Невинномисск шаҳрест дар кишвари Ставрополи РСФСР. Дар ду соҳили дарёи Кубан, дар ҷое, ки ба он дарёи Зеленчуки Калон мерезад, воқеъ гаштааст. Стансияи роҳи оҳан. Аҳолиаш 104 ҳазор нафар (1979). Дар Невинномисск Иттиҳодияи истеҳсолии «Азот», фабрикаи коркарди аввалини пашм, заводҳои таъмири автомобил, дегҳои буғии механикӣ, таъмири шина, электромеханикӣ, равғанкашӣ, шир, …
Муфассал »Архив Месяца: May 2017
Халқи Неварҳо
Неварҳо яке аз халққои қадими Непал. Аҳолии асосии водии Катманду. Шумораи умумиашон 610 ҳазор нафар (1978). Ба забони неварӣ (непал бҳаша) гап мезананд. Аз қадим пайрави буддоия, ҳоло ба буддоия ва ҳиндуия эътиқод доранд. Тарзи зисту зиндагиашон бештар ба оилаи калон асос ёфтааст. Ба тоифаҳо тақсим кардани аҳолӣ давом дорад. …
Муфассал »Дарёи Нева
Нева, дарёест дар вилояти Ленингради РСФСР. Тулаш 74 киллометр, масоҳати ҳавзааш 5000 киллометр. Аз кули Ладога ҷорӣ шуда, ба халичи Фини баҳри Балтика мерезад. Хеле пуроб. Дар поёнобаш ба шохаҳо (асосиаш: Неваи Калон ва Хурд, Невачаи Калон ва Хурд) тақсим шуда, делтаи васееро ҳосил менамояд, ки дар ҷазирҳои он шаҳри …
Муфассал »Шаҳри Небитдоғ
Небитдоғ шаҳрест дар вилояти Красноводски РСС Туркманистон. Дар назди доманаи ҷануби қаторкӯҳи Болхони Калон воқеъ аст. Стансияи роҳи оҳан дар хати Красноводск —Марӣ; аз Набитдоғ то поселкаи ба номи 26 Комиссарони Боку шохаи роҳи оҳан кашида шудааст. Аҳолиаш 69 ҳазор нафар (1978). Небитдоғ маркази саноати истихроҷи нефту газ мебошад. Корхонаҳои …
Муфассал »Шаҳри Неапол
Неапол (Napoli), шаҳрест дар Италияи Ҷанубӣ. Дар соҳили халиҷи Неаполитанияи баҳри Тиррен, дар доманаи вулқони Везувий воқеъ гаштааст. Калонтарин шаҳри вилояти Кампания ва музофоти Неапол. Ақолиаш 1,2 миллион нафар (1975). Якҷоя бо шаҳрчаҳои атрофаш Неаполи Калонро ташкил медиҳад, ки аҳолиаш бештар аз 2 миллион нафар аст. Неапол — маркази муҳими …
Муфассал »Шаҳри Неаполи Скифия
Неаполи Скифия (юн. Neapo- lis — шаҳри нав), шаҳри қадимест, ки дар ҳуҷҷатҳои асри 2 то мелодӣ ва «Географиями Страбон чун яке аз калъаҳои подшоҳони скифҳо дар Қрим зикр гардидааст. Тахмин мекунанд, ки шаҳр дар канори шарқии Симферопол воқеъ шудааст. Неаполи Скифия асрҳои 3 то мелодӣ— 3 мелодӣ маркази давлати …
Муфассал »Ндола
Ндола (Ndola), шаҳрест дар Республикаи Замбия. Аҳолиаш бо атрофи шаҳр 240 ҳазор нафар (1974). Узели роҳи оҳан, маркази минтақаи мисдор ва металлургияи рангаи мамлакат. Аэропорт дорад. Пункти охирини нефтепроводи Доруссалом (Танзания) — Ндола. Дар Ндола заводҳои мисгудозӣ, қанд, истеҳсоли маҳсулоти нефт, корхонаҳои саноати химия ва сабук, инчунин коллеҷи техникӣ, китобхонаи …
Муфассал »Нгуен Хюэ
Нгуен Хюэ(Nguyen Hue) Нгуен ван Хюэ Куанг Чунг, Бак Бинь Выонг (1752, Ветнами Марказӣ — 1792, Тханглаунг, ҳозира Ханой), бародари сеюми хурдии пешвоёни ҷангҳои деҳқонии тэйшонҳо дар Ветнам (1771—1802). Соли 1788 бо номи император Куанг Чунг ҳокими Ветнами Шимолӣ гардид. Соли 1789 ба армияи сулолаи Леи Ветнам ва қӯшунҳои сулолаи …
Муфассал »Нгуён Конг Хоан
Нгуён Конг Хоан (таваллуд 6. 3. 1903, деҳаи Суанкау, музофоти Хын- тиен), нависандаи ветнамӣ. Аъзои Партияи Коммунистии Ветнам (аз соли 1948). Соли 1926 омузишгоҳи педагогиро хатм намудааст; то соли 1945 муаллим буд. Иштирокчии Ҷанги Муқобилати халқи Ветнам (1945—54). Устоди ҳикояҳои хурди ҳачвӣ (маҷмӯаи «Актёр Ты Бен», 1935). Яке аз аввалин …
Муфассал »Нгуён-бинӣ-Кхием
Нгуён-бинӣ-Кхием (1492 — 28. 11. 1586), шоир ва мутафаккири ветнамӣ. Аз оилаи ашроф. Соли 1535 соҳиби дараҷаи баланди илмӣ гардида, ба хидмати салтанати сулолаи Мак дохил шуд. Аз зулму тааддии аъёну ашроф норозигии худро ба шоҳ изҳор намуда, хоҳиш кардааст 18 нафари онҳо ба қатл расонида шаванд, вале ҳукмрони давр …
Муфассал »