Олия (соли таваллуд ва вафот номаълум), мутрибаи асри 7 форс-тоҷик. Дар дарбори Хисрави Парвиз ҳунарнамоӣ мекард. Махсусан дар хондани сурудҳои маросимӣ ва таронаҳои силсилаи «Хусравонӣ»-» Борбад («Нӯшинбода», «Ҳуққаи Ковус», «Ганди бодовард») маҳорати бемисол дошт.
Муфассал »Архивы за день : 28.07.2017
Олимҷонов Анвар
Олимҷонов Анвар (таваллуд 2.6.1930, авули Қорлиғош, ҳозира pайони Андрееви вилояти Тӯлдиқӯрғон), нависандаи советии қазоқ. Аъзои КПСС аз соли 1953. Ба забони русӣ менависад. Университети давлатии Қазоқистонро хатм кардааст (1954). Аз соли 1955 муҳаррири газ. «Ленинская смена» ва мухбири «Литературная газета» дар Қазоқистон буд. Солҳои I960—70 ҳодими масъули киностудия» «Қазоқфилм», мухбири …
Муфассал »Олимӣ Қутбиддин
Олимӣ Қутбиддин (1. 5. 1908, Хуҷанд—3. 3. 1970, Душанбе), кинорежиссёри советии тоҷик. Ходими Хизматнишондодаи Санъати Республикаи Советии Сотсиалистии Тоҷикистон (1958). Яке аз аввалин кормандони кинои тоҷик. Дар курси киноактёрони шаҳри Душанбе ва баъдтар дар Институти давлатии санъати театрии ба номи А. В. Луначарский таҳсил кардааст. Шавқу ҳаваси Олимиро ба санъати …
Муфассал »Олимхон
Олимхон (1880—1946), охирин амири Бухоро аз сулолаи Манғития. Олимхон баъди вафоти падараш Абдулаҳадхон (январи 1911) ба тахт нишаста, то 1 сентябри 1920 ҳукм ронд. Дар мактаби қӯшунҳои савораи Николаевски Петербург хондааст. Соли 1902 Олимхон аввал ҳокими Қаршӣ, баъдтар чун валиаҳд дар вилояти Кармина ҳоким шуд. Дар давраи ҳукмронии Олимхон тобеияти …
Муфассал »Олимхон хони Қӯқанд
Олимхон (соли таваллуд номаълум —вафот 1810), хони Қӯқанд, ки солҳои 1801—10 ҳукм рондааст. Писари Норбӯтабий аз сулолаи Мингҳо. Тамоми умрашро дар ҷангу талош бо ҳамсояҳо ва бартараф кардана низоъҳои дохилӣ гузаронид. Дар аҳди Олимхон Фарғона, Тошкент, Чимкент ба хонии Қӯқанд ҳамроҳ карда шуданд. Сиёсати истилогаронаи Олимхон, ки мехост давлати пурқуввати …
Муфассал »Шаҳри Олимпия
Олимпия (Olympia), шаҳри қадими юнонӣ дар Элида (қисми шимоли ғарбии Пелопоннес), маркази дин, парастишгоҳи Зевс ва ҷои гузаронидани Бозиҳои олимпӣ; муҳимтарин маркази санъати Юнони Қадим. Ансамбли меъмории Олимпия асосан асрҳои 7—4 то милод ташаккул ёфтааст. Олимпия баъди ғалабаи масеҳият рӯ ба танаазул ниҳод, соли 426 бошад, бо фармони императоря Рим …
Муфассал »Олимпиада
Олимпиада (юнонӣ olympias), 1) мусобиқаҳоест, ки дар шаҳри Олимпияи Юнони Қадим дар дар 4 сол гузаронида мешуданд (нигаред Бозиҳои олимпӣ). Ҳисоби вақтро муаррих Тиме муайян кардааст. Соли 776 то милод соли нахустини Олимпмада ҳисоб меёбад. 2) Дар ҳаракати олимпии ҳозиразамон дар давоми 4 сол гузаронидани мусобақае, ки дар соли якуми …
Муфассал »Олимов Фаттоҳ
Олимов Фаттоҳ (таваллуд 1908, деҳаи Риштони райони Олтиариқи вилояти Фарғона, Республикаи Советии Сотсиалистии Ӯзбекистон), пахтакор, Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ (1957), Агрономи Хизматнишондодаи Республикаи Советии Сотсиалистии Тоҷикистон (1957). Аъзои КПСС аз соли 1945. Солҳои 1925—27 донишҷӯ, 1927—31 муаллим, 1931—43 агроном (аввал дар Риштон ва баъди соли 1933 дар Тоҷикистон), 1944 —60 директори …
Муфассал »Олимов Мирзораҳмат
Олимов Мирзораҳмат (1891, Хуҷанд, Ленинободи ҳозира — 15. 6. 1971, Душанбе), наққоши тоҷик. Рассоми Халқии Республикаи Советии Сотсиалистии Тоҷикистон (1959). Аъзои КПСС аз соли 1969. Яке аз муборизон ва барпокунандагони фаъоли Ҳокимияти Совети дар Тоҷикистон. Дар оилаи наққош Мирзоолим Носиров таваллуд ёфтааст. Санъати наққоширо аввал аз падар ва баъдтар аз …
Муфассал »Олимов Исмоилҷон
Олимов Исмоилҷон Юсуфович (таваллуд 18. 10. 1936, Ленинобод), невропатологи советӣ, доктори илмҳои тиб (1976). Соли I960 Институти давлатии тиббии Тоҷикистонро хатм кардааст. Солҳои 1960— 61 духтур-невропатологи курорти Хоҷаобигарм, 1961 —62 ординатори клиникии кафедраи бемориҳои асаби Институти давлатии тиббии Тоҷикистон, 1962—65 аспиранти кафедраи бемориҳои асаби Институти давлатии тиббии 1-ми Москва ба …
Муфассал »