Маълумоти охирин
Главная / 2017 / August / 16 (страница 5)

Архивы за день : 16.08.2017

Палеогеография

paleogeografiya

Палеогеография (аз пале о… ва география), илмест дар бораи шароитҳои табиию географии замонҳои гузаштаи геологи Палеогеография як қисми геологияи таърихӣ буда, барои омӯхтани таърихи инкишофи қишри Замин ва умуман Замин маълумот медиҳад. Дар айни ҳол Палеогеография як қисми географияи табиии умумист, ки шароитҳои табиию географии гузаштаро бо мақсади фаҳмидани табиати …

Муфассал »

Палеоген

paleogen

Палеоген, (аз палео — ва юн. genos — син), давраи (системаи) палеогин,  аввалин давраи эраи кайнозой дар таърихи геологии Замин. Истилоҳи «Н.»-ро соли 1866 ге­ологи немис К. Наумал пешниҳод намудааст. Мувофиқи маълумоти ра­диологи Палеогин 67—70 млн сол пеш аз ин оғоз ёфта, 41—43 млн сол давом кардааст. Давраи Палеогин ба …

Муфассал »

Палеоботаника

paleobotanika

Палеоботаника (аз палео… ва ботаника) палеофитология, як соҳаи ботаникаро гӯянд, ки растаниҳои ҳафриёти (мурдарафта)-ро меомӯзад. Вазифаи Палеоботантка масъалаҳои ҳаматарафаи тадқиқи набототи гузаштан геологӣ, классификатсияи онҳо, муқаррар намудани муносибатҳои хешии ин растаниҳо байни худ ва бо растаниҳои ҳозира, ошкор намудани паҳншавии онҳо дар рӯи Замин, инчунин қонуниятҳои иваз шудани набототи рӯи …

Муфассал »

Палеоантропҳо

paleontropho

Палеоантропҳо (аз. палео… ва юн. antropos — одам), номи муштараки одамони ҳафриётӣ, ки 250—35 ҳазор сол то мелод дар Осиё, Африка ва Европа зиндагӣ мекардаанд. Палеоантропҳо як марҳалаи муайян ва қонуниест дар ташаккулу таҳаввули таърихии наесли одамизод. Палеоантропҳо аз рӯи аломатҳои антропологӣ ва хусусиятҳои олоти сангиашои ба чанд гурӯҳ тақсим …

Муфассал »

Палеоантропология

paleontrologiya

Палеоантропология (аз палео… ва антропология), як қисми антропологияро гӯянд, ки навъи ҷисмонӣ ва таҳаввули одамони ҳафриётӣ (мурдарафта) — архантропҳо, палеоантропҳо ва неоаптропҳои қадимиро меомӯзад. Палеоантропологияи пале­олит ва неолитро, ки дар ин давра нажодҳои ҳозираи одами пурра та­шаккул ёфтаанд, тадқиқ мекунад. Тадқиқи тамоми боқимондаҳои устухонҳои одамони қадимаи давраҳои минбаъдаи таърихӣ ба …

Муфассал »

Палео

paleo

Палео…, ҳиссаи аввали калимаҳои мураккаб, ки ба замони қадим нисбат доштани мафҳумҳои бо ин калимаҳо ифодашударо мефаҳмонад (масалан, палеоботаника, палеография ва ғайра).

Муфассал »

Шаҳри Палембанг

palembang

Палембанг, шаҳрест дар Индонезия. Маркази маъ­мурии музофоти Суматраи Ҷанубӣ. Аҳолиаш 583 ҳазор нафар (1971). Бан­дар дар дарёи Муси. Аэропорташ дорои аҳамияти байналхалқист. Саноати коркарди каучук, бофандагӣ, хӯрокворӣ, масолеҳи бинокорӣ, чарм, киштисозӣ, инчунин заводи нуриҳои нитрогенӣ дорад. Дар Плаҷу ва Сунгайгеронге ном маҳалҳои ҳаволии Палембанг заводҳои коркарди нефт ҳаст. Ба хориҷа …

Муфассал »

Палдорак

paldorak

Палдорак, деҳа, маркази Совети қишлоқ Палдораки райони Мастчоҳ, вилояти Ленинобод. Территорияи совхози «Правда» ва колхози ба номи М. И. Калинин. Аз Палдорак то маркази район 6 км; роҳ асфалтпӯш. Аҳолиаш 1250 нафар (1981), тоҷикон. Деҳа 3 мактаби миёна, 3 китобхона, 2 клуб, кинотеатр, 3 пункти тиббӣ, шӯъбаи алоқа, ошхона, 2 …

Муфассал »

Деҳаи Палдорак

paldorak

Палдорак, деҳаест дар Совети қишлоқ Лан­гари райони Мастчоҳ, вилояти Ленинобод. Территорияи Иттиҳодияи гӯсфандпарварии район. Аз деҳа то маркази Совети қишлоқ 24 км, то район 394 км. Аҳолиаш 160 нафар (1981), тоҷикон. Мактаби ибтидоӣ дорад. Соҳаҳои асосии хоҷагӣ — ғаллакорӣ, обчакорӣ ва чорводорӣ. Заминҳо аз дарёчаи Палдорак обёрӣ мешаванд.

Муфассал »

Палассо

palasso

Палассо (итал. Раlаzzо, аз лот. Раlаtium — қаср; кӯшк, аз номи тали Палатина бармеояд, ки дар он ҷо императорони Рими Қадим қасрҳо месохтаанд), як навъ кӯшки (асри 15) хоси давраи Эҳёи Италия (асосан дар Флоренсия — эҷоди меъморон Ф. Брунеллески, Микелоццо ди Барто­ломмео, Л. Б. Алберти, Бенедетто да Майано). Палассои …

Муфассал »