Маълумоти охирин
Главная / 2017 / August / 18 (страница 5)

Архивы за день : 18.08.2017

Панславизм

panslavizm

Панславизм, идеологияи миллатчигӣ ва ҷараёни сиёсии ба он мансуб, ки нимаи дуюми асри 19 — аввали асри 20 дар байни дворянҳо ва буржуазияи рус вуҷуд дошт. Панславизм дар Россия ба туфайли шикасти Россия дар Ҷавги Қрим (1853—1856) ва таъсири пахши шӯриши Полша (1863— 1864) ташаккул ёфт. Асоси ин идеологияро назарияи …

Муфассал »

Пансион

pansion

Пансион (франсавӣ рansion, аз лотинӣ pansio — пулдиҳӣ, аъзоҳақӣ, пули иҷора ё хонапулӣ), 1) дар Россияи тореволютсионӣ ва баъзе мамлакатҳои хориҷӣ номи муассисаи таълимии хусусӣ, баъзан давлатӣ, ки хобгоҳ дорад ва хонандагон пурра дар таъмнноти давлатанд. 2) Номи кӯҳнашудаи меҳмонхонаи начандон калонест, ки истиқосматкунандагонаш пурра дар таъминоти он буданд. 3) …

Муфассал »

Паноҳгоҳ

pahohgoh

Паноҳгоҳ, иншооти махсусест барои ҳифзи қушунҳо ва аҳолӣ аз тири туп, бомба, зарбаи мавҷи таркиши яроқи ядроӣ, моддаҳои заҳрнок ва радиоактивӣ. Паноҳгоҳ аз ҷиҳати адоза хурд, миёна ва калон меша­вад. Бори аввал Паноҳгоҳро дар давраи Ҷанги якуми ҷаҳонӣ ба кор бурданд. Аз рӯи таҷрибаи ҳосилшуда пеш аз Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ …

Муфассал »

Паноҳии Ҳамадонӣ Мавлоно

Паноҳии Ҳамадонӣ Мавлоно ибни Хоҷа Майрамбек (соли таваллуд ва вафоташ номаълум), шоири асри 16 форс-тоҷик. Дар ғазал маҳорат зоҳир карда, аз ин ҷиҳат сазовори обрую эҳтиром гардида буд. Девони ашъораш дастрас нагардидааст. Ашъори парокандааш дар баёзу сарчашмаҳои адабӣ ба назар мерасанд.

Муфассал »

Панорама

panorama

Панорама (аз юн. рan — ҳама ва horama — манзара), дар санъа­ти тасвирӣ лавҳа ё суратест, ки манзара ва воқеаро васеъ инъикос мекунад. Дар Панорама манзара ва ҳодисаи матлуб бовусъат ва зинда акс мегардад. Бо мақсади таҷассуми зиндаи манзара ба тасвир предметҳои ҳақиқӣ ё бутафорӣ (хонаҳо, чизҳо, одамон ва ҳайвонҳои …

Муфассал »

Панно

panno

Панно (аз лотинӣ раnnus — порчаи матоъ), 1) изораи девор ё ҳошияи сақфи бино, ки дар он расм ва ё нақш кашида бошанд. 2). Як намуди санъати тасвирӣ, ки асосан барои ороиш аст; аз равған ва темпера истифода мебаранд. Дар нитерер ва экстерерн бино, доимӣ ва муваққатӣ месозанд. Дар Юнон, …

Муфассал »

Панников Виктор Дмитриевич

pannikov-viktor-dmitrievich

Панников Виктор Дмитриевич (тав. 14. 3. 1914, де\аи Чернышеве, хозира р-ни Бел и иски йн вил. Пенза), агрономи советӣ, хокшинос-агрохи­мик, доктори илмҳои х. д. (1955), профессор (1956), акад. ВАСХНИЛ (1967), ноиб-президенти       ВАСХНИЛ (аз соли 1969). Аъзои КПСС аз соли 1941. Соли 1937 Институти хоҷагии қишлоқи Горкийро хатм кардааст. Солҳои 1937—1940 …

Муфассал »

Панкреатит

pankreatit

Панкреатит (аз юв. pankreas — ғадуди зери меъда), газаки ғадуди зери меъда. Панкреатит ду хел мешавад: ша­дид ва музмин. Хелҳои зерини Панкриатити шадид маълуманд; хунрав, некрозӣ, фасодӣ ва ғайра. Панкреатити шадид аз таъсири микробҳои гуногун сар мезанад. Дар натиҷаи аз меъер зиёд хӯрок хурдан, бемориҳои меъдаю рӯдаи дувоздаҳаи гӯштӣ ва …

Муфассал »