Остонабобо, ёдгории меъмории асри 12 дар деҳаи ҳамноми pайони Каркии вилояти Чорҷӯи Республикаи Советии Сотсиалистии Туркманистон. Дар байни аҳолии маҳаллӣ бо номи Мазори Остонабобо, Мақбараи Зайдалию Зубайдалӣ, Мақбараи хамсарон Убайду Зубайд а машҳур аст. Остинбобо чор гунбаз дорад. Асоси Остонабобо аз ду қисм — масҷид ва «девонахона» иборат аст (ҳар …
Муфассал »Архивы за день : 23.08.2017
Остона
Остона, қитъаи хурди пеши дарро гӯянд, ки аз тахта, санг ва ғайра сохта шуда барои аз намӣ, рутубат ҳимоя кардани тагдарӣ хизмат мекунад. Поғундаи болотарини таги дарро низ баъзан Остона номанд.
Муфассал »Остона
Остона (остонаи дарё), ҷойҳои харсангу шахдори маҷроҳ дарёро гӯянд, ки дар ин ҷойҳо дарё якбора нишеб шуда, ҷараёнаш суръат мегирад. Остона одатан дар ҷойҳое пайдо мешавад, ки ҷараёни дарё ба тӯдаи харсангҳо ё ҷинсҳои сахти кӯҳӣ дучор меояд. Баъзан боқимондаи шаршараҳо низ ба Остона табдил меёбанд. Аксар вақт ГЭС-ҳоро дар …
Муфассал »Остинча
Остинча, асбоби нонпазиро гӯянд, ки аз матои пахтагӣ абраю астар бурида, бар байнаш пахта гузошта ва барқад лаганда карда’тайёр мекунанд. Остинча 40—50 сантиметр дарозӣ ва 25—30 сантиметр бар дорад. Қисми поёни Остинчаро ҳангоми нонпазӣ ба даст мепӯшанд, то ки даст насӯзад. Баъзан Остинчаро аз остини ҷомаи кӯҳна месозанд.
Муфассал »Ост-Индия
Ост-Индия (англисӣ East Indies — Ҳиндустони Шарқӣ), истилоҳест, ки дар гузашта ба территориҳои Ҳиндустон ва баъзе мамлакатҳои Осиёи Ҷанубӣ ва Ҷануби Шарқӣ нисбат дода мешуд. Ост-Индия ба муқобили истилоҳи Вест- Индия ба вуҷуд омада буд. Европоиҳо, ки ҷазираҳои дар баҳри Кариб (Америка) кашфкардаи Xристофор Колумбро иштибоҳан «Ҳиндустон» гумон карда буданд, …
Муфассал »Шаҳри Остин
Остин (Austin), шаҳрест дар ҷануби Штатҳои Муттаҳидаи Америка , маркази маъмурии штати Техас. Аҳолиаш 310 ҳазор наф.ар (1975; бо атрофи шаҳр 400 ҳазор нафар). Остин маркази муҳими тиҷорат ва саноат аст. Радиоаппаратураҳо ва барои тадқиқотҳои илмӣ ҳар гуна таҷҳизот истехсол мекунад. Дар Остин корхонаҳои саноати химия, хурокворӣ, мебел ва масолеҳи …
Муфассал »Остеосинтез
Остеосинтез (аз остео… ва синтез — часпонидан), ҷарроҳиест, ки дар он шикастапораҳои устухонро (ҳангоми шикасти устухон) бо лавозимоти махсус (мех, винт, лавҳачаҳои устухонӣ) мепайванданд.
Муфассал »Остеопороз
Остеопороз (аз остео… ва юнонӣ рогоз — сурохӣ, масона), тунукшавии қабатҳои исфанҷӣ ва қишрии устухонро гӯянд. Остеопороз дар натиҷаи қисман ҷаббида шудани моддаҳои устухон (аксаран ҳангоми пиронсолӣ, шикастани устухон, полиомиелит, остеомиелит, илтиҳоби буғумҳо» Заҳролудшавӣ ва ғайра) ба амал меояд. Остеопорозро бо усули рентгенологи ошкор менамоянд. Остеопороз баъди муолиҷаи бемориҳои асосӣ …
Муфассал »Остеомиелит
Остеомиелит (аз остео… ва юнонӣ myelos — мағз), просесси газакги-рандаю сирояткунандаест, ки аввал як қисми мағзи устухон ва сонӣ унсурҳои бофтаҳои устухонро фаро мегирад. Остеомиелит ду хел мешавад; ғ а й р и м а х с у с (коккҳои фасодовар ва баъзан бактерияҳои рӯда ба вуҷуд меоранд) ва махсус …
Муфассал »Остеомалясия
Остеомалясия (аз остео… ва юнонӣ malacia — нармӣ, сустӣ), бемории бофтаҳои устухон, ки боиси нарм гаштан ва шаклан тағйир ёфтани устухон мегардад. Остеомалясия дар одам (аксар вақт дар занҳо ҳангоми ҳомиладорӣ) ва ҳайвон дар натиҷаи вайрон шудани мубодилаи минерали (масалан ҳангоми норасоии намакҳои калсию кислотаи фосфат ва витамини Д дар …
Муфассал »