Нубиҳо, халқест, ки дар соҳилҳои дарёи Нил, дар шимоли Республикаи Судон, инчунин дар шимолтари сарбанди Асвон зиндагӣ мекунад. Шумораашон 1,7 млн нафар (1978). Як қисми начандон калонн Нубиҳо дар кӯҳҳои Кордофан (Нубиҳои кӯҳистонӣ) маскунанд. Ба забони нубиӣ ва арабӣ гуфтугӯ мекунанд. Диндорон мусулмонони суннимазҳабанд. Нубиҳо авлодони бевоситаи аҳолии Нубияи Куҳан …
Муфассал »Архив Месяца: July 2017
Шаҳри Нуакшот
Нуакшот (Nouakchott), шаҳр, пойтахти Мавритания, маркаан иқтисодию мадании мамлакат. Дар соҳили уқёнуси Атлантик воқеъ гаштааст. Иқлимаш тропикии биёбовӣ, ҳарорати миёнаи январи 21° С, июл 28° Соли Боришоти солона 150 мм. Аҳолиаш 145 ҳазор нафар (1979). Нуакшот бандари баҳрист; аэропорт дорад. Саноати хӯрокворӣ, чӯбгарӣ ва ғайра ривоҷ ёфтааст. Инчунин корхонаҳои хурди …
Муфассал »Нуайма Михаил
Нуайма Михаил ибни Юсуф (таваллудаш 22. 11. 1889, Бискинтта, Лубнон), адиб ва мунаққиди араб (Лубнон). Аз оилаи насронии камбағал. Дар мактаби Ҷамъияти императории русию фаластинӣ, Дорулмуаллимини Носира, Семинарияи рӯҳонии Полтава (1906—1911) хондааст. Забон ва адабиёти русро хуб медонад. Соли 1911 бо бародараш ба ШМА рафт. Соли 1916 Университети Вашингтонро бо …
Муфассал »Деҳаи Ноҷӣ
Ноҷӣ, деҳаест дар Совети қишлоқ Мирзо Ризои райони Ҳисори РСС Тоҷикистон Территорияи колхози «Москва». Аз Ноҷӣ то маркаэй Совети қишлоқ 2 км, то район ва стансияи роҳи оҳан Хонақоҳ 19 км; роҳаш асфалтпӯш. Аҳолиаш 295 нафар (1981), тоҷикону ӯзбекҳо. Мактаби 8-сола дорад. Соҳаҳои асосии хоҷагӣ — вахтакорию ғаллакорӣ. Заминҳо аз …
Муфассал »Ноҷии Дарвозӣ
Ноҷии Дарвозӣ Аҳмадхоҷа (соли таваллуд ва вафоташ номаълум), шоири тоҷик. Дар деҳаи Кеврони Қалъаихум ба дунё омада, дар асри 19 ва аввали асри 20 умр ба cap бурдааст. Дар «Тазкират-уш-шуароимутааххирин»-и Абдӣ ва маҷм. «Афғонистон» (Кобул, 1955) Ноҷии Дарвозӣ ҳамчун шахси донишманду дорои табъи баланди шоирӣ тавсиф гардидааст. Ашъори боқимондаи Ноҷии …
Муфассал »Деҳаи Ноҷии боло
Ноҷии Боло деҳаест дар Совети қилоқ Мирзо Ризои pайони Ҳисори РСС Тоҷикистон. Территорияи колхози «Москва». Аз Ноҷии Боло то маркази Совети қишлоқ. 2 км, то район ва стансияи роҳи оҳан Хонақоҳ 19 км, роҳаш асфалтпӯш. Аҳолиаш 1150 нафар (1981), тоҷикону ӯзбекҳо. Мактаби 8-сола, магазин дорад. Соҳаҳои асосии хоҷагӣ — пахтаю …
Муфассал »Ноҳияи геосинклиналӣ
Ноҳияи геосинклиналӣ, ноҳии чиндори геосинклиналӣ, қитъаи калону нисбатан ҷудогонаи минтақаи геосинклиналӣ, ки аз ноҳияҳои ҳамшафат бо синни чиндоршавии худ ва хусусиятҳои таърихи инкишофаш фарқ мекунад. Аз системаи кӯҳҳои чиндори синнашон якхела ё ба ҳам наздик (масалан, каледонӣ ё герсинӣ) иборат аст. Тиёвшон, Қазоқистони Марказӣ, Олтою Саян мисоли Ноҳияи геосинклиналӣ шуда …
Муфассал »Ноҳиябандии иқтисодии
Ноҳиябандии иқтисодии, ҷудо кардани ноҳияҳои иқтисодии мамлакат аст, ки аз рӯи тақсимоти территориявию ҷамъиятии меҳнат ташкил ёфтаанд. Дар шароити сотсиализм Ноҳиябандии иқтисодии аз ҷиҳати илмӣ асоснок гардида олоти зарурии баплангирии территорияи хоҷагии халқ, шарти муҳимми такмил додани ташкили территориявии қувваҳои истеҳсолкунанда ва идоракунии иқтисодиёт ба шумор меравад. Ноҳиябандии иқтисодӣ усули …
Муфассал »Ноҳиябандии зилзила
Ноҳиябандии зилзила, муайян кардани баллнокии мавзеъҳои зилзилахеэ, ҳудуди минтақаҳои баллнокии онҳо ва даври такрори зилзила дар ин ноҳияҳост. Харитан Ноҳиябандии зилзила дар асоси комплексона мстифода бурдани маълумотҳои сейсмологӣ (тақсимоти фазоии манбаъҳои зилзила ва зуҳуроти лаппишҳо дар сатҳи замин, магнитуда ва ё энергияи зилзила, такрор ёфтани онҳо дар макону замон, сохти …
Муфассал »Оҳанги Ноқуси
«Ноқуси» 1) оҳанги қадимии маросимист. 2) Шӯъба дар мақоми «Наво», ки байни шӯъбаҳои «Масеҳӣ» ва «Карашма» воқест. 3) Шӯъбаи созӣ дар мақоми «Сегоҳ», ки байни шӯъбаҳои «Масеҳӣ» ва «Шоҳхитой» меояд («Ҳафтдастгоҳ»-и Эрон).
Муфассал »