Маълумоти охирин
Главная / 2017 / July (страница 72)

Архив Месяца: July 2017

Деҳаи НКВД

НКВД, деҳаест дар Совети қишлоқ Навободи pайони Колхозобод, вилояти Қурғонтеппа. Территорияи колхози «Коммунизм». Аз деҳа то маркази Совети қишлоқ 8 км, то район 18 км; роҳ асфалтпӯш. Аҳолиаш 380 нафар (1982), тоҷикон ва ӯзбекҳо. Соҳаи асосии хоҷагӣ — пахтакорӣ. Заминҳо аз деҳаи Вахш обёрӣ мешаванд.

Муфассал »

Деҳаи Ниҷонӣ

Ниҷонӣ, деҳа, маркази Совети қишлоқ  Ниҷовии pайони Уротеппа, вилояти Ленинобод. Территорияи  колхози «Москва». Аз Ниҷонӣ то маркази район 12 км; роҳ асфалтпӯш. Аҳолиаш 4755 нафар (1982), тоҷикону ӯзбекҳо. Деҳа мактаби миёна, клуб, кинотеатр, хонаи маданият, шӯъбаи алоқа, пункти тиббӣ, дорухона, ошхона, магазин, нонвойхона, устохонаҳои оҳангарӣ ва таъмири пойафзол дорад. Соҳаҳои …

Муфассал »

Ниҳонии Акбарободӣ

Ниҳонии Акбарободӣ (соли таваллуд ва вафоташ номаълум), шоираи асри 16 форсизабони Ҳиндустон. Падараш аз мансабдорони дарбори Акбар буда, ғазал мегуфтааст. Ниҳонии Акбарободӣ дар хубрӯй шӯҳрат доштааст. Ҷузъиёти тарҷумаи ҳолашро тазкиранависон наовардаанд. Дар тазкираи «Рӯзи равшав» ин абёт ба ними ӯ сабт шудааст, ки оҳангҳои риндона доранд: Дар мазҳаби мо тавба …

Муфассал »

Ниҳолшинонӣ

0

Ниҳолшинонӣ, усули асосии бунёд кардани боғоти ҷамъиятию наздиҳавлӣ. Дар замини барои Ниҳолшинонӣ пешбинишуда пе­шаки чуқурӣ мекананд; барои ниҳоли меваҷоти тухмдор (себ, нок) чуқуриаш 0,4 м ва бараш 0,8 м ва ме­ваҷоти довакдор (олуболу, олу ва ғайра) мувофиқан 0,4 X 0,6 м ва ғайра. Ҳангоми шинонда­ни ниҳол гарданаи реша бояд аз …

Муфассал »

Ниҳолшинонак

0

Ниҳолшинонак, м о ш и н и  к ӯ ч а т ш и н о н, мошинест барои шинондани буттаву дарахт, ток ва ғайра Ниг. Кӯчатшинонак.

Муфассал »

Посёлкаи Ниҳолпарвар

0

Ниҳолпарвар посёлкаест дар Совети қишлоқ Бӯстонқалъаи райони Коммунис­тӣ, вилоляти Қурғонтеппа. Территорияи совхози «Ниҳолпарвар». Аз деҳа то маркази Совети қишлоқ 3 км. то район 2 км; роҳ асфалтпӯш. Аҳолиаш 520 нафар (1982), тоҷи­кон ва ӯзбекҳо. Соҳаи асосии хоҷагӣ — ниҳолпарварӣ. Заминҳо ба воситаи кавал аз дарёи Вахш обёрӣ ме­шаванд.

Муфассал »

Ниҳол

0

Ниҳол 1) н а в п ӯ с т а, растаниҳое, ки барои дар бор, чорбоғ, кӯчабоғ ва ғайра шинондан месабзонанд. Ниҳоли дарахтони меваро дар гармхонаю парвардахонаҳо одатан бо роҳи пайванди ниҳоли хасак дар як ё ду сол парвариш мекунанд. Ниҳоли растаниҳои ғужуммева (кот, бушаҳрӣ ва ғайра)-ро, ки зироати яксолаанд, …

Муфассал »

Ниқрис

0

Ниқрис подагра (аз юн. раdos — пой ва agra — қапқон, дом), беморие, ки дар натиҷаи ихтилоли мубодилаи моддаҳои нва дар бофтаҳо таҳшиншавии пайвастҳои турши пешоб ба вуҷуд меояд. Ҳангоми Ниқрис асосан банд устухон ва гур­да иллат меёбад. Ниқрис якумин ва дуюмин мешавад. Ниқриси я к у м и н …

Муфассал »

Ниқоб

0

Ниқоб (ар. — парда, рӯпӯш, чашмбанд, чодир), 1) асбобест бо тасвири башараи ҳайвонот ва махлуқоти асотирӣ, ки шаблон базми хурсандӣ ба рӯй мекашанд. Ниқобро аз картон, пластмасса, гил ва дигар чизҳо сохтан мумкин. Ниқоб дар замонҳои қадим ҳангоми шикор ва маросимҳо истифода мешуд. Баъдтар Ниқобро ҳамчун унсури грими актёр дар …

Муфассал »