Назиршоев Асомиддин (таваллуд 1924, деҳаи Арбобдараи ҳозира райони Орҷиникидзеооод), пахтакор, Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ (1948). Солҳои 1939—1940 колхозчӣ, 1940—1948 сардори звенои пахтакорӣ ва аз соли 1948 колхозчии колхози ба номи Эрнст Телман (ҳоло с-овхози ба номи Эрнст Телман)-и райони Орҷоникидзеобод. Званои Н. солҳои 1946—1947 ҳосили фаровони пахта рӯёнд. Бо ордени Ленин …
Муфассал »Архив Месяца: May 2017
Назиров Кенҷа
Назиров Кенҷа (таваллуд 1921, Совети қишлоқ Чиртаки ҳозира pайони Турсунзода), пахтакор, Қанрамони Меҳнати Сотсиалистӣ (1957), Устоди пахтаи РСС Тоҷикистон (1957).Аъзои КПСС аз соли 1943. Солҳои 1938—1939 колхозчӣ, 1939—1941 муаллим ва хонандаи мактаби муаллимтайёркунӣ, 1941—1944 иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ, 1944 —1947 инструктори Комитети партиявии pайони Регар (собиқ Пахтаобод), 1947—1948 котиби ташкилоти …
Муфассал »Назирии Нишопурӣ
Назирии Нишопурӣ Муҳаммадҳусайн (соли таваллудаш номаълум— вафот 1612), шоири эронӣ. Назирии Нишопурӣ аслан аз Нишопур буда аз ҷавонӣ ба шеъру шоирӣ шавқи зиёд доштааст. Пас аз чанде аз Нишопур ба Кошон омада дар ҷамъомадҳо мушоираҳои шуарои он ҷо иштирок карда, сипас ба Ҳиндустон рафтааст. Дар он ҷо ба хидмати дарбори …
Муфассал »Назири Акбарободӣ
Назири Акбарободӣ Валимунаммад (тақр. 1740 Деҳлӣ — 1830, Агра), шоири ҳинду. Ба забони урду менавишт. Намояндаи равияи демократи дар адабиёти ҳинду Назари Акбарободӣ воқеият ва ҳаёти ҷамиятии Ҳиндустонро реалистока тасвир мекард. Назари Акбарободӣ доираи мавзӯъ, ғоя ва жанрҳои назми урдуро васеъ намуд. Маишат ва ахлоқи мардуми оддии ҳинд мавзӯи ашъори …
Муфассал »Назира
Назира (ар. муаннаси мисл, монаид), як шакли анъанавии шеър, ки дар адабиётҳои Шарқи Наздик ва Миёна интишор ёфта буд. Назира сарфи назар аз мавриди гуфта шуданаш ҳамеша як навъ қувваозмоӣ, имтиҳону санҷиши маҳорат ва мусобиқаи адабӣ мебошад. Адиби назирагӯй аксар барои нази расароӣ асарҳои беҳтарин ва машҳуртарини адибони бузурги гузашта …
Муфассал »Назим
Назим ( Абдулбоқихоҷаи Бебок (соли таваллуд ва вафоташ номаълум), шоири асри 19 тоҷик. Ҳашмат дар «Тазкират-уш-шуаро» номи ӯро Сайид Муҳаммадхоҷа зикр кардааст. Дар мадрасаҳои Бухоро таҳсил ва баъд мударрисӣ кардааст Аз айёми таҳсил бо тааллуси «Бебок» шеър мегуфтааст, вале дар охири умр «Назим» тахалл. кардааст. Мувофиқи маълумоти тазкираи Возеҳ «Тӯҳфат-ул- …
Муфассал »Наззоми метеорӣ
Наззоми метеорӣ (аз ар.— тезчашм, дурбин, дақиқбин ва метеорҳо) як системаи агрегатҳои фотографист, барои мушоҳидаи метеор (шиҳоб)-ҳо. Ҳар як агрегати Наззоми метеорӣ одатан аз 4—6 камераи фотографии фарохзовия иборат аст. Камераҳоро тавре ҷой медиҳанд, ки онҳо якҳоя қисми ҳаддалимкон калонтарини осмонро дар бар гирифта тавонанд. Macалан, Наззоми метеории Институти астрофизика …
Муфассал »Наззом
Наззом (тахалл., номаш Иброҳим ибни Сайёр ибни Хонӣ; соли таваллудаш номаълум, Балх — тахм. 845), файласуфи арабзабони форс-тоҷик. Дар Басра таҳсил кардааст. Наззом доир ба масъалаҳои мухталифи фалсафӣ асарҳои зиёде таълиф кардааст, лекин онҳо то имрӯз боқи намондаанд. Афкори фалсафии Наззом дар асарҳои Абумансури Бағдодӣ, Муҳаммади Шаҳристонӣ, Азудуддини Иҷӣ, Насируддини …
Муфассал »Наздикшавии мафҳуми математики
Наздикшавӣ, мафҳуми математикиест, ки ҳудуд доштани бузургии тағйирёбандаро ифода мекунад. Ба ҳамин маъно дар бораи Наздикшавии пайдарпаи, Наздикшавии касри бефосила, Наздикшавии зарби беохир, Наздикшавии интеграл ва ғайра сухан рондан мумкин аст. Наздикшавии пайдарпаии {аn} (п = 1, 2, …) ҳудуди охирнок доштани пайдарпай, яъне lim ап = а; Наздикшавии қатори …
Муфассал »Наздикшавии шарти
Наздикшавии шарти, мафҳуми таҳлили математикист. Агар қатори наздикшавандаю қатори n аp қиматҳои мутлақи узвҳои он тар- тиб додашуда ип| дуршаванда бошанд, қатори n шартан наздик- шаванда номида мешавад. Маcалан, қатори шартан наздикшаванда мебошад, зеро қатори аз ниматҳои мутлақи узвҳои он тартибдодашуда — (қатори гармоникӣ) дуршаванда аст. Агар қатор шартан наздик- …
Муфассал »