Маълумоти охирин

Архивы за день : 16.08.2017

Пандномаи Бузургмеҳр

«Пандномаи Бузургмеҳр», асари адабиёти паҳлавӣ, ки аз пандҳои вазири машҳури Сосониён Бузургмеҳр фароҳам омадааст. Саволҳои шоҳи сосонӣ Анушервон ва ҷавобҳои Бузургмеҳр композитсияи асарро ташкил додаанд. Дар саволу ҷавобҳо аз хусуси бартарии хирад ва илму дониш, некию накӯкорӣ, тарзи дурусти давлатдорӣ ва боз як қатор масъалаҳои муҳимми ҳаёт ва зиндагӣ басо …

Муфассал »

Панднома

pandnoma

Панднома, маҷмӯи панду ҳикмат ва насиҳату андарзҳо оид ба тарғиби ахлоқи нек ва накӯҳиши ахлоқи бад, масъалаи давлатдорӣ, мазҳаб ва сиёсат, ки чун рисолаю китоб ва маҷмӯаҳои алоҳида ё бобу фасли асарҳои калони фалсафӣ, ахлоқӣ, ҳикмат, сиёсат, тасаввуф, дастурҳо ва ғайра мураттаб карда мешаванд. Ин навъи адабиёт (манзум ва мансур) …

Муфассал »

Пандит

pandit

Пандит (санскр. пандита — олим, хирадманд, омӯзгор), дар Ҳиндустон унвони фахрии олими бараҳман, ки санскрит ва адабиёти оинҳои ҳиндуияро хуб медонад. Дар Кашмир умуман ҳамаи бараҳмандоро Пандит гӯянд.

Муфассал »

Пандемия

pandemiya

Пандемия (аз юн, раndemia — тамоми халқ), эпидемия — паҳншавии касалиҳои сироятӣ дар тамоми мамлакат, дар территоияи давлатҳои ҳамсарҳад ва баъзан бисёр мамлакатҳои ҷаҳон (масалан, вабо, грипп).

Муфассал »

Панданус

pandanus

Панданус, пандан (Pandanus), ҷинси растаниҳои якпаллагиест за оилаи панданиҳо. Растании сершохи дарахтмонанд. Ба­ландиаш 10 —15 м, баъзан то 25 м. Аз қисми поёнин та­на ва шохҳояш решаҳои иловагӣ мебарорад. Қисми поё­нии тана баъзан нобуд мешавад, аммо растанӣ тавассути ин решаҳо мавҷдияти худро давом медиҳад. Барги дарозрӯяи сахт (дарозиаш 3— 4 …

Муфассал »

Пандаи хурд

pandai_xurd

Пандаи хурд (Ailurus fulgens), ҳайвони ширхорест аз оилаи енотҳо. Дарозии танаш 51—64 см, думаш 28— 48 см, вазнаш 3 —4,5 кг. Пашмаш ғулии мулоим. Ра­нги танаш аз боло зардча, аз таг сурхи сияҳтоб. Думаш ҳалқанақш, сараш нақши ниқобмонанд дорад. Дар қисми ҷанубу- ғарби Хитой, Бирмаи Шимолӣ ва Непал зиндагӣ мекунад. …

Муфассал »

Панвавилонизм

panvavilonizm

Панвавилонизм, яке аз равияҳои таърихшиносии буржуазӣ, ки Бобулистонро сарзамини ҳамаи маданиятҳои ҷаҳон ҳисоб мекуиад. Охири асри 19 ба вуҷуд омада, ибтидои асри 20 бар­ҳам хурд. Панвавиловчиён (олимони немис Г. Винклер, П. Йенсен, Ф. Делич ва дмгарон) даъво менамуданд, ки Бобулистон маъвои тамаддуни аксар халқҳои ҷаҳон (аз ҷумла халқҳои ҳавзаи баҳри …

Муфассал »

Панафриканизм

Панафриканизм, ҳаракати ғоявию сиёсиест, ки дар ибтидо муттаҳид намудани зангиҳои африкоии тамоми ҷаҳонро, ки ба муқобили нажодпарастӣ ва нобаробарҳуқуқӣ мубориза мебурданд, мақсади асосии худ медонист; тадриҷан ба ҳаракати миллатчиёни африкоӣ, ки барои озодии сиёсӣ, иқтисодӣ ва ягонагии халқҳои Африка мубориза мебарад, табдил ёфт. Панафриканизм дар охири асри 19 — ибтидои …

Муфассал »

Панамериканизм

Панамериканизм, доктринаи сиёсии бардурӯғест, ки мувофиқи он гӯё тақдири таърихи, иқтисодӣ ва мадании ШМА бо дигар мамлакатҳои қитъаи Америка як будааст. Империализми ШМА Панамериканизмро барои «асоснок» кардани амалиёти худ — таҷовузи иқтисодӣ, сиёсӣ ва ҳарби ба мамлакатҳои Америкаи Лотинӣ истифода мебарад. Ҳукумати ШМА соли 1823 доктрина Монроро эълон намуд, ки …

Муфассал »

Панамагиҳо

panamagiho

Панамагиҳо, халқ, аҳолии асосии Панама. Шумораашон бештар аз 1,7 млн. нафар (1978). Ба забони испанӣ гап мезананд. Аз ҷиҳати антропологӣ қисми зиёди Панамагиҳо (тақрибан 70%)— дурага ва мулатҳо, авлоди колонистҳои испанӣ (асрҳои 16—18) ва халқҳои дертар муҳоҷиршудаи Европа (италиявиҳо ва дигарон) мебошанд, ки бо аборигенҳо— ҳиндиёни маҳаллӣ ва зангиҳои аз …

Муфассал »