Обнинск, шаҳрест дар вилояти Калугаи РСФСР, дар соҳили дарёи Прот- ва (шохоби Ока). Стансияи роҳи оҳан дар хатти Москва — Брянск, 106 километр ҷануби ғарбтар аз Москва. Аҳолиаш 72 ҳазор нафар (1978). Дар Обнинск аввалин дар ҷаҳон стансияи электрии атомӣ сохта шудааст (1954). Маркази муҳими илмӣ. Институтҳои тадқиқоти илмии радиологияи …
Муфассал »Архив Месяца: July 2017
Обмӯрӣ
Обмӯрӣ ҷӯяк, нова, қубури махсусест, ки барои аз таги девор, бино, иншоот гузаронидан, инчунин бо мақсади аз ҳавлӣ, хона ва ғайра берун кардани об месозанд. Одатан, ба таг ва тарафҳои Обмӯрӣ санг/хишти пухта чида болояшро бо санг, хишт ва ғайра мепӯшанд. Ҳоло асосан аз ғӯлбаҳои филизӣ, асбестӣ ва баъзан чӯбину …
Муфассал »Обмонӣ
Обмонӣ, обдорӣ, обёрӣ, обдиҳии заминҳои кишт, чарогоҳ ва ғайра. Усулҳои Обмонӣ (вобаста ба тақсими об дар замин ва онро аз худ кардани хок) ҷӯякӣ (обро ба ҷӯякқо cap медиҳанд), палакӣ (оби ба палҳои дароз сардодашуда баробар паҳн мешавад) ва обкӯлкунӣ мешавад. Обмонии ҷӯякиро ҳангоми кишти пахта, лаблабуи қанд, ҷуворимакка, сабзавот …
Муфассал »Обмонии пеш аз кишт
Обмонии пеш аз кишт, обмонии киштзор пеш аз кишт барои нам кардани сатҳи болоии хок, бо мақсади пурра сабзонидани тухмӣ ва инкишофи хуби растанӣ дар давраи якуми нашв. Нигаред низ Обмонӣ.
Муфассал »Облоқулов Баёнқул
Облоқулов Баёнқул (таваллуд 15. 3. 1939, деҳаи Моғиёни pайони Панҷакенти вилояти Ленинобод), сароянда ва ҳофизи тоҷик, Ҳофизи Халқии РСС Тоҷикистон (1978). Аз оилаи деҳқон. Соли 1962 пас аз хатми Омӯзишгоҳи мусиқии ба номи Содирхони Ҳофиз (ш. Ленинобод) дар Театри халқии ш. Панҷакент вазифаи роҳбари бадеиро адо менамуд. Соли 1963 директори …
Муфассал »Облигасия
Облигасия (аз лотинӣ Obligatio — ӯҳдадорӣ), коғази қимматнок, ки соҳибаш ҳуқуқ дорад вобаста ба қиммати он ба шакли фоиз даромад гирад. Муассиса ё шахсе, ки Обласияроро мебарорад, ӯҳдадор мешавад, ки пас аз мурури вақти муайян Облигасияро боз харида гирад, ғайр аз ин дар муддати амали Облигасия соҳиби он ба шакли …
Муфассал »Облепиха
Облепиха, нигаред. Ангат.
Муфассал »Обкома
Обкома (оби матлуб, оби гуворо), моеъеро гӯянд, ки нӯшиданаш гуворо аст. Обкомаро аз чизҳои гуногуни турш ҳосил мекунанд.
Муфассал »Обкашак
Обкашак, мошини оббарор, мошикн ва механизмҳоест, ки барои интиқоли моеот, асосан об хизмат мекунанд. Обкашак моеъро асосан аз ҳисоби тағйири қувваи потенсиалии он мебарорад. Обкашакҳои содда, манҷаниқ ва ғарғара аз чоҳҳо об мекашанд. Обкашакҳои нисбатан мураккаб, аз ҷумла винти Архимед, чархи оббарор, нория ва ғайра ба миқдори зиёд ва муттасил …
Муфассал »Обканд
Обканд, нигаред Xaндақ.
Муфассал »