Ношпотӣ, ношпӯтӣ, нӯшпот ӣ, як навъ мурӯд. Баландии дарахташ 7—9 м. Баргашm калол (дарозиаш ба ҳисоби миёна 10—13 см, бараш 5,5—6 cm)l байзашакли дарозрӯя, мевааш лунда ё байзашакл (вазни як донааш 80—85 г), пӯсташ тунук, сахт, ширину нордон, хушбӯй, сершираву хуштаъм буда, 9,85% қанд, 0,15% ҷавҳар ва 1 мг% витамини …
Муфассал »Архивы за день : 12.07.2017
Ноншф
Ноншф (ар. —ҷаббанда), давоеро гӯянд, ки рутубатҳои ҷориро аз аъзо ба худ кашад.
Муфассал »Ношира
Ношира (ар. —густуранда), рагҳоеро номанд, ки дар дохил ва беруни бозу аз оринҷ то ангуштон кашида шудаанд.
Муфассал »Нохунон
Нохунон, д а ғ а л п ӯ с т ӣ, сахт ва да ға л ш а в и и пӯст, тасаллуби (интисоби) ҷилд, ки ба истилоҳи д е р м а т о с к л о р о л машҳур аст.
Муфассал »Нохуна
Нохуна нохуншакл), 1) пардаи гӯшмонанди сафедтобест, ки дар гӯшаи чашм аз тарафи бинӣ падид меояд ва ба тадриҷ авч гирифта сӯи сиёҳии чашм ҳаракат мекунад. Агар илоҷ накунанд, сиёҳии чашмро фаромегирад ва чашмро кур мекунад. Ҳаракати он ба монанди расидани нохун мебошад. 2) бемориест дар аспу хар.
Муфассал »Нохун
Нохун 1) бофтаи шоҳии нӯги ангушт. Нохун аз нӯг (канори заёде, ки дар болои болиштаки панҷа ҷаста баромадааст), тана ва реша иборат аст. Дар асосаш ҷӯякча воқеъ аст, ки аз он Нохун мунтазам (дар одам бо ҳисоби миёна дар як моҳ тақрибан 3 мм) дароз мешавад. Иллати Нохун якчанд хел …
Муфассал »Кӯли Нофин
Нофин, кӯлест дар дараи Шинги райони Панҷакент, вилояти Ленинобод. Дар нишебии шимоли қаторкӯҳи Ҳисор, дар қисми миёнаоби дарёи Шинг (шохоби рости дарёи Моғиён, ҳавзаи Зарафшон) воқеъ гаштааст. Баландии кӯл аз сатҳи баҳр 1779 м. Масоҳаташ 0,50 км2, т ӯ л и он 2750 м, бараш ба ҳисоби миёна 182 м, …
Муфассал »Деҳаи Нофароҷ
Нофароҷ деҳаест дар pайони Уротеппаи вилояти Ленинобод, маркази С. К. Нофароҷ. Территорияи совхози «Шаҳристон- 3». Аз Нофароҷ то маркази район 11 км; роҳ асфалтпӯш. Аҳолиаш 580 нафар (1981), тоҷикону ӯзбекҳо. Нофароҷ мактаби миёна, пункти тиббӣ, ошхона дорад. Соҳаҳои асосии хоҷагӣ — чорводорию ғаллакорӣ. Замниҳо аз оби сои Навобод обёрӣ мешаванд.
Муфассал »Ноф
Ноф, узвест дар одам ва ҳамаи ҳайвонҳои ширхӯри ҳамроҳакдор, ки чанинро бо ҳамроҳак ва ба воситаи он ба организми модар пайваст мекувад. Ноф асосан аз бофтаҳои моеъи ғализ иборат буда, аз он ду артерия ва як венаи ноф мегузарад. Ғафсии Нофи ҷанини солим 1—1,5 см ва дарозиаш қариб 50 см …
Муфассал »Ноумен
Ноумен (аз юн. noumenon — даотрас), истилоҳест, ки дар фалсафаи асрҳои миёнаи Ғapб ва давраи Эҳё васеъ ястифода шуда, бар хилофи феномен чизи ба воситаи ақл шинохташавандаро ифода мекард. Дар фалсафаи И. Кант муродифи «чизи дар худ» аст. Ноуменро баъди Кант як қатор файласуфони буржуазия идеалист истифода бурдаанд.
Муфассал »