Маълумоти охирин
Главная / 2017 / June / 05 (страница 6)

Архивы за день : 05.06.2017

Ниммустамлика

0

Ниммустамлика, то инқирози системаи мустамликадории импери­ализм мамлакати зоҳиран мустақили иқтисодиёташ сусттараққикардаеро гӯянд, ки аз тарафи капитали хориҷӣ назорат карда мешуд ва сиёсати берунию дохилии он пурра дар зери таъсири давлатҳои империалистӣ буд. Hигаред, низ Мустамликаҳо ва сиё­сати мустамликадорӣ.

Муфассал »

Деҳаи Нимич

0

Нимич, дедҳаест дар Совети қишлоқи Ҷафри pайони Ғарми РСС Тоҷикистон Территорияи совхози зотпарварӣ. Аз Нимич то маркази Совети қишлоқи 12 километр; то район 32 километр; роҳ асфалтпӯш. Аҳолиаш 800 нафар (1982), то­ҷиком. Деҳа мактаби миёна, китобхона, клуб, устохонаҳои либосдӯзӣ, таъмири пойафзол, сартарошхона дорад. Соҳаҳои асосии хоҷагӣ — чорводорӣ ва тамокукорӣ. …

Муфассал »

Нимейер Оскар

0

Нимейер (номи пуррааш Нимейер Суарис Филю Nimejer Soares Fil-ho) Оскар (таваллуд 15. 12. 1907, Рио- де-Жанейро), меъмори Бразилия. Аъзои Партияи Коммунистии Бра­зилия. Мактаби санъати миллии Рио-де-Жанейроро хатм намудааст (1934). Яке аз асосгузорони мак­таби меъмории муосири Бразилия. Дар лоиҳаҳои Нимейер тамоми имкониятҳои конструксияҳои оҳану бетон ва материалҳои дигар пурра ба назар …

Муфассал »

Нимбутта

0

Нимбутта, растаниҳои бисёрсола, ки қисми поёнии навҳадояшон ба чуб табдил ёфта, якчанд сол боқӣ мемонанду қисмҳои болоии онҳо алафӣ буда, ҳар сол нобуд мешаванд (бо ҳамин аз бутта ва буттача фарқ мекунанд). Баландин Нимбутта одатан то 80 сантиметр (баъзан 150—200 сантиметр) мешавад. Ба Нимбутта терескен, бештари намудҳои дармана, астрагалҳо, боялиҷҳо, …

Муфассал »

Нилуфариҳо

0

Нилуфариҳо (Nymphaeaceae), оилаи растаниҳои дупаллагӣ. Гиёҳҳои бисёрсолаи обӣ. Баргашон калон-калон (диаметраш то 2 метр) буда, одатан дар рӯи об шино мекунанд. Гули дуҷинса (диаметраш 35 сантиметр) до­ранд. 8 ҷинс — тугмачагули обӣ, нилуфар, гули садра, эвриала, камоба лаълигул (виктория), бразения ва барклая ва қариб 100 намудашоп дар ҳама ҷо (ғайр …

Муфассал »

Нилуфар

0

Нилуфар, 1) нилупал, ним­фея (Nymphaea), ҷинси растаниҳои обии бисёрсолаест аз нилуфариҳо. Баргаш калон (диаметраш то 40 сантиметр), дилшакл, думчааш дароз, гулаш калон (диа- метраш то 20 сантиметр), сергулбарги рангоранг, мевааш мудаввари сертухм. Дар дунё 40 намуди Нилуфар мерӯяд. Дар СССР 3 намудаш месабзад; Н.илуфари сафед (N. alba), Нилуфари сапсафед (N. …

Муфассал »

Деҳаи Нилу

0

Нилу, деҳаест дар Совети қишлоқи Хонақоҳи Кӯҳии райони Ҳисори РСС Тоҷикистон Территорияи совзози ниҳолпарварии «Дружба*. Аз Нилу то маркази Совети қишлоқ 8 километр, то рай­он 25 километр; роҳ асфалтпӯш. Аҳолиаш 1600 нафар 14982), тоҷикон. Мактаби миёна, клуб, пункти тиббӣ, магазин ва нонвойхона дорад. Соҳаҳои хоҷагӣ — боғу тоқзорӣ ва ниҳолпарварӣ. …

Муфассал »

Нилотҳо

Нилотҳо, гурӯҳи халқҳои хеш, ки дар ҳавзаҳои болоӣ ва миёнаи Нил, соҳилҳои дарёҳои Баҳрулҷабалу Собати Республикаи Судон, дар ҳудуди байни кӯлҳои Виктория ва Рудолфи Угандаю Кения, дар Тан­зания, инчунин районҳои сарҳадии Республикаи Заир, Эфиопия ва Рес­публикаи Мисри Араб (РМА) зиндагӣ мекунанд. Шумораашон дар Рес­публикаи Судон бештар аз 4 миллион нафар …

Муфассал »

Деҳаи Нилкон

0

Нилкон, деҳаест дар Совети қишлоқ Роҳатии pайони Ленин» РСС Тоҷикистон Территорияи колхози «Роҳатӣ». Аз Нилкон то маркази Совети қишлоқ 5 километр, то район 37 километр; роҳ асфалтпӯш. Аҳолиаш 1200 нафар (1982), тоҷикон. Деҳа мактаби 8-сола, пункти тиббӣ ва магазин дорад. Соҳаҳои асосии хоҷагӣ — пахтаю ғаллакорӣ, боғу токдорӣ, чорводорӣ ва …

Муфассал »

Нилак

0

Нилак (Amorpha), ҷинси раста­ниҳои буттаӣ ва нимбутта, мансуби лӯбиёиҳо. Барги тоқа-тоқаи паршакли мураккаб, гули майдае дорад, ки дар хӯшагул ҷойгир шудааст. Қа­риб 20 намудаш дар Америкаи Шимолӣ паҳн шудааст. Аксари намуд­ҳои онро дар боғҳои ботаникии СССР парвариш мекунанд. Аз онҳо A. fru- ticosa чун растании ороишӣ парва­риш мешавад. Вай растании …

Муфассал »