Носиров Саид Тӯрабоевич (1901, Хуҷанд — 1938, Сталинобод), ветерани маорифи халқ ва маданияти РСС Тоҷикистон, аъзои КПСС аз соли 1923. Дар мактаби ибтидоии Хуҷанд ва мактаби русии маҳаллӣ таҳсил кардааст. Носиров солзои 1918—1920 котиби комитети камбағалони шаҳри Фарғона, котиби комитети комсомолии вилояти Фарғона интихоб гардид, солҳои 1920—1922 ба сафи Армияи …
Муфассал »Архив Месяца: July 2017
Носиров Исмоил
Носиров Исмоил (таваллудаш 1914, деҳаи Ҷӯйбодоми ҳозира pайони Ленин), пахтакор, Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ (1948), Устоди пахтай РСС Тоҷикистон (1957). Солҳои 1933—1947 колхозчӣ, 1947—1952 сардори звенои пахтакории колхози ба номи Г. К. Орҷоникидзе ва аз 1952 колхозчии колхози «Съезди 22- уми партия »-и pайони Ленин буд. Звенои Носиров солҳои 1947—1948 ҳосили …
Муфассал »Носиров Маматочи
Носиров Маматочи (1922. деҳаи Бешогайнии р-н и Олтиарики РСС Узб.—1969, p-ни Регар), пахтакор, Кахрамони Мехнати Социалисти (1948). С-хои 1937—69 колхозчи, сардори звено ва сардори бригадаи пахтакории к-зи ба номи В. И. Лени- ни p-ни Регар буд. Звенои Н. с-ҳои 1947—48 хосили фаровони пахта руёндааст. Бо ордени Ленин, медальхо ва Грамотаи …
Муфассал »Носири Шерозӣ
Носири Шерозӣ Hoсируддини Бачаӣ (соли таваллуд ва вафоташ номаълум), шоири асри 13 форс-тоҷик. Муосири Саъдии Шерозӣ. Носири Шерозӣ дар ноҳияи Бача, байни Форс ва Исфаҳон таваллуд ёфтааст, вале бештар дар Шероз зиндагӣ мекардааст. Носири Шерозӣ ҳамчун шоири ғазалсаро шӯҳрат дошта, ғазали ошидонаро ба ниҳояти хубӣ месурудааст. Ӯ ин навъ ғазали …
Муфассал »Носири Хисрав
Носири Хисрав Абумуинуддин (1004, Қабодиён— 1088, деҳаи Юмгони Бадахшони), шоирн форс-тоҷик, файласуф, арбоби дин. Дар оилаи деҳқони давлатманди асилзода ба дунё омадааст. Падараш бо корҳои давлатӣ шуғл меварзид. Носири Xусрав аз айёми кӯдакӣ ба омӯзиши илмҳои замони худ, азқабили сарфу наҳв, забонн арабӣ, илми адаб, фалсафа. табииёт, тиб, ҷуғрофия, нуҷум, …
Муфассал »Носири Xатиби Шафъавӣ
Носири Xатиби Шафъавӣ Ҳоҷи Носируддин Ҳусайн ибни Ҳиббатуллоҳ ибни Ҳусайн (соли таваллуд ва вафоташ номаълум), шоири асри 14 форс-тоҷик. Роҷеъ ба ҷараёни зиндагӣ ва илмомӯзии ӯ маълумоте пайдо нест. Бино ба ишораи Саид Нафисӣ (дар «Таърихи назму наср дар Эрон ва дар забони форсӣ») ӯ яке аз донишмандон ва шоиронн …
Муфассал »Носири Самаркандӣ
Носири Самаркандӣ (соли таваллуд ва вафоташ номаълум), хаттоти асри 16 форс-тоҷик. Дар Самарқанд ба дунё омада, дар он ҷо таҳсил ва камоли касб кардааст. Хати настаъликро хело олӣ менавиштааст. Бо хати ӯ нусхаҳои зиёдо аз ҷумла «Куллиёт»-и Мавлоно Абдурраҳмони Ҷомӣ (китобат 1569) дар китобхонаҳои Эрону Афғонистон нигоҳ дошта мешавад. Намунаҳои …
Муфассал »Носири Бухороӣ
Носири Бухороӣ Шоҳдарвеш ё Дарвеш Носир (соли таваллудаш номаълум — вафоташ 1371—1372), шоири форс-тоҷик. Айёми ҷавонӣ ва таҳсилоташро дар Бухоро гузаронида, пас аз таҳсил ба сабаби фақирӣ ва тангдастӣ ба шаҳрҳои Хуросон, Озарбойҷон ва Ироқ сафар кардааст. Зиндагии фақирона ва тангдастона доштани ӯро чанде аз тазкиранависон, аз ҷумла Давлатшоҳи Самардандқӣ …
Муфассал »Носири Балҳӣ
Носири Балҳӣ (соли таваллуд ва вафоташ номаълум), шоири тоҷик (асри 17). Аз вилояти Балх. Яке аз мансабдорони давлати аштархонӣ буд ва ба шеъру шоири таваҷҷуҳи зиёде дошт. Малеҳои Самарданқӣ дар тазкираи «Музокир-ул-асҳоб» хабар медиҳад, ки Носири Балҳӣ баробари пеш бурдани корҳои давлатӣ, пайваста шеър менавишт, соҳиби девони тамом буд ва …
Муфассал »Носиралии Сарҳиндӣ
Носиралии Сарҳиндӣ (соли таваллуд номаълум—вафоташ 1697, Деҳлӣ), шоири форсизабони Ҳиндустон. Дар Сарҳинд таваллуд шуда дар ҳамон ҷо маълумоти ибтидоӣ гирифтааст. Аз Носиралии Сарҳиндӣ девони ғазалиёту рубоиёт боқӣ мондааст. Маснавии «Маноҳар ва мадҳомалат» ва манзумаҳое дорад, ки дар онҳо музофоти мухталифи Ҳинд ва урфу одати мардуми он тасвир ёфтаанд. Носиралии Сарҳинд …
Муфассал »