Обқарчиғай, деҳаест дар Совети қишлоқи Нофароҷи pайони Ӯротеппа, вилояти Ленинобод, Территорияи совхози «Шаҳристон-З». Аз Обқарчиғай то маркази Совети қишлоқ 3 километр, то район 14 километр; роҳаш асфалтпӯш. Аҳолиаш 610 нафар (1981), тоҷикон. Мактаби миёна, клуб, китобхона, шуъбаи алоқа дорад. Соҳаҳои асосии хоҷаги — чорводорӣ, ғаллакорӣ. Заминҳо аз Сои Навобод обёрй …
Муфассал »Архив Месяца: July 2017
Обӣ
Обӣ, номи дигари биҳй.
Муфассал »Дарёи Обь
Обь, яке аз калонтарин дарёҳои СССР ва ҷаҳон; дар обгузаронӣ баъди Енисей ва Лена сеюмин дарёи Иттифоқи Советист. Аз ҳамроҳшавии дарёҳои Бия ва Катун (дар Олтой) ба вуҷуд меояд. Аз Ҷануб ба Шимол территорияи Сибири Ғарбиро бурида мегузарад ва пеш аз ба халиҷаки Оби баҳри Кара ҷорӣ шуданаш делтаро (масоҳат …
Муфассал »Объективизм
Объективизм, усули омӯзиши воқеият, ки даъвои «бетарафӣ» дорад ва худдорӣ кардан аз муҳокимаи илмию танқидӣ дар бораи мақому мақсади масъалаҳои аҳамияти идеологӣ дошта, махсусан хулосаҳои назариявӣ ва партиявӣ (нигаред Партиявият) модияти он аст. Объективизм даъвои объективияти донишро дошта бошад ҳам, дар асл донишро на танҳо маҳдуду танг месозад, балки доираи …
Муфассал »Объектив
Объектив, қисми ба объект нигарондашудаи системаи оптикӣ ё худ системаи оптикии мустақилест, ки аз якчанд линза иборат буда, тасвири оптикии ҳақиқии объектро ба вучуд меорад. Ин тасвирро бо окуляр визуалӣ мушоҳида кардан ё дар сатҳи ҳамвор (баъдан дар сатҳи каҷ) сабт намудан мумкин аст. Объектиҳо аз рӯи сохташон л и …
Муфассал »Объекти ҳуқуқ
Объекти ҳуқуқ, муносибатҳои ҷамъиятие, ки онҳоро ҳуқуқ дар шароити муайяни иҷтимоию иқтисодӣ ва сиёсӣ ба манфиати синфи хукмрон (дар ҷамъияти сотсиалистӣ ба манфиати халқ) танзим мекунад. Объекти ҳуқуқ муносибатҳои сиёсӣ, меҳнатӣ, хоҷагӣ, заминӣ ва ғайраро дар бар мегирад. Давлат дар нормаҳои ҳуқуқ рафтори мақбули аъзоёни ҷамъият, ҳуқуку вазифаҳои органҳои давлатӣ, …
Муфассал »Объект
Объект (лотинӣ objectum—предмет, аз лотинӣ objicio — ба пеш мепартоям, муқобил мегузорам), чизест, ки дар муқобили фаъолияти амалӣ ва маърифатии субъект қарор мегирад. Объект ашёест, ки ба фаъолияти инсон пайваст шуда, новобаста ба шуур ва иродаи ӯ вуҷуд дорад. Дар айни замон объективияти реалӣ бароӣ ҳар як фарди дарккунанда чун …
Муфассал »Обчинак
Обчинак, коғазест, ки бо вай хати бо сиёҳӣ навиштаро хушконанд; қоғази тунук.
Муфассал »Обченкунак
Обченкунак (Amphibiocorisae, Gerromorphа), якчанд оилаи ҳашарот (Hydrometridae, Mesoveliidae, Hebridae ва Gerridae)-po гӯянд, ки ба ганданафасакҳои обӣ мансубанд. Танааш борики дарозрӯя (дарозиаш 2—34 миллиметр) аст: пойҳояш дароз буда, барои дар об озод ҳаракат кардан ё тез лағжидан мувофиқ шудааст. Қисми поёни танааш бо мӯякҳои нуқрагуни тарна- шаванда пӯшида шудааст. Аксарияти Обченкунак …
Муфассал »Обчакорӣ
Обчакорӣ, соҳаи растанипарварй, парвариши растаниҳои полизӣ (тарбуз, харбуза, каду ва ғайра). Нигаред Растаниҳои полизӣ.
Муфассал »