Маълумоти охирин
Главная / 2017 / July (страница 64)

Архив Месяца: July 2017

Нометаллҳо

0

Нометаллҳо, элементҳои химиявие, ки хосияти металли надоранд. Истилоҳи «металлоидҳо», ки баъзан барои ифодаи Нометаллҳо кор мефармоянд аз байн рафтааст. Ба Нометаллҳо 22 элемети мансуб аст: гидроген, нитроген, оксиген, фтор, хлор, газҳои инертӣ, бром, бор, карбон, силитсий, фосфор, сулфур, арсен, селен, теллур, йод ва астат. Атоми Нометаллҳо электрон пайваст карда анионҳои …

Муфассал »

Номенклатура

0

Номенклатура (лот. nomenclatura—номгӯй, рӯихати номҳо), 1) система (маҷмӯъ)-и номҳо, истилоҳотест, ки дар ягон соҳаи илму техни­ка истифода мешавад. Номенклатураҳои зерин мавҷуданд: Номенклатураҳои химиявӣ Номенклатура дар ботаникаю зоология ва микробиология, Номенклатураҳои анатомӣ (ба тартиб даровардани номҳои лотинии объектҳои анатомӣ дар ҳайвонот барои дар ҳамаи мамлакатҳо як хел истифода бурдани онҳо), Номенклатуи …

Муфассал »

Номаҳои бостон

0

«Номаҳои бостон», ёдгории хаттии қадимӣ ба забони суғдӣ. Соли 1906 экспедитсияи археологӣ бо сардории олими англис Аурел Стейн дар харобаҳои манораи дидбонӣ дар қисми ғарбии шаҳри Друан дар Туркистони Шарқӣ кашф кардааст. «Номаҳои бостон» аз нӯҳ мактуби хусусӣ иборатанд, ки суғдиёни сокини Туркистони Шарқӣ аз шаҳрҳои Друан ва Кучан ба …

Муфассал »

Номаи иҷроия

0

Номаи иҷроия, дар СССР навъи хуҷҷати иҷро. Ҳуҷҷатҳои идораи нотариалӣ, ки талаби ситопидани пул ё супоридани ашёи дигарро тасдиқ намуда, зарурати ба суд ё арбитраж муроҷиат намуданро истисно мекунад. Феҳристи ҳуҷҷатҳое, ки мувофиқи онҳо дар асоси номаи иҷрояи маҷбуран ситонида гприфтан мумкин бошад, бо қарори ҳукумати республикаи иттифоқии дахлдор тасдиқ …

Муфассал »

Ном

0

Ном (аз юн. nomos — вилоят, ок­руг), округҳои маъмурӣ дар Мисри Қадим (мисрӣ — с е п а т). Ҳар як Ном маркази сиёсӣ ва динӣ, қӯшун, герб ва худои ҳомии худро дошт. Маъмурияти Ном ба номарх итоат мекард. Миқдори Ном ва ҳудуди онҳо доимӣ набуданд. Дар рӯйхати Подшоҳии Қадим …

Муфассал »

Ном

0

Ном дар мантиқ, ифодаи за­бон, ки ашё (номи хусусӣ ё фарди) ё гурӯҳи ашёро мефаҳмонад; дар ин маврид ашё ба маънои васеаш фаҳмида мешавад. Дар қатори Номҳои хусуси Номҳи предметҳои алоҳида («Пушкин», муаллифи «Тита Андро­ника») ва Номи гурӯҳҳоро (масалан, «инсоният» ҳамчун номи хусусии ҳамаи гурӯҳи одамон) фарқ кардан мумкин аст. …

Муфассал »

Нола Сайидғозӣ

Нола Сайидғозӣ (1763, Истаравшан — 1844, ҳамон ҷо), шоири то­ҷик. Фарзанди Хоҷа Убайдуллоҳи Солик. Аз хурди ба шеъргӯӣ ва омӯзиши илмҳои расмии замон шӯруъ намуд. Пас аз вафоти падараш сарварии доираи адабии Истаравшанро ба ӯҳда гирифт. Умархони Амирӣ Истаравшанро забт намуда, баробари молу ғаноим ва асирон Нокро ба Хуҷанд бурд. …

Муфассал »

Нола

0

Нола—гиря, навҳа, зорӣ, унсури маъмули мусиқии шарқ. Дар як зинаи муайян кашиш ёфтани овоз. Аз байни созҳои мусиқи Нок дар пай хеле зебо садо медиҳад. Қариб дар ҳамаи қисмҳои таронавии «Шашмақом» ва «Дувоздаҳмақом» Нола мавқеъ дорад.

Муфассал »

Нок

0

Нок. Муруд, амруд, куммасро (Pyrus), ҷинси дарахти мевадорест аз оилаи настараниҳо; меваи маъмул. Баландиаш 15-20 м. Танааш ашҳабии тиратоб, чӯбаш зардча, каме гулобӣ ё сафед, навдаи яксола ва муғчааш сермӯяк ё патдор, баргаш гуногуншакл (аз мудаввар то нештаршакл) ё нармонанди чок-чок, хӯшагулаш 6—20-гула, ранги гулаш са­фед ё каме гулобии 5 …

Муфассал »