Маълумоти охирин
Главная / 2017 / July (страница 66)

Архив Месяца: July 2017

Нозим Ҳикмат Ран

0

Нозим Ҳикмат Ран (Nazim Hikmet Ran; 20. 01. 1902, Салоники — 3.6. 1963, Москва), шоир, нависанда ва ходими ҷамъиятии турк. Асосгузори назми револютсонии Туркия. Аз оилаи ашроф. Нозим ҲИКМАТ иштирокчии фаъоли харакати озодихоҳии           миллии Туркия (1918—1922). Асарҳояш аз соли 1917 нашр шудаанд. Соли 1920 аз Истанбули забтшуда ба Анатолия омад. …

Муфассал »

Нозим Фаррухҳусайн

Нозим Фаррухҳусайн (соли таваллудаш номаълум, Ҳирот,— вафот 1657, Ҷахонгирнагари Ҳиндустон), шоири асри 17. Дар Ҳирот касби камол намудааст. Охири умраш дар Ҳиндустон гузаштааст. Аз мероси бадеии ӯ, ба ҷуз чанд шеъри пароканда чизе боқӣ намондааст. Аз ашъори парокаидаи шоир ва маълумоти тазкиранависон пайдост, ки ӯ яке аз адибони пешқадами замон …

Муфассал »

Нозили Xуҷандӣ

Нозили Xуҷандӣ Авазмуҳаммад ибни Ҳоҷимуҳаммад (1790, Хуҷанд — 1876, Хуҷанд), шоири тоҷик. Дар ашъораш «Нозила, «Нозилӣ», «Тирозӣ», тахаллус кардааст. Нозили Xуҷанд дар мактабу мадрасаҳои Хуҷанд ва Хуҷанд таҳсил намуда, аз солҳои 20 асрҳои 19 ба сифати шахси фозил ва шоири намоёни давр шӯҳрат ёфт. Аз ӯ ду девони ашъор — …

Муфассал »

Оҳанги «Нози Наврӯз»

0

«Нози Наврӯз» оҳанги, суруди маросимӣ — мавсимии қадимӣ ки Борбади Марвӣ тасниф намудааст. 2. Шӯъбаи созӣ дар «Ҳаштмақом». 3. Гӯшаи иловагии созӣ дар таркиби шӯъбаҳои «Наврӯзиҳоро», «Наврӯзи Аҷам» ва «Наврӯзи сабо» («Дувоздаҳмақом»), ки барои барҷастатар ва гуворо садо додани қисмҳои созии ин шӯъбаҳо истифода менамуданд.

Муфассал »

Нозематози занбӯри асал

0

Нозематози занбӯри асал як навъ касалии занбури асал, ки паразити якҳуҷайрагии ҷинси нозема ба вуҷуд меорад. Манбаи сироят занбӯри касал мебошад. Спорои но­зема бо асал, шон, гарди гул ва ғайра паҳн мешавад. Дар оилаҳои аз Нозематози сироятёфтаи занбӯри асал ҳангоми зимистонгузаронӣ ё моҳи аввали ба саҳро баровардани канду пеш аз …

Муфассал »

Нозема

0

Нозема (Nosema), ҷинси ҳайвонҳои соддатарини паразитии дохилиҳуҷайрагӣ аз гурӯҳи микроспоридия. Зиёда аз 90 (аз рӯи маълумотҳои дигар қариб 120) намуди Нозема маълум аст. Нозема дар ҳайвонҳо паразитӣ кар­да, бофта ва узвҳои ҷудогона ё тамоми организми соҳибашро иллатнок мекунад. Баъзе намудҳои Нозема кирми абрешим (масалан, Nosema bombycis), моҳӣ, занбӯрӣ асал ва …

Муфассал »

Нозбӯ

0

Нозбӯ, н иё з б ӯ й, 1) б о д р а н ҷ буя, р а йҳо нӣ, р а й ҳо н ӣ л а л мӣ, лимукаҳак, л и м у г и ё ҳ, лимупудина (Melissa Officinalis), гиёҳи хушбӯест аз лабгулҳо. Баландиаш аз 30 то …

Муфассал »

Нодиршоҳи Афшор

0

Нодиршоҳи Афшор  (22.10.1688, Дарагёзи Хуросон — 20. 06.1747, Хабушон, дар ҳамон ҷо), синаҳсолор ва ходими давлатӣ, шоҳи Эрон (1736—1747). Аслан аз қабилаи туркнажоди афшор. Соли 1726 ба хизмати шоҳи Эрон Таҳмоспи II (1722— 1732) дохил шуд. Аз номи шоҳ ба муқобили туркҳо ва афронҳо, ки чанд вилояти Эронро истило карда …

Муфассал »

Нодиршоҳ Муҳаммад

Нодиршоҳ Муҳаммад (09.04.1883, шаҳри Деҳрадуни Ҳиндустон — 08.11.1933, Кобул), шоҳи Афғонистон аз соли 1929. Дар давраи ҷангҳои Афғонистон ба муқобили Англия барои истиқлолият (ниг. Ҷангҳои Англияю Афғонистон), хусусан соли 1919 роли калон бозид. Солҳои 1919—1924 вазири ҳарбӣ, 1924—1926 дар Париж сафир буд. Соли 1926 ба истеъфо баромада, дар Франсия сокин …

Муфассал »

Нодирхоҷаи Азизон

Нодирхоҷаи Азизон (соли таваллуд ва вафоташ номаълум), мусиқишинос, бастакор ва навозандаи асри 16 тоҷик. Зодгоҳаш Ҳирот. Санъати мусиқиро аз падараш Хоҷамқули Азизони Андхӯй омӯхтааст. Дар ибтидо навохтани ной, рубоб, танбур ва дойраро аз худ карда, зимни ин дар сурудани таронаҳои марсияви истеъдоди баланд доштааст. Дар назарияи мусиқӣ рисолае тасниф карда, дар …

Муфассал »