Нуриддинов Сироҷиддин (таваллудаш 1919, Самарқанд), усто, кандакор, наққош ва рассоми тоҷик. Ходими Хизматнишондодаи Санъати РСС Тоҷикистон (1967). Пас аз хатмни омӯзишгоҳи педагогӣ чанд муддат муаллимӣ кард. Аз соли 1952 ин ҷониб бо Хонаи республикавии эҷодиёти халқ (Душанбе) ҳамкорӣ дорад. Санъати кандакориро мустақилола, аз рӯи эҷоди устоҳои халқии Тоҷикистон (Ю. Баротбеков …
Муфассал »Архив Месяца: July 2017
Нуриандозӣ
Нуриандозӣ, ба хок андохтани нуриро гӯянд, ки миқдор, вакт ва усулҳои истифодаи онро дар асоси харитаи хок ва картограммои агрохимиявӣ муайян мекунанд. Нуриандозии пеш аз кишт ғизогирии растаниро дар тамоми давраи нашв (вегетация), Нуриандозӣ ҳангоми кишт (қаторӣ ва чоркунҷа) сабзиш ва инкишоф, Нуриандозӣ баъди кишт (ғизодиҳии растанӣ) бошад, гизогирин растаниро …
Муфассал »Деҳаи Нури Вахш
Нури Вахш, деҳаест дар Совети қишлоқ Нури Вахши райони Ҷиликӯл, вилояти Қурғонтеппа. Территорияи колхози ба номи Э. Сатторов. Аз деҳа то маркази Совети қишлоқ 5 км, то район 35 км; роҳаш асфалтпӯш. Аҳолиаш 1200 нафар (1981), ӯзбекҳо. Мактаби миёна ва магазин дорад. Соҳаи асосии хоҷагӣ — пахтакорӣ. Заминҳо ба воситаи …
Муфассал »Шаҳри Нурато
Нурато, шаҳрест дар вилояти Навоии РСС Ӯзбекистон, маркази райони Нурато. 85 км шимолу, шарқтар аз стансияи роҳи оҳан Навоӣ ва 256 км шимолу ғарбтар аз шаҳри Самарқанд, дар доманаи кӯҳи Оқтор (шохаи кӯли Нурато) воқеъ гаштааст. Аҳолиаш 14 ҳазор нафар (1975). Дар наздикии шаҳр комбинати мармари Розгон ва комбинати саноати …
Муфассал »Нурато
Нурато, қаторкӯҳест дар вилоятҳои Ҷиззах, Самарқанд ва Навоии РСС Ӯзбекистон, ки онро аз Нурато водии Зарафшон, аз Ҷануби водии Сангзор ва аз Шимоли биёбони Қизилқум иҳота кардаанд. Нурато шохаи шимолии ғарбии қаторкӯҳи Туркистон буда, аз ду қаторкӯҳи ба ҳам мутавозӣ — Нуратои Шимолӣ ва Нуратои Ҷанубӣ иборагг аст. Тӯлаш 170 …
Муфассал »Нуралӣ
Нуралӣ, қаҳрамони эпоси «Гӯрӯғлӣ», набераи Гӯрӯғлӣ, писари Аваз, модараш Қарақӯзи баҳодур. Дар бораи таваллуд ва корномаҳои ӯ дар репертуари гурӯғлихонони тоҷик достонҳои зиёд вуҷуд доранд. Аз тифлӣ осори паҳлавонӣ дар симояш зоҳир мешавад. Дар яксолагӣ ғайраташ ба кӯдаки ҳафтсола баробар будааст. Нуралӣ ҷавони зебо, чобук, зираку зуровар буда, дар паҳлавонӣ …
Муфассал »Нуралиев Юсуф Нуралиевич
Нуралиев Юсуф Нуралиевич (таваллудаш 05. 10. 1936, деҳаи Нулванди райони Калъаихумн ВАБК), фармакологи советӣ, доктори илмҳои тиб (1973). Соли 1961 факултети муолиҷавии Институти давлатии тиббии Тоҷикистонро хатм кардааст. Солҳои 1961—1962 ординатор, 1963—1966 аспирант, 1967—1968 ассистенти кафедраи фармакологияи Институти давлатии тиббии Тоҷикистон, 1969—1972 докторанти Институти давлатии тибби санитарию гигиении Ленинград, аз …
Муфассал »Нуралиев Тошбек
Нуралиев Тошбек (таваллудаш июли 1913, деҳаи Чинор, райони Пахтаобод), пахтакор, Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ (1948). Иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941—1945). Солҳои 1940—1941 мудири магазин, 1946—48 колхозчӣ, сардори звено, 1949—1954 сардори бригадаи пахтакории колхози «Якуми Май»-и райони Ҳисор, 1954—1956 мироби район, 1956—1959 ҳисобчии фермаи колхози ба номи Карл Маркс, 1959 —1964 кассири …
Муфассал »Нур
Нур, мавҷҳои электромагнитии дарозиҳояшон аз 400 то 750 нм-ро гӯянд, ки чашми инсон дарк мекунад.
Муфассал »Халқи Нупе
Нупе (худ н у п еси зи гӯянд), халқест маскуни Нигерия (асосан дар штатҳои шимолӣ— шарқӣ ва Квара). Тақрибан 1,7 млн. нафар (1975). Забони Нупе ба забонҳои ква мансуб аст. Диндорон мусулмонанд; баъзе унсурҳои дину оинҳои анъанавӣ низ боқӣ мондаанд. Нупе аз ҷиҳати маданият ба халқҳои гбари ва игбира қаробат …
Муфассал »