Лагери Освенсим, лагери консентрасиониест, ки фашистони немис соли 1940 дар назди шаҳри Освенсим (Полша) сохтаанд. Масоҳат тақрибан 500 гектар буд. Солҳои мавҷудияти Освенсим дар он бештар аз 4 миллион гражданҳои СССР, Полша, Франсия, Белгия, Венгрия, Нидерланд, Руминия, Чехословакия, Югославия ва мамлакатҳои дигар ваҳшиёна кушта шуданд. Коммунистон ба зулму таъқиби бераҳмонаи …
Муфассал »Архивы за день : 14.08.2017
Осафии Ҳиравӣ
Осафии Ҳиравӣ (1449, Ҳирот — 1517, ҳамон ҷо), шоири форс-тоҷик. Дар зодгоҳаш таҳсили илм кардааст. Осафии Ҳиравӣ соҳиби зеҳни салим ва табъи баланд буда, дар доираи адабии Ҳирот, ки ба он Ҷомӣ сарварӣ мекард, мақоми хос дошт. Осафии Ҳиравӣ яке аз шогирдони бомаҳорати Ҷомӣ буд. Аксари тазкиранигорон ӯро яке аз …
Муфассал »Осаф
Осаф номи вазири Сулаймон. Вазири хирадманду ботадбир, кордону бомаърифате буда, корҳои давлатиро ба тартибу танзим оварда буд. Осаф дар адабиёти классикии араб ва форс-тоҷик яке аз образҳои бадеии маъмул, тимсоли доноиву ботадбир дар корҳои идораи давлат (вазорат) мебошад.
Муфассал »Деҳаи Осарик
Осарик, деҳаест дар Совети қишлоқ Ёваи райони Хуҷанд, вилояти Ленинобод. Территорияи колхози «40-солагин Октябр». Аз деҳа то маркази Совети қишлоқ 4 килоиетр, то район 20 километр; роҳ асфалтпӯш. Аҳолиаш 770 нафар(1981), тоҷикон. Соҳаи асосии ҳоҷагиӣ –пахтакорӣ; боғу токдорӣ ва саб- завоткорӣ низ тараққӣ кардааст. Заминҳо аз дарёи Сир обёрӣ мешаванд.
Муфассал »Шаҳри Осака
Осака, шаҳрест дар Япония, маркази маъмурии префектураи Осака (Осака-фу). Дар ҳамвории наздисоҳилии халиҷи Хонсю (баҳри Дохилии Япон) ва делтаи дарёи Йодо воқеъ аст. Аҳолиаш 2780 ҳазор нафар (1975). Осака баъди Токио дуюмин шаҳри аз ҷиҳати иқтисодӣ муҳими мамлакат аст. Бандари калони баҳрӣ, узели муҳими роҳи оҳан ва роҳҳои автомобилгард. Аэропорташ …
Муфассал »Ос
Ос, дастгоҳест, ки дар он ғалладонаро орд мекунанд. Нигаред низ Дастос.
Муфассал »Шаҳри Орҷоникидзеобод
Орҷоникидзеобод, шаҳр, маркази маъмурии райони Орҷоникидзеободи Pеспубликаи Советии Cотсиалистии Тоҷикистон. 21 километр шарқтар аз шаҳри Душанбе, дар содили чапи дарёи Кофарниҳон воқеъ гаштааст. Аҳолиаш 30,6 ҳазор нафар (1976). Пункти охирини роҳи оҳан (стансияи роҳи оҳани Янгибозор). Инчунин аз Орҷоникидзеобод роҳҳои мошингарди Душанбе — Комсомолобод — Ғарм — Ҷиргатол, Душанбе — …
Муфассал »Орҷоникидзеобод
Орҷоникидзеобод, райони маъмурии тобеи республикавӣ дар Pеспубликаи Советии Cотсиалистии Тоҷикистон. 17 сентябр 1927 ташкил ёфтааст; то 3 апрели 1936 онро Янгибозор меномиданд. Бо районҳои Ленин, Айнӣ, Ғарм, Комсомолобод, Файзобод, Данғара, Ёвон ҳамсарҳад аст. Масоҳат 3,99 ҳазор километр2. Аҳолиаш 116,3 ҳазор нафар (1982), асосан тоҷикон, инчунин ӯзбекҳо, русҳо, тоторҳо ва намояндагони …
Муфассал »