Наимои Бухороӣ (соли таваллуд ва вафоташ номаълум), шоири асри 17 тоҷик. Ҷузъиёти тарҷумаи ҳолаш дар тазкираву маъхазҳои адабӣ на- омадааст. Дар тазкираи «Музокир- ул-асҳоб»-и Малеҳои Самарқандӣ Наимои Бухорои ҳамчун шоири нуқтадон ва дар илми шеър тавонову моҳир ёд шудааст. Дар пайравии Абдурраҳмони Мушфиқӣ девоне мураттаб кардааст, вале то ҳол пайдо …
Муфассал »Архив Месяца: May 2017
Наимов Қаробой
Наимов Қаробой (таваллудаш 10. 02. 1923, деҳаи Мингтути ҳозира pайони Турсунзода), пахтакор, ветерани меҳнат, Қахрамони Меҳнати Сотсиалистӣ (1948). Аъзои КПСС аз соли 1943. Иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ. Солҳои 1935— 1942 колхозчӣ, 1946— 1948 сардори звеноӣ пахтакории колхози ба номи В. И. Ленини pайони Регар, 1948—1951 котиби Комитети районии комсомол, 1951—1955 …
Муфассал »Наимии Табрезӣ
Наимии Табрезӣ Фазлуллоҳ ибни Абӯмуҳаммад (1340—1396), шоир ва донишмандӣ форс-тоҷик. Илмҳои замонашро дар Машҳаду Табрез омӯхта, пас ба вилоятҳои Исфаҳон, Хоразму Озарбойҷон ва Нахҷувон сафар карда, бо шоирону адибони ин вилоятҳо ҳамсӯҳбат шудааст. Ба сабаби пайрави тариқати ҳуруфия буданаш рӯҳониён ӯро ба куфру илҳод айбдор намуданд; а тарафи шоҳони темурӣ …
Муфассал »Назъ
Назъ (ар. — ҷонканӣ, ҷудошавӣ), дами марг, нафаси охирин. Аломатҳои Назъ душвор гардидани нафаскашӣ, аз ҳуш рафтан, суст шудани дил, аз кор мондани узвҳои ҳис ва ғайра мебошанд. Назъ аз якчанд дақиқа то якчанд соат давом карда, зоҳиран бо нафаси охирин, аниқтараш кашишхӯрии охирини дил ба итмом мерасад. Назъ ҳолати …
Муфассал »Назрии бадахшӣ
Назрии бадахшӣ (соли таваллуд ва вафоташ номаълум), шоири нимаи дуюми асри 16 тоҷик. Аз зодгоҳаш барои таҳсил ба Мовароуннаҳр омад ва илмҳои замонро омӯхта, шахси фозилу донишманде гардид. Мутрибӣ дар тазкирааш аз илму дониши Назрии Бадахшӣ сухан ронда, чанде дар назди ӯ шогирд буданашро зикр мекунад. Назрии Бадахшӣ дар ҳунари …
Муфассал »Назриев Абдулло
Назриев Абдулло (20. 09. 1930, райони Қалъаихум), ҳофиз ва сарояндаи советии тоҷик. Ҳофизи Халқии РСС Тоҷикистон (1955). Яке аа шогирдони Шариф Ҷӯраев. Солҳои 1949 — 1955 роҳбарӣ дастаи ҳаваскорона санъати хонаи маданияти райони Қалъаихум, 1955—1964 ҳофизи Филармонияи давлатии Тоҷикистон. Соли 1966 ба Театри давлатии опера ва балета ба номи С. Айнӣ …
Муфассал »Назорати халқӣ
Назорати халқӣ системаи назорат дар ИТТИҲОДИ ШӮЪРАВӢ, ки ба он Комитети вазорати халқии ИТТИҲОДИ ШӮЪРАВӢ роҳбарӣ мекунад. Назорати халқӣ аз болои аппарати идоракунии давлатии советӣ ва шахсони мансабдори он, шахсони мансабдори колхозҳо ва дигар ташкилотҳои кооперативию ҷамъиятӣ дар шакли тафтиши муттасили рафти иҷрои планҳои давлатӣ, дуруст ва сарфакорона тақсам намудани …
Муфассал »Назорати тухмӣ
Назорати тухмӣ системаи тадбирҳо оид ба вазорати сифати тухмии зироати хоҷагии қишлоқ дар просесси истеҳсол, нигоҳдорӣ ва ба кишт тайёр кардани он. Дар ИТТИҲОДИ ШӮЪРАВӢ Назорати тухмӣ яке аз қисмҳои асосии системаҳои плании тухмипарварӣ мебошад. Аз тадбирҳои давлатӣ (инспексияҳои давлатӣ оид ба тухмӣ амалӣ менамоянд) ва дохилихоҷагӣ (хоҷагиҳо ва пуяктҳои …
Муфассал »Назорати судя
Назорати судя, фаъолияти мурофиавии судҳо роҷеъ ба қонунӣ ва асоснок будани ҳукмнома, ҳалнома, қарорҳо ва ғайраҳо, ба органҳои судӣ до- дани эзоҳоти дастурӣ доир ба дуруст истифода бурдани қонунгузорӣ ҳангоми дидани корҳои судӣ ва халли баҳсҳои бавуҷудомада дар байни судҳо. Назорати судя ба роҳи дидани қарорҳо аз рӯи шикояти кассатсионӣ …
Муфассал »Назорати санитара
Назорати санитара, ниг. Умури санитарию эпидемиологӣ.
Муфассал »