Нунг, нун (худ б у н у н гӯянд), халқиятест, ки асосан дар шимоли РСВ (зиёда аз 535 ҳазор, 1978) ва РХХ (дар РХХ онҳоро гурӯҳи этнографии чжуанҳо меҳисобанд) маскунанд. Забони Нунг ба забони тойӣ мансуб аст. Дар байни Нунг дину оинҳои қадимии анимистӣ боқӣ мондааст. Машғулияти асосиашон деҳқонӣ, чорводорӣ …
Муфассал »Архив Месяца: July 2017
Ҳарфи Нун
Нун с) номи ҳарфи 25-уми алифбои арабӣ ва 29-уми алифбои арабиасоси тоҷикист. Овозе, ки ин ҳарф ифода мекард, дар алифбои лотиниасоси тоҷики (то соли 1940) бо ҳарфи Н ва аз соли 1940 дар таркиби алифбои русиасоси тоҷикӣ бо ҳарфи Н ифода меёбад. Ин ҳарф аз «Нун»-и финиқӣ пайдо шудааст. Дар …
Муфассал »Нумизматика
Нумизматика (аз лот. numisma, юн. nomisma — танга), фанни ёрирасони таърих аст, ки таърихи тасвироти тангаҳо, катибаҳо, вазн, аз кадом филиз сохта шудан ва аҳамияти онро дар муомилоти пулӣ ва ғайра меомӯзад. Нумезматика ба ҳалли масъалаҳои хронология ва ҳаёти сиёсӣ, маданияти моддӣ, таърихи ҳаёти иқтисодӣ, савдои дохилӣ ва берунӣ имконият …
Муфассал »Нумератсия
Нумератсия (лот. numeratio, аз numero — мешуморам), 1) маҷмӯи усулҳои номгузорӣ ва бо рақамҳо ифода намудани ададҳо. Принсипи нисбатан мукаммали Нератсияи ададҳо принсипи позитсионӣ мебошад, ки мувофиқи он ҳамон як адад (рақам) вобаста ба мавқеи худ қиматҳои гуногунро нишон медиҳад. Ин гуна системаи ҳисоб (системаи Нумератсия) ба он асос карда …
Муфассал »Нумератив
Нумератив (аз лот. numero — мешуморам), калимаву ҳиссачаҳои махсусе, ки ба шумора ҳамроҳ омада, шумори предметҳоро таъкид менамоянд. Масалан: нафар, cap, адад, дона, ҷуфт, банд, бех, даста, -то, -та ва ғайра. Нумеративи нафар бо исмҳое, ки шахсро далолат мекунанд, cap бо калимаҳое, ки ҳайвонотро нишон медиҳанд, адад, дона ва ғайра …
Муфассал »Нуллификатсияи пул
Нуллификатсияи пул (аз лот. nullus — ҳеҷ ва lacio — карда истодаам), бекор кардани пулест, (ки қурбаш якбора хеле паст шудааст. Сабаби асосии Нуллификатсияи пул инфлятсия мебошад. Агар ҳукумат нав шаваду пули ҳукуматп пештараро бекор кунад, ин ҳам Нуллификатсияи пул мешавад. Нуллификатсияи пул яке аз воситаҳои танзими муомилоти пул мебошад. …
Муфассал »Нули мутлақ
Нули мутлақ, сифри мутлақ, нуқтаи сарҳисоби ҳарорати мутлақест, ки аз ҳарорати нуқтаи сегонаи об 273,16 К поён ҷойгир аст (ниг. Шкалаҳои ҳарорат). Дар Нули мутлақ ҳаракати ҳароратии бетартибонаи молекулаҳои модда қатъ мегардад. Дар ҳароратҳои ба Нули мутлақ хеле наздик ҳамаи моддаҳо (ғайр аз гелий) дар ҳолати кристалли сахт боқӣ мемонанд. …
Муфассал »Нукуалофа
Нукуалофа (Nukualofa), пойтахти давлати Тонга. Аҳолиаш зиёда аз 25 ҳазор нафар (1980) . Бандар дар ҷазираи Тонгатабу, дар қисми ғарбии уқёнуси Ором. Ба воситаи бандари Нукуалофи ба хориҷа донаки нахл ва банан бароварда мешавад.
Муфассал »Нуклунҳо
Нуклунҳо, нуклеонҳо, номи умумии протонҳову нейтронҳост, яъне зарраҳое, ки ядрои атомро ташкил медиҳаид. Ниг. низ Нейтрон, Протон.
Муфассал »Нуклеус
Нуклеус (лот. nucleus—гулӯла), пораи санги чақмоқ ё навъи дигари санг, ки аз он олоти сангӣ тайёр карда мешуд. Барои давраҳои Нуклеус ва пораи он палеолит, мезолит, неолит ва энеолит хос аст.
Муфассал »