Обишифо, оби минералиест, ки 23 километр ғарбтари шаҳри Исфара (вилояти Ленинободи РСС Тоҷикистон ) аз пармачоҳ ҷорӣ мешавад. Он аз қабатҳои олой ва бухорои давраи палеоген аа чуқуриҳои 400—450 метр ва 1430—1460 метр мебарояд. Оби пармачоҳ ғарм (19— 27° Селсия), таркибаш аз гидрогенсулфид (370—560 миллиграмм/литр), намаки бор (128 грамм/литр), намаки …
Муфассал »Архив Месяца: July 2017
Дехаи Обиширин
Обиширин, дехаест дар Совети қишлоқи Кангурти райони Совет, вилояти Кӯлоб, Территорияи совхозии «Кангурт». Аз Обиширин то маркази Совети қишлоқ 2 километр, то район 31 километр. Аҳолиаш 1400 нафар (1981), тоҷикон. Мактаби 8-сола, магазин ва осиёи электрӣ дорад. Соҳаҳои асосии хоҷагӣ — ғаллакории лалмӣ, обчакорӣ, чорво ва кирмакдорӣ. Сокинони деҳа аз …
Муфассал »Чашмаи Обишир
Обишир, чашмаи минералии обаш хунук дар водии дарёи Дижикрӯди райони Айнии вилояти Ленинобод. Чашма дар зонаи тектоникӣ (рӯғеҷаи байни ҷинсҳои палеозой — аз боло ва таҳнишастҳои мезозой — аз поён) ҷой гирифта, дебиташ 0,3 литр/сония ва ҳарорати обаш 11° Селсия аст. Обишир ба гурӯҳи обҳои гази карбонатдор, сулфиди гидроген, силикат, …
Муфассал »Обишир
Обишир, мағораҳоест дар давраи мезолит, ки дар маҷрои қадимаи дарёи Сӯх, соҳили рости сои Обишир. вилояти Фарғона воқеъ аст. Соли 1966 отряди археологии Институти таърих ва археологияи Академияи Фанҳои РСС Узбекистон дар Обишир хафриёт гузаронд. Мағораҳои 1 ва 5 ба ҳазораи 8 то милод тааллуқ доштаанд. Обишири 1—25,5 метр паҳноӣ, …
Муфассал »Деҳаи Обихирф
Обихирф, деҳаест дар Совети қишлоқи Зиддии pайони Ленини РСС Тоҷикистон. Территорияи совхози ба номи Ҳасан. Аз Обихирф то маркази Совети қишлоқ 4 километр, то район 92 километр. Аҳолиаш 330 нафар (1981), тоҷикон. Мактаби ибтидоӣ ва магазин дорад. Соҳаҳои асосии хоҷагӣ — чорводорӣ ва тамокукорӣ. Заминҳо аз дарёчаи Зиддӣ обёрӣ мешаванд.
Муфассал »Чашмаи обисафед
Обисафед, чашмаи гарми минералӣ дар pайони Ғарми PCG Тоҷикистон 22 километр шимоли ғарбтари деҳаи Ҳоит, дар водии дарёи Қароқушхона воқеъ аст. Оби чашма аз тарқишҳои тектоникии байни табақаи оҳаксангу варақсангҳои силури боло ҷорист. Дебиташ 10—12 л/сония, ҳарорати об 51° Селсия. Оби чашма аз қабили обҳои силисий (50 миллиграмм/литр), фтор (11 …
Муфассал »Деҳаи Обисангбур
Обисангбур, деҳаест дар Совети қишлоқи Ҷавонони райони Файзободи РСС Тоҷикистон Территорияи совхози «Фаизобод». Аз деҳа то маркази Совети қишлоқ 3 километр, то район 3,5 километр; роҳаш қисман асфалтпӯш. Аҳолиаш 430 нафар (1981), тоҷикон. Соҳаи асосии хоҷагӣ — ғаллакорӣ. Сокинони деҳа аз обиҳои Сангбур истифода мебаранд.
Муфассал »Обираҳмат
Обираҳмат, мағораест дар давраи палеолит. Дар 100 километр шимоли шарқи Тошкент, дар қаторкӯҳи Кӯксу, болотар аз истироҳатгоҳи Обираҳмат ва посёлкаи Бурчимулло дар баландии 1250 метр аз соҳили баҳр воқеъ аст. Солҳои 1964—65 бостоншиноси ӯзбек Р. X. Сулаймонов тадқиқ намуд. Дар Обираҳмат 21 қабати таҳшини ғорӣ дар чуқурии 10 метр ошкор …
Муфассал »Деҳаи Обиравшан
Обиравшан, деҳаест дар Совети қишлоқ Ховалинги райони Кӯлоби, вилояти Кӯлоб. Территорияи совхози «Ховалинг-1». Аз Обиравшан то маркази Совети қишлоқ 2 километр; то район 70 километр. Аҳолиаш 490 нафар (1981), тоҷикон. Деҳа фермаи бӯрдоқипарварӣ дорад. Соҳаҳои асосии хоҷагӣ — ғаллаю обчакорӣ, чорво ва кирмакдорӣ. Заминҳо аз чашмаи Замбӯрак обёрӣ мешаванд.
Муфассал »Деҳаи Обиошуқ
Обиошуқ, деҳаест дар Совети қишлоқи “50-солагии РСС Тоҷикистон”-и pайони Куйбишев, вилояти Қӯрғонтеппа. Территорияи совхози ба номи Ҷомӣ. Аз деҳа то маркази Совети қишлоқ 40 километр, то район 46 километр. Аҳолиаш 225 нафар (1981), тоҷикон. Деҳа мактаби 8-сола ва магазин дорад. Соҳаи асосии хоҷагӣ—чорводорӣ. Сокинони деҳа аз оби чашмаҳо истифода мебаранд.
Муфассал »