 1947, Москва), физики советӣ, акад. АФ СССР (1939; аъзо-корр. 1931). Баъд аз хатми Университети Страсбург (1904) дар ҳамин донишкада таҳти роҳбарии К. Ф. Браун кор кард. Аз соли 1914 мушовири Ҷамъияти русии телеграф ва телефони бесим буд. Яке аз муассисони …

Муфассал »

Папаи Рим

papai_rim

Папаи Рим, ҳокимияти Па­паи Р и м, маркази динии калисои католикист. Ҳокимияти Папаи Рим дар натиҷаи дар мамлакатҳои Европаи Ғарбӣ паҳн шудани масеҳият ва таъсири калисоя католикӣ ба вуҷуд омад. Барои ҳокимияти калисои католики байни епископҳо (папаҳо)-и Рим муддати дароз муборизаи шадид давом дошт. Барои хақ баровардани ин мубориза онҳо …

Муфассал »

Панҷшоха

panjshoxa

Панҷшоха, чоршоха, сешоха, асбоби деҳқонӣ. Панҷшоха чубин ва Оҳанин мешавад. Панҷшохаи чӯбин аз се қисм иборат аст: даста, тахтачаи ба даста пайваст ва шохаҳо. Даста аз чӯби бед (дарозиаш 150—180 см), шохаҳо (дарозиашон 28—33 см) аз чӯби сахт (заранг, фарқ, ирғай, зардолу ва ғайра) тайёр карда мешаванд. Шохаҳоро аз сӯрохиҳои …

Муфассал »

Панҷширӣ Дастагир

Панҷширӣ Дастагир (таваллудаш 1933, деҳаи Қобзони рухаи Палҷшири вилояти Парвони Афғонистон), нависанда, ходими партиявӣ ва давлатии Афғо­нистон, яке аз асосгузорони Партияи Демократии Халқи Афғонистон (ПДХА). Мактаби ибтидоиро дар Ҳирот (1948), дорулмуаллимил ва уни­верситет (факултети адабиёт ва улуми башарӣ) -ро дар Кобул (1958) хатм кардааст. Солҳои 1958-1959 мудири тадқики рӯзномаи миллии …

Муфассал »

Панҷтор

panjtor

Панҷтор асбоби мусиқии торӣ, ки дар ноҳияҳои Помиру Дарвоз маъмул аст. Аз рӯи сохт ва пардабандиаш бештар ба танбур монанд. Панҷтор панҷ тор дорад, ки ин тавр ҷӯр мекунанд: Панҷтор дар алсамблҳои гуногуни инструменталӣ ва ҳамчун сози яккахонӣ истифода мешавад. Хелҳои гуногуни Панҷтор дар Афғонистон, Ҳиндустон ва Эрон низ маъмуланд. …

Муфассал »

Деҳаи Панҷсолаи якум

Панҷсолаи якум, деҳаест дар Совети қишлоқ Маданияти рвйони Колхозобод, вилояти Қурғонтеппа. Территорияи колхози «Қи зил Октябр». Аз деҳа то маркази Совети қишлоқ 23 км, то район 8 км; роҳ ас­фалтпӯш. Аҳолиаш 372 нафар (1983), ӯзбекҳо. Деҳа клуб, чойхона, ошхона, шӯъбаи алоқа дорад. Соҳаҳои асосии хоҷагӣ — пахтакорӣ, чорводорӣ. Заминҳо ба …

Муфассал »

Деҳаи Панҷсолаи дуюм

Панҷсолаи дуюм, деҳаест дар Совети қишлоқ Тӯғалани райони Колхозобод, вилояти Қурғонтеппа. Территорияи колхози ба номи И. Ленин. Аз деҳа то маркази Совети қишлоқ ва то район 6 км; роҳ асфалтпӯш. Аҳолиаш 1548 нафар (1983), тоҷикон. Деҳа мактаби миёна, клуб, китобхона, магазин, шӯъбаи алоқа ва фер­маи говпарварӣ дорад. Соҳаҳои асосии хоҷагӣ …

Муфассал »

Панҷобиҳо

Панҷобиҳо, аҳолии асосии ви­лояти ҷугрофӣ ва таърихии Панҷоб (территорияи ҳозираи штатҳои Панҷоб, Ҳаряна дар Ҳиндустон ва музофоти Панҷоб дар Покистон). Шумораашон зиёда аз 70 млн нафар (1978). Аксарияти Панҷоб бо забони панҷобӣ гап мезананд, ақаллият бо забони ҳинди (дар Ҳиндустон), бо лаҳҷаи линди (лаҳнда) ва забони урду (дар По­кистон). Қисми …

Муфассал »