Маълумоти охирин
Главная / 2017 / August / 10 (страница 2)

Архивы за день : 10.08.2017

Орфикҳо

Орфикҳо

Орфикҳо (Orphikoi), намояндагони ҷараёни динию ирфонии Юнони Қадим, ки аз асри 6—4 то милод инҷониб маълуманд. Орфикҳо худро пайравони О р ф е й ва шогирди ӯ Мусей медонистанд, ки гӯё барои мӯътақидон ривояти махфӣ гузошта буданд. Мазмуни асосии таълимоти Орфикҳо асотирест дар бораи пайдоиши инсон. Фанети дуҷинсаро, ки аз …

Муфассал »

Орфей

Орфей

Орфей, ҳофизи афсонавии Фра­кия, писари олиҳа Каллиопа. Бино ба ривоятҳои аҳди қадим сурудҳои ҳайратангези ӯ одамон ва ҳатто худоёнро мафтун карда, қувваҳои ваҳ­шии табиатро ром кардаанд. Дар афсонаҳои юнонӣ Орфей эҷодкунандаи шеъру мусиқӣ васф шудааст. Орфей дар адабиёти бадеӣ, санъати тасвирӣ ва мусиқии халқҳои гуногун нақши равшан гузоштааст.

Муфассал »

Ортопедия

Ортопедия

Ортопедия (аз юнонӣ orthos — рост ва pefdeia — тарбия), як соҳаи тиб аст, ки шинохтан, пешгирию муолиҷа намудани деформатсия (тағйири қисмҳои бадан нисбат ба мавқеи ҷойгиршавӣ) ва шикасти аппарати такягоҳию ҳаракати одамро меомӯзад. Баромадан ва шикастани устуҳон, каҷ шудани панҷаҳо сутунмӯҳра ва усулҳои муолиҷаи онҳоро бори аввал ҳаким Буқрот …

Муфассал »

Ортоклаз

Ортоклаз

Ортоклаз (аз юнонӣ orthds — рост ва klasis — шикасташавӣ), минерали ҷинсофарин аз гурӯҳи шпаҳои даштӣ. Таркиби химиявиаш К [AlSisO*]. Дар таркибаш омехтаҳои Na (то 8% NajO), баъзан Ва ва ба миқдори кам Fe, Са, Rb, Cs ва ғайра дорад. Системаи кристаллбандиаш моноклинӣ; кристаллҳояш призмашакл. Рангаш гулобии равшан, зарди бӯртоб, …

Муфассал »

Деҳаи Ортод

Ортод

Ортод, деҳаест дар Совети қишлоқи Куйбышеви pайони Коммунистӣ, вилояти Қӯрғонтеппа. Территорияи совхоз техникуми ба но­ми В. В. Куйбышев. Аз Ортод то маркази Совети  кишлоқ 4 километр; роҳ асфалтпӯш. Аҳолиаш 640 нафар (1981), тоҷикон. Деҳа мактаби ибтидоӣ ва магазин дорад. Соҳаҳои асосии хоҷагӣ — пахтакорӣ ва ғаллакорӣ. Заминҳо ба воситаи канали …

Муфассал »

Ортогоналӣ

Ортогоналӣ

Ортогоналӣ (fion. orthogonios — росткунҷа, аз ormos —рост ва go- nia — кунҷ), таъмими (бештар синонимӣ) мафҳуми перпендикулярӣ. Агар ду вектор дар фазои сечена ба ҳам перпендикуляр бошанд, ҳосили зарби скалярии онҳо ба сифр баро­бар аст. Аз ин ҷиҳат мафҳуми перпендикуляриро ба векторҳои ҳар гуна фазои хаттии дилхоҳ татбиқ намудан …

Муфассал »

Ортогоналӣ

Ортогоналӣ

Ортогоналӣ (аз юнонӣ orthos — рост ва гнейс), ҷинси кӯҳист, ки дар натиҷаи тағйирёбии (метаморфизми) ҷинсҳои фишонда (гранитҳо, диоритҳои кварсдор ва ғайра) ба вуҷуд омадааст.

Муфассал »

Ортогенез

Ортогенез

Ортогенез (аз юн. orthos — рост ва …генеа), ортоэволюсия, фарзияи биологиест дар бораи роҳи муайяни таҳаввули мавҷудоти зинда. Бино ба ин фарзия инкишофи шаклҳои органикӣ пешакӣ муқаррар гардида, фақат ба роҳҳои муайян ҷараён мегирад (ба мисли афзоиши кристаллҳо дар сатхҳои қатъиян му­айян). Олимони немис Т. Энмер (1888) ва В. Хакке …

Муфассал »

Ортиқов Ғафурҷон

Ортиқов Ғафурҷон (1903, деҳаи Фирӯзобаи райони Конибодом — 6. 6. 1956, ҳамон ҷо), пахтакор, Қаҳрамони Меҳнати Сотси­алистӣ (1948), Устоди пахтаи Республикаи Советии Сотсиалистии  Тоҷикистон (1947). Аъзои КПСС аз соли 1932. Солҳои 1920—23 чоряккор, 1928—29 иштирокчии фаъоли ҳаракати кол­лективонии хоҷагии қишлоқ, 1929—31 аъзои нахустин артели хоҷагии қишлоқ «Озодӣ» дар Кони­бодом, 1931—32 …

Муфассал »

Ортиқов Болта

Ортиқов Болта (таваллуд 5. 5. 1924, Самарқанд), нависандаи советии тоҷик. Аз оилаи музадӯз. Соли 1952 фак­ултаи забон ва адабиёти Институти педагогии Самарқандро ба итмом расонд. Муддате муаллими мактабҳои миёнаи райони Орҷоникидзеободи Республикаи Советии Сотсиалистии Тоҷикистон ва пас мудири шуъбаи мактабҳои журнали «Пионер» (ҳоло «Машъал») ва мухбири махсуси газетаи «Маориф ва …

Муфассал »