Нодирпур Нодир (таваллудаш 1929, Теҳрон), шоири эронӣ. Маълумоти ибтидоӣ ва миёнаро дар зодгоҳаш гирифта, соли 1948 барои идомаи таҳсил ба Франсия рафт. Се сол дар Париж ба омӯхтани адабиёти франсавӣ машғул буд. Соли 1951 ба ватанаш баргашт ва минбаъд дар Вазорати фарҳанг ва ҳунар кор кард. Солҳои 1965—1968 дар Франсия …
Муфассал »Архив Месяца: July 2017
Нодиров Рӯзӣ
Нодиров Рӯзӣ (таваллудаш 7.2.1915, деҳаи Айваҷ, ҳозира pайони Шаҳртуз), пахтакор, ветерани меҳнат, Қахрамони Меҳнати Сотсиалистӣ (1948). Иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ. Солҳои 1928—1942 обмон, колхозчӣ, 1945—1962 сардори бригадаи пахтакории колхози «Айваҷ»-и pайони Шаҳртуз ва аз соли 1962 нафаҷахӯри шахсӣ. Бригадаи Нодиров солҳои 1946—1947 ҳосили фаровони пахта рӯёнд. Бо ордени Ленин, медалҳо …
Муфассал »Нодирмуҳаммади Самарқандӣ
Нодирмуҳаммади Самарқандӣ (соли таваллуд ва вафоташ номаълум), мусаввири асрҳои 16— 17 тоҷик. Нодирмуҳаммади Самарқандӣ дар Самарқанд таваллуд ёфта, санъати наққошӣ, хаттотӣ ва мусаввириро аз худ кард. Аз Муҳаммадмуроди Самарқандӣ минётурнигориро омӯхта, дар тазйину ороиши девонҳои Саъдию Хофиз, асарҳои Ҷомӣ иштирок намуд. Чун дар пайкарнигорӣ (портреткашӣ) ба дараҷаи устоди баркамол расид, рӯҳониёни …
Муфассал »Нодирмуҳаммад
Нодирмуҳаммад (соли таваллуд ва вафоташ номаълум), яке аз хонҳои сулолаи Аштархониён, вориси Имомкулихон. С.оли 1642—1645 ҳукм рондааст. Соли 1645 қазоқҳо ба Мовароуннаҳр ҳуҷум карда, то Хуҷанд омадаанд. Нодирмуҳаммад барои зада пеш кардани онҳо бо сардории писараш Абдулазиз лашкар мефиристад. Дар Хуҷанд Абдулазизро хон эълон мекунанд. Нодирмуҳаммад аз ин ҳол огоҳ …
Муфассал »Нодирии Самарқандӣ
Нодирии Самарқандӣ (соли таваллудаш номаълум—вафоташ 1588), шоири тоҷик. Нодирии Самарқандӣ аз донишмандон ва шоирони намоёни Самарқанд буда, дар мадҳу таърифи Низом ном шахсе бисёр шеър гуфтааст. Баъд аз носозгориҳои рӯзгор дилгир шуда, ба Ҳиндустон ҳиҷрат кард. Ба дарбори Ҳумоюн роҳ ёфт ва дар мадҳи ӯ қасидахо дорад. Мероси адабии Нодирии …
Муфассал »Нодирбеки Ҳиравии Самарқандӣ
Нодирбеки Ҳиравии Самарқандӣ (соли таваллудаш номаълум— вафоташ 1549), шоири форс- тоҷик. Дар Ҳирот ба дунё омада, дар Самарқанд камол ёфтааст. Аз ин рӯ нисбаи «Самарқандӣ» низ гирифтааст. Нодирбеки Ҳиравии Самарқандӣ дар аввали умраш ба ҳунармандӣ ва косибӣ машғул буд. Баъдтар ба омӯзиши илму донит пардохт ва ҳамчун шахси донишманд шинохта …
Муфассал »Нодира Моҳларойим
Нодира (тахаллусаш; номаш Моҳларойим; 1792, Андиҷон —1842, Хӯҷанд), шоираи ӯзбеку тоҷик. Аз оилаи ашроф. Завҷаи Умархони Амирӣ (1809—1922). Ба ӯзбекӣ ва тоҷикӣ шеър мегуфт. Шеърҳои тоҷикиашро бо тахаллуси «Макнуна» ё «Комила» менавишт. Баъд аз вафоти Умархон писари 14-солаи ӯ Муҳаммадалихон ба тахт нишаст. Лекин давлатро асосан Нодира идора мекард. Ӯ …
Муфассал »Нодир Шанбезода Ҷамшед
Нодир (тахалл.; фамиля ва номаш Шанбезода Ҷамшед; таваллудаш 20.6. 1908, деҳаи Роштқалъаи pайони Шуғнони ВАБК), шоири советии тоҷик. Аз оилаи деҳқон. Аъзои КПСС аз соли КПСС аз соли 1931. Университети коммунистии Осиёи Миёнаро хатм кард (1932). Солҳои 1933 —1940 дар вазифаҳои котиби Комитети партиявии райони Шуғнон, мудири шӯъбаи Комитети нартиявии …
Муфассал »Нодир Муллодӯсти Бойсунӣ
Нодир Муллодӯсти Бойсунӣ (соли таваллудаш номаълум — вафоташ 1923), шоири тоҷик. Пас аз хатми Мадраса бо корҳои давлатии аморати Бухоро шуғл варзидааст. Вай мударрис, муфтӣ, инчунин дар шаҳри Қаршӣ қозӣ буд. Тазкиравависон, аз ҷумла Мирзо Салимбек (қисмати илҳоқии «Тазкират-уш-шуаро»-и Возед) назму насри Нодирро бо калимаву иборати тумтарок таърифу тавсиф намуда, …
Муфассал »Нодими Ҳисорӣ
Нодими Ҳисорӣ (Соли таваллуд ва вафоташ номаълум), шоири тоҷик (асри 17). Дар Самарқанд зиндагӣ ва эҷод кардааст. Чанд муддат дар Ҳиндустон ҳам иқомат дошт. Нодими Ҳисорӣ шоири қаландарваше буда, умри худро бо сайру саёдат гузаронидааст. Малҳдои Самарқандӣ хабар медиҳад, ки Нодими Ҳисорӣ ба камбағалону бенавоён таваҷҷӯҳи зиёд дошт, ҳамеша бо …
Муфассал »