Округи Автономии Таймир (Долгану Ненесҳшо), дар ҳайа- ти кишвари Краснояри РСФСР. 10 декабри 1930 ташкил шудааст. Дар Доираи Қутби Шимолӣ воқеъ аст. Аз Шимол онро баҳрҳои Кара ва Лаптевҳо иҳота кардаанд. Масоҳат 862,1 ҳазор километр2. Аҳолиаш 44 ҳазор нафар (1979), асосан русҳо, инчунин долганҳо, ненесҳо, нганасанҳо, энсҳо. Зичии аҳолӣ дар …
Муфассал »Архивы за день : 27.07.2017
Округи Автономии Ненесҳои Ямал
Округи Автономии Ненесҳои Ямал, дар ҳайати вилояти Тюмени РСФСР. 10 декабри 1930 ташкил шудааст. Дар Ақсои Шимол, дар ҳамвории Сибири Ғарбӣ воқеъ гардидааст; 50% территорияи он дар паси Доираи Қутби Шимолӣ ҷой дорад. Онро баҳри Кара иҳота кардааст. Ҷазираҳои Белый, Олений, Шокалский ва ғайра ба он дохиланд. Масоҳат 750,3 ҳазор …
Муфассал »Округи Автономии Ненесҳо
Округи Автономии Ненесҳо, дар ҳайати вилояти Архангелски РСФСР. 15 июли 1929 ташкил шудааст. Дар интиҳои Шимоли Шарқ ҳамвории Европаи Шарқӣ воқеъ аст. Онро баҳрҳои Сафед, Баренс, Печора, Кара иҳота кардаанд. Масоҳати 176,7 ҳазор километр2. Аҳолиаш 47 ҳазор нафар (1979). Асосан Ненесҳо, русҳо, инчунин комиҳо, украинҳо ва дигар халқҳо зиндагӣ мекунанд. …
Муфассал »Округи автономии Корякҳо
Округи автономии Корякҳо, дар ҳайати вилояти Камчаткаи РСФСР. 10 декабри 1930 ташкил ёфтааст. Масоҳат 301,5 ҳазор километр2. Аҳолӣ 34 ҳазхор нафар (1979). Дар Округи автономии Корякҳо асосан русҳо, корякҳо, чукчихо, ителменҳо ва эвенҳо зиндагӣ мекунанд. Зичии миёнаи аҳолӣ дар 1 километр2 0,1 нафар. Ба 4 райони маъмурӣ ва 5 поселкаи …
Муфассал »Округи Автономии Коми Пермиҳо
Округи Автономии Коми Пермиҳо, дар ҳайати вилояти Перми РСФСР. 26 феврал 1925 ташкил шудааст. Масоҳат 32,9 ҳазор километр2. Аҳолӣ 173 ҳазор нафар (1979), аҳолии асосӣ коми-пермиҳо ва русҳо. Зичии миёнаи аҳолӣ дар 1 километр2 5,3 нафар; аҳолии шаҳр 24%. Ба 6 район тақсим шуда, 1 шаҳр, 3 поселкаи типпи шаҳр …
Муфассал »Округи Автономии Бурятҳои Уст-Ӯрда
Округи Автономии Бурятҳои Уст-Ӯрда, дар ҳайати вилояти Иркутски РСФСР. 26 сентябр 1937 ташкил шудааст. Масоҳат 22,4 ҳазор километр2. Аҳолиаш 133 ҳазор нафар (1979), асосан бурятҳо, русҳо, инчунин, тоторҳо, украинҳо, белорусҳо ва дигар. Зичии аҳолӣ дар 1 километр2 6,0 нафар Округ ба 6 райони маъмурӣ тақсим шуда, 4 птш дорад. Марказаш …
Муфассал »Округи Автономии Бурятҳои Ага
Округи Автономии Бурятҳои Ага, дар ҳайати вилояти Читаи РСФСР. 26 сентябр 1937 ташкил шудааст. Дар ҷануби шарқии Забайкалия воқеъ аст. Масоҳат 19,0 ҳазор километр2. Аҳолиаш 69 ҳазор нафар (1979). Аҳолии маҳаллӣ бурятдҳо, инчунин русҳо, украинҳо, тоторҳо. Округ ба 3 райони маъмурӣ тақсим шуда, 3 птш дорад. Марказаш — птш Ачинское. …
Муфассал »Окленд
Окленд (Auckland), шаҳрест дар ҷазираи Шимолии Зеландияи Нав. Маркази маъмурии музофоти Окленд. Аҳолиаш 151 ҳазор нафар (4976, бо атрофаш 747,7 ҳазор нафар). Бандари калони баҳрӣ дар халиҷи Хаураки. Аэропорташ аҳамияти байналхалқӣ дорад. Дар шаҳр соҳаҳои саноати мошинсозӣ (электротехникӣ, нақлиётӣ ва киштисозӣ), хӯрокворӣ (ширу панир ва гӯшт), бофандагӣ. дӯзандагӣ, чарму пойафзол, …
Муфассал »Шаҳри Окленд
Окленд (Oakland), шаҳр ва бандарест дар ғарби Штатҳои Муттаҳидаи Америка, дар соҳили шарқии халиҷи Сан-Франсискои штати Калифорния. Аҳолиаш 331 ҳазор нафар (1975). Маркази тиҷорату нақлиёт. Саноати киштисозӣ ва таъмири киштӣ, коркарди металл, хӯрокворӣ, химия тараққӣ кардааст. 3аводи васли автомобил дорад. Окленд базаи ҳарбии баҳрист.
Муфассал »Окладников Алексей Павлович
Окладников Алексей Павлович (3. 10. 1908, деҳаи Тыпта, ҳозира pайони Жигалови вилояти Иркутск —18. 11. 1981, Москва), археолог, муаррих ва этнографи советӣ, академики Академияи Фанҳои СССР (1968; аъзо-корреспондент, 1964). Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ (1978). Ҳодими Хизматнишондодаи Илми РАСС Ёқут, (1956), РСФСР (1957), РАСС Бурят, (1968) ва PCС Тоҷикистон (1978). Аз оилаи …
Муфассал »