Маълумоти охирин
Главная / 2017 / May (страница 16)

Архив Месяца: May 2017

Наҷибуддини Самаркандӣ

Наҷибуддини Самаркандӣ Абӯҳомид Муҳаммад ибни Алӣ ибни Умар (соли таваллуд номаълум — вафот 1222), табиб ва олими форс-тоҷик. 8 асари илмиаш маълум буда, аз онҳо «Ағазият-ул- марзо» («Хӯроки беморон»), ки дар бораи парҳез, навъҳои таом ва хусусиятҳои шифобахшии онҳо баҳс мекунад ва «Ал-асбоб ва-л-аломот» («Сабабу аломатҳои беморӣ») дар байни табибони …

Муфассал »

Наҷиби Ҳинду

Наҷиби Ҳинду (соли таваллуд ва вафот номаълум), шоири асри 19. Ҳиндунажод, аз аҳли шаҳри Шоҳиҷаҳонободи Ҳиндустон буд. Ба Бухоро омада, чанде дар ин шаҳр истиқомат намуд. Дар байни аҳли фазлу дониши Бухоро шӯҳрат ёфта, дар Чамъомаду махфилҳои адабӣ иштирок мекард. Наҷиби Ҳинду ашъорашро ба забонҳои ҳиндӣ, пушту ва тоҷикӣ эҷод …

Муфассал »

Наҷиби Фарғонӣ

Наҷиби Фарғонӣ (соли таваллуд ва вафот номаълум), шоири асри 11 форс-тоҷик. Мувофиқи маълумоти сарчашмаҳо Нақиби Фарғонӣ аз шоирони маъруфи дарбори Қарахониён будааст. Забеҳуллоҳи Сафо дар китоби «Таърихи адабиёт дар Эрон» номи Нақиби Фарғониро дар қатори шоирони бузурги он аср — Амъақи Бухороӣ, Ра­шидии Самаркандӣ, Алии Сипеҳрӣ ва дигар зикр намудааст. …

Муфассал »

Шаҳри Ан-Наҷаф

0

Ан-Наҷаф  шаҳрест дар ҷануби Ироқ (муҳофазаи Карбало), дар соҳили рости дарёи Фурот. Аҳолиаш 134 ҳазор нафар (1965). Маркази тиҷоратию нақлиётӣ буда, аз он роҳи Макка ва Мадина мегузарад. Дар нимаи дуюми асри 8 буньёд гардида, аввали асри 11 атрофаш бо девор иҳота карда шудааст. Яке аз шаҳрҳои муқаддаси мусулмонони шиа …

Муфассал »

Наҳрулбадан

1

Наҳрулбадан (ар. — ҷӯи бадан), рагест ғайри ҷаҳанда, ки дар хамаки оринҷ воқеъ аст. Инро раги ҳафтандом ҳам меноманд.

Муфассал »

Наҳр

1

Наҳр (ар. лот. Bridanus), бурҷест дар Нимкураи ҷанубии осмон, ки байни бурҷҳои Савр, Наҳанг, Ку­ра, Симурғ, Шуҷоъ, Соат, Қалам, Арнаб ва Ҷаббор ҷойгир аст. Қадри ситоравии ситораи дурахшонтаринаш— Охируннаҳр (а-ситораи бурҷи Наҳр) ба 1 баробар мебошад. Аз хоки СССР тирамоҳ ва зимистон қисман мушоҳида мешавад.

Муфассал »

Наханг

1

Наханг, моҳиест аз қатори наҳангшаклҳои зерсинфи лавҳағалсамагиҳо. 3 зерқатор дорад: Наҳангҳои хозира, қадима ва шохдор. Дарозии Наҳангҳои ҳозира (Selachoidei) аз 0,5 метр (Наҳанги сиёҳи нешдор) то 20 метр (Наҳанги азимҷусса) аст. Танашон дукмонанд буда, аз ҳар ду тараф 5-тогй (Наҳанги аррабинӣ 6-то) сӯрохии ғалсама доранд. Онҳо пуфакн шиноварӣ надоранд. Дар …

Муфассал »

Нақӯъ

1

Нақӯъ (ар. — меваи хушк), давои хушкест, ки дар оби нӯшиданӣ як шаборӯз тар карда ва баъд молида соф намоянду бо асале, ки дар сирко омехта шуда бошад, ҳамроҳ карда нӯшанд.

Муфассал »

Наққошӣ

1

Наққошӣ (аз ар. — нақшкунанда, суратгар), нақшкашӣ, ҳунари офаридани нақш, маҳсули эҷодии санъаткорони халқӣ ва касбӣ, яке аз намудҳои қадимии санъати амалии халқ. Ёдгориҳои меъморӣ ва бозёфтҳои apxeoлигии  Осиёи Миёна шаҳодат медиҳанд, ки Наққошӣ дар ин ҷо замонҳои қадим ривоҷ ёфтаасг. Инкишофи ҳунарҳои меъморӣ, куло- лӣ, мисгарӣ, заргарӣ, қолинбофӣ ва …

Муфассал »

Наққош

1

Наққош (ар. лот. Pictor, русӣ Живописец), бурҷест дар Нимкураи ҷанубии осмон. Муниртарин ситораи он 3,3 қадри ситоравиро до­рост. Шароити мусоиди мушоҳида моҳи декабр.  Баъзап дар ноҳияҳои ҷанубии СССР ба назар мерасад. Нигаред Осмон.

Муфассал »