Маълумоти охирин
Главная / 2017 / May (страница 53)

Архив Месяца: May 2017

Назария

2

Назария (ар. — нигоҳ кардан), ба маънои васеаш маҷмӯи ақидаҳо, тасаввурот, ғояҳост, ки ягон ҳодисаро шарҳу таъбир медиҳанд; дар маънои нисбатан маҳдуд ва махсус системаи мантиқан муташаккили донишҳои илмиест оид ба қоқуният ва робитаҳои муҳими як соҳаи муайяни воқеият (объекти ҳамин Назария). Ба ибораи В. И. Ленин «дониши назариявӣ бояд …

Муфассал »

Деҳаи Назарбоӣ

2

Назарбоӣ, деҳаест дар Совети қишлоқ Саричашмаи райони Москва, вилояти Кӯлоб. Территорияи совхози ба номи А. А. Жданов. Аз Назарбоӣ то маркази Совети қишлоқ- 18 км, то район 1О0 км. Аҳолиаш 625 нафар (1982), то- ҷикон. Мактаби 8-сола, пункти тиббӣ, магазин дорад. Соҳаҳои асосии хоҷагӣ — ғаллакорӣ, чорводорӣ, бо­ру токпарварӣ ва …

Муфассал »

Нажодпарастӣ

2

Нажодпарастӣ, и р қ п а р а с т ӣ, маҷмӯи таълимотҳои зиддиилмиест, ки нобаробарии ҷисмонию рӯҳонии нажодҳои одамӣ ва нуфузи ҳаллоли тафовути нажодиро ба таъриху фарҳанги ҷамъиятӣ талқин мекунад. Тамоми шаклҳои Нажодпарастӣ ақидаи бардурӯғи азалӣ будани фарқҳои нажоди олию оддӣ, ҳуқуқи золимию мазлумиро эътироф менамоянд. Нажодпарастӣ тамаддуни ҷаҳониро …

Муфассал »

Нажоди Помиру Фарғонагӣ

2

Нажоди Помиру Фарғонагӣ нажоди Мовароуннаҳр, як типи нажодиро гӯянд, ки ба нажоди калони европои мансуб аст. Антро­пологи советӣ Л. В. Ошанин онро «нажоди Мовароуннаҳр», А. А. Ярхо бошад, «нажоди помиру фарғонагӣ» номидаанд. Ҷиҳатҳои фарқкунандан он қомати баланду миёна, мӯю чаш­мони сиёҳ, пӯсти гандумгун, бинии борики теғадор, риши ғуллию сермӯии бадан …

Муфассал »

Нажоди муғули

2

Нажоди муғули, яке аз калонтарин нажодҳои инсон. Аз нажодҳои дигар бо мӯйсари сиёҳи дурушти рост, баъзан ҷиншла, чашмони сиёҳ, пӯс­ти гандумгуни бештар зардчатоб ё рӯй ва бинии паҳн, мавҷудияти эпикантус ва инкишофи бештари пил­ки болоӣ фарқ мекунад. Дар Осиё ва Америка (Ҳинднён) паҳн гардидааст. Ба якчанд нажодҳои хурд тақсим мешавад: …

Муфассал »

Нажоди зангӣ

2

Нажоди зангӣ, н а ж о д и  н е г р ҳ о, шохаи африкоии нажоди экваторист. Аз нажодҳои дигар бо пӯсти сиёҳ мӯйсари ҷингила, бинии паҳн, лабони ғафс ва барҷастагии ҷоғҳо фарк мекунад. Истилоҳи «Нажоди. зангӣ» баъзан ҳамчун синоними нажоди экваторӣ истифода мешавад.

Муфассал »

Нажоди евроосиёӣ

2

Нажоди евроосиёӣ, яке аз калонтарин нажодҳои инсон. Дар Европа, Африкаи Шимолӣ, Осиёи Пеш ва Миёна, Ҳиндустони Шимолӣ, Сибири Ҷанубӣ паҳн гардидааст. Ба одамони ин нажод пӯсти сафед ё гандумгун, мӯйсари мулоими рост ё ҷингила, сермӯии бадан ва узвҳои таносул, бинии борики барҷаста, лабони нозук, ортогнатиэм хос аст. Ранги чашму мӯйсари …

Муфассал »

Нажод дар биология

2

Нажод дар биология, як гурӯҳ организмҳоро гӯянд, ки дар до­хили намуд ё ернамуд аз рӯи хусусиятҳои экологи ё баъзан географӣ аз ҳам ҷудо шудаанд. Фардҳое, ки ба Нажод мансубанд, хусусиятҳои мор­фологию физиологӣ ва экологии ба ҳам монанд доранд. Дар ихтиология бо истилоҳи «Нажод» гурӯҳи моҳиҳои як маҳалро ифода мекунанд. Истилоҳи …

Муфассал »

Нажоди асл, насаб

2

Нажод асл, насаб, гурӯҳи одамони таърихан дар маҳалли муайян ташаккулёфтаро гӯянд, ки дар як вақт пайдо шудаанд. Ягонагии пайдоиши онҳо бо аломатҳои муштараки морфологию физиолога ифода гардида, ба андозае дар ҳудуди муайян тағйир меёбанд. Гурӯҳҳои асосии Нажод Инсонияти ҳозира аз рӯи Нажод ба се гурӯҳи асосӣ ҷудо мешавад: европоӣ, зангӣ …

Муфассал »

Надсон Георгий Адамович

2

Надсон Георгий Адамович (23. 5. 1867, Киев —5. 12. 1940), микроби­олог ва ботаники советӣ, академияи АФ ИТТИҲОДИ ШӮЪРАВӢ (1929), Ходими Хизматнишои- додаи Илми РСФСР (1933). Шӯъбаи табиатшиносии Университети Петербургро (1889) хатм намуда, то соли 1896 дар ҳамон ҷо аз анатомия, физиология, морфология, систематикаи растаниҳо ва микробиология дарс додааст. Солҳои 1897—1934 …

Муфассал »