Нуқтавия (ар. — аз нукта ҷараёни динии бидъатиест, ки соли 1398 дар Эрон аз тарафи Маҳмуди Пасехонӣ (Гелонӣ) таъсис шудааст. Маҳмуди Пасехонӣ пайдоиш ва зухури ҳама чизро аз як нуқта (хок) медонист ва пайравони ӯ бо номи аҳли Нуқтавия маъмул гаштанд. Аҳли Нуқтавия ба таносух бовар доранд. Ба ақидаи онҳо …
Муфассал »Архивы за день : 17.07.2017
Нуқта
Нуқта (ар. — изи ниҳоят хурди чизҳои нӯктез чун қалам, сӯзан ва ғайра) дар математика, яке аз мафҳумҳои асосии геометрия. Ҳангоми ба таври системавӣ баён намудани геометрия ба сифати мафҳумҳои ибтидоӣ Нуқтаро қабул мекунанд. Дар математикаи муосир элементҳои табиаташон гуногун, ки аз онҳо фазоҳои ҳархела тартиб ёфтаанд низ Нуқта номида …
Муфассал »Нуқсон
Нуқсон (ар. — айб, норасоӣ, камбудӣ), қусур, тақсир, камбуд, айб, костӣ, ботил шудан ва кам гаштани ин ё он хусусияти табии аъзо ва ё узверо гӯянд.
Муфассал »Нуқси инкишоф
Нуқси инкишоф аномалияи и н к и ш о ф, инҳирофи сохти мӯътадили организм дар просесси инкишофи дохилибатнӣ ё баъди таваллуд Нуқси инкишоф аз таъсири омилҳои ирсӣ (нигаред Бемориҳои ирсӣ) ё зарарнок (алкогол, диабети модар, бемориҳои вирусӣ ё паразитии модар ё ҷанин ва ғайра), ки ба эмбрион (ҷанин) бевосита таъсир …
Муфассал »Нуқси дил
Нуқси дил тағйироти патологии сохти дил, ки боиси вайрон шудани функсияи он мегардад. Нуқси дил дар натиҷаи инкишофи нодурусти модарзодӣ (Нуқси дили модарзодӣ) ва баъди таваллуд cap задани бемориҳои дил (Нуқси дили ғайримодарзодӣ) пайдо мешавад. Нуқси дили модарзодӣ (тағйир ёфтани шакли клапанҳои дил, нуқсони рагҳои калон ё девораи байни қисмҳои …
Муфассал »Нуқс ва камол
Нуқс ва камол (саҳеҳтараш нақс — айб, камбудӣ, костӣ, норасоӣ ва пуррагӣ, томӣ, фазилат), мафҳумҳои фалсафианд, ки ҳолату хусусият, кайфияту вазъияти мухолифи одамиро ифода мекунанд. Дар Нуқс ва камол ғолибан зина- ҳои таҳаввулоту такомулоти маънавию ҷисмонӣ ва ахлоқӣ инъикос мешаванд. Мафҳумҳои Нуқс ва камол дар равияю таълимотҳои мухталифи фалсафию ахлоқӣ …
Муфассал »Нуқра
Нуқра (сими холиси гудохста, лотинӣ Argentum), Ag, элементи химиявии гурӯҳи I системаи даврии Мендалеев, рақами ат. 47, массаи ат. 107,868. Нуқраи табиӣ аз 2 изотопи собит ,07Ag ва ,09Ag иборат аст. Аз изотопҳои радиоактивиаш ,I0Ag (давраи нимкоҳишаш 253 шаборӯз) аҳамияти амалӣ дорад. Нуқра дар Миср, Эрон ва Хитой аз қадим …
Муфассал »Нуғнуғатон
Нуғнуғатон ду мушакест, ки дар пешгоҳи ҳалқум ҷой гирифтааст ва барои фурӯ бурдани таом хизмат мекунад. (Пищевод)
Муфассал »Деҳаи Нушор
Нушор, деҳаест дар райони Ғарми РСС Тоҷикистон, маркази Совети қишлоқ Нушор. Территорияи совхози «Ҳаёти Нав». Аз Нушор то маркази район 45 километр; роҳаш асфалтпӯш. Аҳолиаш I860 нафар (1981), тоҷикон. Мактаби миёна, китобхона, клуб, кинотеатр, Пункти тиббӣ, устохонаҳои дӯзандагӣ, таъмири пойафзол дорад. Соҳаҳои асосии хоҷагӣ — чорводорӣ, боғдорӣ ва картошкакорӣ. Заминҳо …
Муфассал »Нушич Бранислав
Нушич (НушиЬ) Бранислав (8. 10. 1864, Белград—19. 1. 193§, ҳамон ҷо), нависанда ва драматурги серб, академик АФ Сербия (1933). Маълумоти ҳуқуқшиносиро дар университети Белград гирифтааст. Соли 1887 барои суруди ҳаҷвии «Ду ғулом», ки ба муқобили шоҳ Милан Обреновичгуфта буд, ба ҳабс гирифта шуд ва пас аз як сол бо афви …
Муфассал »