Маълумоти охирин
Главная / 2017 / May (страница 62)

Архив Месяца: May 2017

Навдонак

Деҳаест дар Совети қишлоқ Қалъаи Сурхи pайони Ғарми РСС Тоҷикистон Территорияи совхози «Қаротегин». Аз Навдонак то маркази Совети қишлоқ 10 км, то район 9 км; роҳаш асфалтпӯш. Аҳолиаш 615 нафар (1982), тоҷикон. Деҳа пункти тиббӣ дорад Соҳаҳои асосии хоҷагӣ — чор­водорӣ, богдорӣ, тамокую картошкакорӣ. Заминҳо аз чашмаҳо обёрӣ ме­шаванд.

Муфассал »

Навдидор

2

Деҳаест дар Совети қишлоқ Меҳнатободи райони Коммунистӣ, вилояти Қурғонтепла. Территорияи колхози «Комму­низм». Аз Навдидор то маркази Совети қишлоқ 12 км, то район 19 км; роҳаш асфалтпӯш. Аҳолиаш 570 нафар (4982), ӯзбекон. Мактаби ибтидоӣ, магазин, фермаи говпарварӣ дорад. Соҳаҳои асосии хоҷагӣ — пахтакорӣ ва чорводорӣ. Заминҳо ба  воситаи канал аз деҳаи …

Муфассал »

Навдеҳ

Деҳаест дар Совети қишлоқ Тугмазори pайони Орҷоникидзеободи РСС Тоҷикистон Территорияи колхози ба номи Карим Исмоилов. А Навдеҳ то маркази Совети қишлоқ 14 км, то район 54 км. Аҳолиаш 530 нафар (1982), тоҷикон. Деҳа мактаби 8-сола, магазин ва фермаи говпарварӣ дорад. Соҳаҳои асосии хоҷагӣ — чорводорӣ ва зироаткорӣ (чуворимакка, лаблабу ва …

Муфассал »

Навда

2

Навда дар ботаника, яке аз узвҳои асосии растаниҳои дараҷаи олист, ки аз поя, барг ва муғча иборат аст. Навда дар ҳаёти растанӣ мақоми хосе дорад. Ҳар як қисми он вазифаи муайянро иҷро мекунад. Муғча сабзиш ва афзоиши нашвии растаниро таъмин менамояд; барг вазифаи фотосинтез ва транспиратсия (бухоркунӣ)-ро иҷро мекунад; поя …

Муфассал »

Навгилем

2

Деҳа, маркази Совети қишлоқ Навгилеми pайони Исфара, вилояти Ленинобод. Территорияи совхози «60-солагии Ок­тябр». Аз Навгилем то маркази район 3 км; роҳаш асфалтпӯш. Аҳолиаш 6925 нафар (1982), асосан тоҷиков. Деҳа 2 мактаби миёна, китобхона, киноте­атр, хонаи маданият, амбулатория, дорухона, нуқтаҳои хизмати маишӣ, универмаг, 5 магазин, 5 нонвойхова, ошхона, 3 чойхона, ҳаммом …

Муфассал »

Навгарзан

2

Посёлкаи типи шаҳрӣ (аз 29 август 1964), тобеи Совети шаҳрии Чкалови вилояти Ленинобод. Аз Навгарзан то маркази шаҳр 270 км, то стансияи роҳи оҳан наздиктарин — Ангрен 60 км. Аҳолиаш 2100 нафар (1982), асосан русҳо ва тоҷикон. Посёлка мактаби миёна, клуб, пункти тиббӣ, касалхо- на, ошхона, шӯъбаи алоқа дорад., Навгарзан …

Муфассал »

Навбунёд

Деҳаест дар Совети қишлоқ Оҷгазаи pайони Вахш, вилояти Қӯрғонтеппа. Территорияи колхози «Москва». Аз Навбунёд то маркази Совети қишлоқ 3 км, то район 10 км; роҳаш асфалтпӯш. Аҳолиаш 765 нафар (1982) ӯзбекҳо ва тоҷикон. Мактаби 8-сола, магазин, чойхона дорад. Соҳаи асосии хоҷагӣ — пахтакорӣ. Заминҳо аз канали Дарахтзор обёрӣ мешаванд. Деҳа …

Муфассал »

Навбулоқ

Деҳаест дар Совети қишлоқ Саричашмаи pайони Москва, вилояти Кӯлоб. Территория совхози ба номи Жданов, Аз Навбулоқ то маркази Совети қишлоқ 9 км, то район 94 км; роҳаш шағалпӯш. Аҳолиаш 315 нафар (1982), тоҷикону ӯзбекҳо. Деҳа мактаби ибтидоӣ, фермаи бурдоқипарварӣ дорад. Соҳаҳои хоҷагӣ — ғаллакори, боғу ток ва чорводорӣ. Заминҳо аз …

Муфассал »

Навбаҳорӣ

2

1)суруди маросимӣ-мавсимӣ, ки Борбади Марвӣ ба шарафи иди Наврӯз эҷод наму­дааст. 2) Шӯъбаи созӣ дар «Ҳаштмақом». 3) Гӯшаи созӣ дар «Дувоздаҳмақом», ки он яке аз қисматҳои муҳими шӯъбаҳои «Наврӯзи Сабо», «Наврӯзи Аҷам» мебошад.

Муфассал »

Навбатдорӣ

2

Навбатдорӣ, ҳ а қ қ и навбатд о р ӣ, мувофиқи ҳуқуқи меҳнатии советӣ баъди анҷоми сменаи корӣ, дар рӯзҳои истироҳат ё ид дар корхона, муассиса мондани коргар ба­рои иҷрои корҳои таъҷилие, ки онҳо ба кори муқаррарии вай дахл надоранд. Навбатдорӣ танҳо бо ризоияти комитети маҳаллии фабрикию заводии иттифоқи касаба …

Муфассал »