Нотоунгулятҳо (Notoungulata), як қатори ширхӯрҳои мунқариз. Аз сабаби ба сумдорҳо наздик буданашон Нотоунгулярҳоро сумдорҳои Америкаи Ҷанубӣ низ меноманд. Аз палеоген то плейстосен зиндагӣ кардаанд. Баъзе Нотоунгулятор (типотерия) аломатҳои сумдору хазандаҳоро дошта, дигарашон (энтеловихия, токсодонҳо) ба каркадан ва тапирҳо монанд буданд. Тахмин мекунанд, ки Нотоунгулятҳо дар Осиё аз кондиляртрҳо пайдо шуда, …
Муфассал »Архивы за день : 12.07.2017
Нотозаврҳо
Нотозаврҳо (Nothosauria), як зерқатори хазандагони мунқаризро гӯянд, ки ба зерсинфи синаптозаврҳоро мансубанд. Дарозиашон то 3 м. Бештар аз таҳнишастҳои давраи триаси Европа ёфт шудаанд. Тахмин мекунанд, ки Нотозаврҳо аждоди плезиозаврҳо будаанд. Асосан моҳи ва дигар ҷонварони обиро мехӯрданд. Нотозаврҳо ба хушкӣ ҳам баромада метавонистанд.
Муфассал »Нотариат
Нотариат ( аз лот. notatius — котиб, мирзо), системаи органҳое, ки тасдиқи аҳдҳо, ба расмият даровардани ҳуқуқҳои меросӣ, тасдиқит ҳуҷҷатҳо ва ғайраро ба амал мебарорад. Дар СССР ташкил ва фаъолияти Нотаро қонуни СССР аз 19 июли 1973 «Оид ба нотариати давлатӣ» («Ведомостҳои Совети Олии СССР», 1973, № 30, моддаи 393) …
Муфассал »Нотанависӣ
Нотанависӣ, нотатсия, системаи аломатҳои хаттии шартист, ки усули навишти хос дошта, овозҳои мусиқиро ифода мекунад. Усули Нотанависӣ имрӯза маҳсули ҷустуҷӯйҳои зиёди илми ва амалин халқҳои гуногун дар тӯли қарнҳо мебошад. Дар Мисри қадим овозҳои мусиқиро бо усули пиктографӣ (тасвирӣ) ифода мекарданд. Дар Бобулистон усули идеографи (ҳузвориши)-и навишти овозҳои мусиқии бо …
Муфассал »Нота дар ҳуқуқ
Нота дар ҳуқуқ, муроҷиатномаи хаттии ҳукумати як давлат ба ҳукумати давлати дигар. Ба воситаи он ба муқобили амалиёти нодуруст изҳори ақида карда мешавад. Нота одата аз тарафи як давлат фиристонида мешавад. Изҳороти хаттии якчанд давлат ба як давлат оид ба ягон масъалаи муайян дар шакли Нотаи коллективӣ баён карда мешавад. …
Муфассал »Нота
Нота (лот. nota — аломати хатӣ), мулоҳиза, нуқтаи назар, даъво, огоҳӣ, хабар), 1) аломати хаттии шартӣ баро ифодаи баландӣ ва дарозии овозҳои мусиқӣ. 2) Варақ, дафтар ва китобҳое, ки дар онҳо асари мусиқӣ бо усули чопӣ ё дастӣ навишта мешаванд.
Муфассал »Носут
Носут (ар. Oj-U — олами ҷисмонӣ; зулмони, инсонӣ), истилоҳест дар фалсафаи асримиёнагӣ (бештар дар тасаввуф), ки олами ҷисмонӣ ва дорои замону маконро (ба муқобили лоҳут) ифода менамояд. Гӯё олами Носут аз олами лоҳут вобаста буда, қавну фасод хоси он мебошад. Раҳнамоӣ олами Носут ақли фалакӣ буда, ба воситаи он олами …
Муфассал »Носур
Носур (захми кӯҳна), фистула (аз лот. fistula — найча), сӯрохии патологиест, ки бо ёрии он узвҳои ковоки бадан бо муҳити беруна робита пайдо мекунад ва ё бо дигар узвҳо пайваст мешавад. Носур модарзодӣ, ғайримодарзодӣ ва сунъӣ мешавад. Носури модарзодӣ аз нуқси инкишоф (масалан, Носури ноф) ва ғайримодарзодӣ дар натиҷаи просессҳои …
Муфассал »Носкаду
Носкаду 1) ч и л и м к а д у, чӯбкаду (Lagenaria vulgaris), растении яксолаест аз оилаи кадуиҳо. Дарозии палакаш 2—3 м. Баргаш мудаввари дилшакл, гушадоре 3-парраи махмалин (дарозиаш 10—40 см), гулаш сафед (диаметраш 7—10 см), мевааш ҳаҷман ва шаклаш хеле гуногун. Моҳҳои июну июл гулу мева мекунад. Одатан …
Муфассал »Носирӣ Қаюм
Носирӣ Қаюм (14.02. 1825-02. 09. 1902, Қазон), адиб ва олими маорифпарвари тотор. Дар Мадраса (1841— 1855) таҳсил намуда, аз дарсҳои Университети Қазон ба сифати сомеъ баҳравар гардидааст. Солҳои 1871—1876 дар Қазон мактаби русӣ-тоторӣ кушод ва худаш дарс медод. Дар фаъолияти педагогиаш аз К. Д. Ушинский ва Л. Н. Толстой илҳом …
Муфассал »